Чунин унвон дошт конфронси илмӣ-адабие, ки бахшида ба ёдбуд ва 90 – солагии зодрӯзи нависанда ва рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони СССР, шодравон Қурбон Алӣ Ӯрмонов дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар конфронс эҷодкорону рӯзноманигорон, собиқадорону пайвандон ва аҳли қалам иштирок доштанд.
Нахуст сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” Аминҷон Шарифзода ҳамагонро бо фарорасии баҳори фаррухпай, Рӯзи модар ва Рӯзи матбуоти тоҷик шодбош гуфта, ба ҳамагон саломатию хотирҷамъӣ, бурдборию некномӣ таманно намуд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонзода дар бораи ба тасвиб расидани Қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз 20-уми феврали соли 2026 ва баргузории конфронсро тибқи банди 11-уми қарори мазкур ҷиҳати бузургдошти журналисти варзида Қурбон Алӣ Ӯрмонов далели ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат арзёбӣ намуд.
- Вақте дар бораи нависанда ва рӯзноманигор Қурбон Алӣ Ӯрмонов ибрози андеша мешавад, танҳо овардани китоби пурмуҳтавои “Нимароҳ”, ки солҳои донишҷӯии мо фарогири як повест ва 7-8 ҳикояҳои пурмазмун буду мо онро бо шавқу завқи беандоза мутолиа мекардем, басанда аст, ки шахсияти ин нависандаи маҳбуб муаррифӣ шавад. Баъдтар вақте бо фаъолияти он кас аз наздик ошно гардидем, огоҳ шудам, ки ҳам дар фаъолияти нависандагӣ, ҳам дар риштаи рӯзноманигорӣ хизматҳои арзандаеро анҷом додаанд. Қурбон Алӣ Ӯрмонов дар эҷодиёташон ба масъалаҳои тарбияи инсони нек, мушкилоти он давра, муборизаи инсон бар зидди ҳама гуна мушкилот фикрҳои ҷолиберо баён доштаанд, ки барои имрӯзиён намуна аст, - иброз дошт Тоҷибой Султонзода.
Раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ҷовиди Аштӣ муҳаббати худро нисбат ба аҳли қалам чунин иброз дошт:
Нафаре, ки бо қалам сухан меофарад, воқеан кори азизу муқаддасеро ба ҷо меоварад. Бо гузашти замон ёд кардан аз қаламкаше, ки маҳбуби ҳамагон аст, басо хотирмон буда, мо, ҷавонони солҳои охири 70-ум ва аввали солҳои 80-уми асри гузашта хуштолеътарин ҷавонон будем, ки бо ин шахсияти нотакрор шинос будем. Навиштаҳои ин адибро ҳанӯз дар айёми донишҷӯӣ вақте ки ба таътил меомадем, дар саҳифаҳои рӯзнома мехондем ва баҳраҳо мебардоштем. Нафаре, ки дар журналистика муваффақ аст, дар адабиёт ҳам ба пешравиҳо ноил хоҳад гашт, ки намунаи он Қурбон Алии рӯзноманигору адиб аст.
Маърӯзаи илмии номзади илмҳои филологӣ, муовини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” Сурайё Ҳакимова дар мавзӯи “Шеваи нигориш ва тахайюли эҷодӣ дар повести “Пораи дили ман”-и Қурбон Алӣ” басо шуниданӣ буд:
-Нависанда ва публитист Қурбон Алӣ аз оғози фаъолияти эҷодиаш ба фазои адабии солҳои ҳафтоди асри гузашта бо руҳия ва сабки тоза қадам ниҳод. Ошноӣ бо нигоштаҳои публитистӣ ва бадеии ӯ маълум месозад, ки ӯ бо нигоҳи хос, ҷаҳонбинии фарқкунанда ва тасвири олами зебову рангоранги вижа, дар саҳнаи адабиёт зуҳур кардааст.
Повести “Пораи дили ман” бо бардоштҳои равонӣ, таҳлили ботинии қаҳрамонҳо ва баёни самимии эҳсосот хонандаро ба ҷаҳони маънавии инсон раҳнамун месозад. Асар масъалаҳои муҳими ватандорӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва инсониро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода, аз арзишҳои масъулияти ҷамъиятӣ, оила, меҳру муҳаббат ва рисолати инсонӣ сухан мегӯяд. Метавон гуфт, шеваи нигориш ва тахайюли эҷодии Қурбон Алӣ дар “Пораи дили ман” бо самимият, бадеияти баланд ва таҳлили амиқи равонӣ фарқ карда, мақоми ӯро ҳамчун нависандаи ҷӯянда ва дорои диди тоза собит месозад. Осори ӯ бо андешаи амиқ, ҷустуҷӯҳои пайгиронаи эҷодӣ ва навоварии ҳунарӣ фарқ карда, мақоми хоси ӯро дар фазои адабии замонаш муайян месозад, - гуфт Сурайё Ҳакимова.
Собиқадори матбуот, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Солеҳи Зарифзод хотироти хешро аз лаҳзаҳои бо ҳам будан ва фаъолияти эҷодии Қурбон Алӣ Ӯрмонов ба ёд оварда, аз ҷумла чунин гуфт:
- Қурбон Алӣ аз зумраи шахсиятҳое ба шумор мераванд, ки нотакрору беҳамто ҳастанд. Сухан дар бораи фаъолияти се шуъба: котибот, хоҷагии қишлоқ ва саноат меравад, ки ҳангоми ба фаъолият шуруъ кардани ман амал мекард. Он замон таъбири “устод” гуфтан расм набуд, бинобар он Қурбоналӣ Ӯрмоновро бо ибораи Қурбоналӣ – ако мешинохтему ном мебурдем. Бори аз ҳама вазнини кори редаксия ба дӯши котиби масъул, яъне Қурбоналӣ – ако вогузор буда, аз хоначаи даруни яке аз ҳуҷраҳои барои котибот ҷудошуда ҳамеша овози мошинка мебаромад.
Он кас ҳамеша машғули кор буда, то зарурат набошад, нафаре Қурбоналӣ – акоро дар котибот намедид. Он замон рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод”, ки имрӯз номи “Ҳақиқати Суғд”-ро дорад, ҳафтае панҷ маротиба нашр мешуд. Мо, аҳли эҷод намедонистем, ки котиби масъул кай барои хондану таҳрири ҳамаи мавод вақт меёфтанд.
Ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш, собиқадори матбуот Додохони Эгамзод, духтари Қурбоналӣ Ӯрмонов Зулфия Ашӯрова ва дигарон хотироти хешро дар бораи умри кӯтоҳ, вале пурмазмуни ин адиби номвар гуфта гузаштанд. Дар ҳақиқат, гарчанд нависанда ва рӯзноманигори хушсалиқа Қубоналӣ Ӯрмонов умри тӯлонӣ надид, аммо дар ҳамин фурсати кӯтоҳи зиндагиаш тавонист рисолати эҷодии худро ба шоистагӣ анҷом дода, маҳбуби ҳамагон шавад. Ӯ бо офаридани асарҳои арзишманд дар ганҷинаи фарҳанги миллӣ нақши мондагор гузошт. Мероси адабии ӯ имрӯз низ аҳамияти худро ҳифз намуда, ҳамчун намунаи ҳунари воло ва садоқат ба сухан мавриди қадршиносӣ қарор дорад.
Суруди хушоянди сарояндаи хушовоз Ҳомидбек Ҷӯраев анҷомбахши конфронси илмӣ-адабӣ гардид.
Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




