Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Иқтисодӣ

Маводҳои охирон

  • ҲНИ – сарчашмаи пайдоиши терроризм ва экстремизм
  • Мансабхоҳию курситалошии наҳзатиён!
  • Нест бод-хоинони миллат !
  • Азроил тӯъма ёфтааст?
  • Маркабсонон!
  • Лаънатборон!
  • Аблаҳони аламзада!
  • Боғи баҳил беҳосил!
  • Ҳамдиливу ҳамраъйӣ мебояд!
  • Терроризм – ин хатари ҷаҳони муосир

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
ШАРИФОВА МАВЛУДА
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Садоқат ба истеҳсоли маҳсулот

Информация о материале
Опубликовано: 18 августа 2026
Просмотров: 106

Дар шароити татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар ҳар як корхонаи нави истеҳсолӣ қадами дигаре дар роҳи таҳкими иқтидори иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ маҳсуб меёбад. Дар ин раванд корхонаҳое, ки бо технологияҳои муосир фаъолият намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва содиротӣ рӯ меоранд, аҳамияти хосса доранд.

ҶДММ «Сайр Суғд» аз ҷумлаи чунин корхонаҳост. Ҷамъият бо Қарори Маъмурияти МОИ «Суғд» аз 15 ноябри соли 2023 таҳти №19 ҳамчун субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба қайд гирифта шуда, фаъолияти худро дар самти истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ ба роҳ мондааст.

пурра ...

Қадамҳои устувор дар индустрияи муосир

Информация о материале
Опубликовано: 18 августа 2026
Просмотров: 51

Татбиқи васеи афзалиятҳои стратегӣ дар соҳаи саноаткунонии босуръати кишвар заминаи мусоидро барои рушди корхонаҳои бузурги кӯҳкориву коркарди маъдан фароҳам меорад. Дар ин раванд, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатии вилояти Суғд нақши муҳим бозида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро пайваста афзун мегардонад.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ соҳаи саноати вилоят ба нишондиҳандаҳои назарраси истеҳсолӣ ва иқтисодӣ ноил гардид. Давоми шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 20536,2 миллион сомонӣ расонида шуд. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо назардошти индекси нархҳо баробари 111 фоиз таъмин гардидааст. Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ва афзалиятнок ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд.

Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2026 - ум дар миқёси вилоят 1334 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумора 39 ададро корхонаҳои хизматрасонии саноатӣ ва 1295 ададро корхонаҳои истеҳсолӣ ташкил медиҳанд. Дар корхонаю коргоҳҳои саноатии амалкунанда истеҳсоли 266 намуди маҳсулоти гуногун ба роҳ монда шудааст.

Яке аз пешсафони соҳаи саноат, алалхусус дар самти кӯҳкорӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» мебошад, ки бо ворид намудани технологияҳои нави инноватсионӣ ба нишондиҳандаҳои назарраси иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардидааст. Таърихи бунёд ва ташаккули ин корхонаи азими саноатӣ ба соли 2007 рост меояд. Маҳз дар ҳамон давра дар ҳудуди шаҳраки Зарнисор дар асоси сад фоиз харидорӣ намудани амволи Идораи маъдани Олтин-топкан таҳкурсии ширкат гузошта шуд. Барои таъмин намудани фаъолияти бомаром ва пешрафти истеҳсолот корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, сохтмони фабрикаи бойгардонӣ то нимаи моҳи июни соли 2009 идома ёфт. Марҳилаи нав дар  корхона аз санаи 26 июни соли 2009 оғоз гардид. Бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти аввали фабрикаи бойгардонӣ бо иқтидори 300 ҳазор тонна маъдан дар як сол ба кор андохта шуд. Ин рӯйдод такони ҷиддӣ ба рушди саноати кӯҳкории вилоят бахшид.

Бо мақсади васеъ намудани иқтидорҳо андешидани тадбирҳои созанда аз соли 2020 бо баробари сохтмони 2 сехи иловагӣ иқтидори корхона ба 3 миллион тонна коркарди маъдан дар як сол баробар карда шуд. Корхона дар фаъолияти худ коркарди ашёи хоми маҳаллиро пайваста такмил медиҳад. Намуди аслии фаъолияти ин маҷмаа аз коркарди маъдан ва истеҳсоли консентрати сурб, рӯҳ ва хокаи мис иборат аст.

Бо истифодаи самараноки таҷҳизотҳои муосир ва насби технологияҳои нави инноватсионӣ корхона аз моҳи июни соли 2010 ба фаъолияти пурраи истеҳсолӣ оғоз бахшид ва то имрӯз маҳсулоти баландсифат пешниҳод менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми 6 моҳи соли 2026 дар корхона ба маблағи 2 миллиарду 510,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 151,4 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда 851,9 миллион сомонӣ зиёд гардид. Агар нишондиҳандаҳоро ба таври натуралӣ баррасӣ намоем, дар ин давра истеҳсоли консентрати сурб ба 44,7 ҳазор тонна расид. Ҳамзамон истеҳсоли консентрати рӯҳ 55,4 ҳазор тоннаро ташкил дод. Ҳамчунин истеҳсоли консентрати хокаи мис ба 4,6 ҳазор тонна баробар шуд. Дар маҷмӯъ 104,6 ҳазор тонна консентрат истеҳсол гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 143,9 тонна зиёд мебошад.

Маҳсулоти корхона харидорони худро дар бозори байналмилалӣ низ пайдо кардааст. Содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар мунтазам афзоиш ёфта, дар давраи ҳисоботӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 103 вагон зиёд шуд. Ин рақам аз афзоиши талабот ба маҳсулоти саноатии кишвар дар хориҷ шаҳодат медиҳад.

Аҳамияти корхона дар иқтисодиёти маҳаллӣ, алалхусус шаҳри Гулистон хеле бузург аст. Дар давраи ҳисоботӣ ширкат 73,8 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳрро таъмин намуд, ки ин саҳми назаррас дар рушди минтақа мебошад.

Дар баробари нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, корхонаи мазкур ба масъалаҳои иҷтимоии кормандон ва ташкили ҷойҳои нави корӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Шумораи кормандон дар давоми 6 моҳи соли равон ба 2846 нафар расид. Ин рақам дар муқоиса афзоиш ёфта, 214 нафар зиёд шудааст. Шароити хуби корӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот имкон дод, ки музди маоши миёнаи кормандон низ боло равад. Музди маоши миёна нисбати ҳамин давраи соли гузашта 252 сомонӣ зиёд гардида, ба 5273 сомонӣ баробар шуд.

Имрӯзҳо фаъолияти истеҳсолии корхона мунтазам ва бомаром ба роҳ монда шудааст. Масъулони ширкат ба иҷрои уҳдадориҳои молиявӣ диққати аввалиндараҷа медиҳанд ва корхона аз пардохти андозҳо, аз музди маоши кормандон ва аз истифодаи қувваи барқ ҳеҷ гуна қарз надорад. Пайваста афзудани нишондиҳандаҳо ва таъмини фаъолияти устувори истеҳсолӣ гувоҳи он аст, ки коллективи корхона барои расидан ба ҳадафҳои миллии рушд ва татбиқи пурраи барномаҳои саноаткунонӣ саҳми сазовори худро мегузоранд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки ба истиқболи сазовори ҷашни пуршукӯҳи 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ пешбинӣ шудааст, ки тавассути онҳо беш аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Танҳо мувофиқи нақша дар соли 2026 ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2800 ҷойи корӣ пешбинӣ гардида буд. Дар натиҷаи тадбирҳои пайгирона ва амалии андешидашуда давоми шаш моҳи соли 2026 дар миқёси вилоят 66 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият шурӯъ намуда, 496 ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Вусъати пардохти ғайринақдӣ

Информация о материале
Опубликовано: 17 августа 2026
Просмотров: 20

Дар шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати роҳбарони муассисаҳои молиявии ҳудуди вилоят ва намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нахуст Наврӯз Валиев, мудири шуъбаи минтақавӣ оид ба натиҷаи фаъолият дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ маълумоти муфассал дод. Зикр гардид, ки дар ин давра, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 21 миллиону 188 ҳазор сомонӣ расида, суръати рушд 8 фоизро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ, 11 ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият карда, 108 филиал, 510 маркази хизматрасонӣ ва 11 нуқтаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ хизмат расониданд. Ҳамзамон, 1231 банкомат, 919 терминали пешниҳоди пули нақд ва 1884 терминали худкору худхизматрасон ба аҳолӣ хизмат намуд

-Аз ҷумла, дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 1087 ПОС-терминал ва 10631 QR-рамзи ягона, дар муассисаҳои давлатӣ 1091 ПОС-терминал ва 2338 QR-рамзи ягона пардохти ғайринақдӣ ба роҳ монданд. Шумораи ҳамёнҳои мобилӣ ба 2 миллиону 859,3 ҳазор расида, шумораи кортҳои пардохтӣ 3 миллиону 635,5 ҳазорро ташкил дод,-гуфт Наврӯз Валиев.

Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ, ба суоли хабарнигори рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” дар мавриди 524 адад кам шудани шумораи терминали пешниҳоди пули нақд ва афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ посухҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки бо сабаби кӯҳна шудани як қатор терминали пешниҳоди пули нақд ва иваз намудани онҳо ба терминалҳои худкор, ки якбора чанд функсияро иҷро мекунанд, шумораи онҳо ба таври назаррас коҳиш ёфт. Аммо ин барои гардиши пулӣ нақд ва гирифтани он ягон монеа ворид накард.

Дар мавриди ҳолатҳои қаллобӣ, мудири шуъбаи минтақавӣ зикр кард, ки дар ин давра 382 ҳолати қаллобӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз ин ҳисоб 1 миллиону 193 ҳазор сомонӣ хисорот ворид гардид. Аз ин миқдор, беш аз 226,79 ҳазор сомонӣ зарар барқарор карда шуд.

-Мо барои баланд бардоштани саводнокии моливии аҳолӣ як қатор чорабиниҳои мақсаднок, аз ҷумла фестивали саводнокии молиявӣ баргузор кардем, то онҳо ба доми қаллобони интернетӣ наафтанд. Мо дар ин самт корбариро идома медиҳем, -гуфт ӯ дар фарҷоми нишаст.

Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”

Меҳнати фидокорона баҳри фардои дурахшон

Информация о материале
Опубликовано: 13 августа 2026
Просмотров: 51

Яке аз муқаддасоти Тоҷикистон Истиқлоли миллӣ аст, ки маҳз тавассути он мо кишвари азизи худро аз паҳну парешоншавӣ ҳифз карда, имрӯз бо қадамҳои устувор раҳ ба сӯи фардои дилхоҳу дурахшон пеш мегирем. Воқеан, ин файзу баракати ҳаёти имрӯзаи мардуми азиз аз шарофати ин муқаддасоти бузург аст, ки дар кишвар ҳар пиру барно эҳсос мекунанд.

Ин ҷост, ки мардуми шарафманди мо Истиқлолиятро рамзи тинҷиву оромӣ, хушбахтиву хушнудӣ, сулҳу суботи тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар, умед ба оянда, рушди соҳоти мухталифи Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Ҳамзамон, созандагиву эҷодкорӣ, ободониву бунёдкориро мардум аз шарофати Истиқлоли миллӣ медонанд. Месазад ин ҷо оид ба созандагиву ободкориҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарф зад, ки ҳар яки он ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, аз ҳукмрон будани сулҳу ободӣ дар кишвар дарак медиҳанд.

пурра ...

Афзоиши маҳсулоти саноатӣ

Информация о материале
Опубликовано: 13 августа 2026
Просмотров: 36

Зимни нишасти матуботӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо рӯзноманигорон масъалаҳои марбут ба раванди бунёди хонаҳои баландошёна, ҷалби бахши хусусӣ дар корҳои ободонӣ, хизматрасонии коммуналӣ, татбиқсозии лоиҳаи “Шаҳри бехатар”, вазъи корхонаҳои саноатӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва ғайраро матраҳ сохт.

Тавре таъкид гардид, дар шаш моҳи аввали соли 2026 корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 275,4 миллион сомонӣ ё 26,3 фоиз бештар аст.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда 240 миллион сомонӣ ба содирот рост меояд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда низ афзоиш ёфт. Дар 125 корхона чунин маҳсулот ба маблағи 574,7 миллион сомонӣ истеҳсол шуд.

- Дар раванди рушди соҳаи саноат бо ҷалби беш аз 100 миллион сомонӣ сармоя 18 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои муосир таъсис дода шуд, - гуфт мавсуф.

Гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи аввали сол ҳаҷми сармоягузорӣ ба соҳаи сохтмони шаҳри Хуҷанд 977,9 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 маротиба зиёд шуд. Ҳаҷми корҳои сохтмонию васлкунӣ ба 934,5 миллион сомонӣ расида, 1,9 маротиба афзоиш ёфт.

- Дар доираи корҳои инфрасохторӣ то имрӯз 30 километр роҳҳои шаҳр таъмиру барқарор карда шуданд. Дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиев бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд васеъгардонии роҳ идома дорад. Соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд мумфарш кардани 55 километр роҳҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст ва як қисми ин корҳо аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорон амалӣ мегардад, - иброз дошт раиси шаҳр.

Яке аз самтҳои муҳими ҷалби сармояи хусусӣ ба инфрасохтори шаҳр таҷдиди шабакаҳои корез мебошад. Бино ба иттилои Фирдавс Шарифзода, танҳо барои иваз кардани шабакаи корез дар хиёбони Раҳмон Набиев, ки 2,2 километр дарозӣ дорад, соҳибкорон беш аз 2 миллион доллар сармоягузорӣ карданд.

- Дар самти маориф низ як қатор лоиҳаҳо бо ҷалби бахши хусусӣ амалӣ мешаванд. То имрӯз 12 мактаб азнавсозӣ шуда, як мактаби нав бунёд гардид. Ҳоло сохтмони бинои нави панҷошёнаи Литсейи физикаю математикаи №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ идома дорад. Ҳамзамон, сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7, №11, №14, гимназияи №13 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 идома дорад,- гуфтанд масъулони шаҳрдорӣ.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни нишаст таъкид кард, ки дар баробари натиҷаҳои бадастомада дар соҳаҳои хоҷагии шаҳр масъалаҳои ҳалталаб низ боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти шаҳр барои ҳалли ин масъалаҳо аз имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла ҷалби бештари бахши хусусӣ ба рушди инфрасохтор истифода хоҳанд кард.

 Файзуллохон ОБИДОВ,

"Ҳақиқати Суғд"

  1. Ҷамъоварии 99 фоизи пардохтҳо
  2. Ҳадафи миллӣ дар амал
  3. Рамзи рушди саноат ва тавоноии занони тоҷик
  4. Иҷрои нақшаҳои ҷашнӣ

Страница 1 из 6

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.