Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Иқтисодӣ

Маводҳои охирон

  • Иғвогарии ТЭ «Гуруҳи 24» дар фазои маҷозӣ
  • Салафия душмани давлатҳои демократӣ
  • Дар ҳифзи Ватан устувор бошем
  • Пешгирии иттилооти ғайриэкологӣ дар замони муосир
  • Бани одам аъзои якдигаранд…
  • Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм
  • Баъзе андешаҳо оид ба мафҳум ва мазмуни ватандўстӣ  ва худшиносии миллӣ
  • Терроризм ва экстремизм: хатар ба амнияти ҷомеа
  • Ояндаро бе терроризм бунёд намоем!
  • Амният ва ободии Ватан

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
ШАРИФОВА МАВЛУДА
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Натиҷаҳои фаъолияти фурудгоҳ

Информация о материале
Опубликовано: 11 августа 2026
Просмотров: 41

Дар толори ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” нишасти матбуотӣ баргузор гардид.  Зимни нишаст  аз натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026-ум иттилоъ доданд.  Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ   даромади  молиявии фурудгоҳ ба беш аз 71 миллион сомонӣ расидааст. Соли гузашта даромади фурудгоҳ  ба  83 миллион сомонӣ расида буд. 

Директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” Қурбони Алимардон  сабаби  кам шудани даромадро   ба  коҳиши шумораи парвозҳо, кам шудани  мусофирон ва тағйир  ёфтани ҳаҷми хизматрасонӣ   рабт намуд. 

Бо вуҷуди ин, фурудгоҳ фаъолияти худро бо натиҷаи мусбат ҷамъбаст кардааст. Ҳаҷми фоида ба 18 миллиону 764 ҳазору 820 сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 31,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон, бо вуҷуди коҳиши умумии шумораи мусофирон, дар самти хатсайрҳои байналмилалӣ баъзе тағйироти мусбат ба назар мерасад.  Дар шаш моҳи соли 2026-ум шумораи мусофирони хатсайрҳои байналмилалӣ 67 ҳазору 030 нафар буда,  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ҳазору 542 нафар зиёд мебошанд.

Масъалаи дигари баррасишуда дар нишасти матбуотӣ ин музди меҳнати кормандон ва қарзҳои дебиторӣ ва кредитории фурудгоҳ буд. Тибқи иттилои роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”, дар шаш моҳи соли 2026 фурудгоҳ ба буҷети давлат 8 миллиону 315 ҳазору 598 сомонӣ маблағи андоз пардохт шудааст. 

Ҳамзамон, то 30 июни соли 2026 ҳаҷми қарзҳои дебитории фурудгоҳ 59 миллиону 388 ҳазору 391 сомонӣ ва қарзҳои кредиторӣ 32 миллиону 170 ҳазору 566 сомониро ташкил додааст.

Дар идома гуфта шуд, ки музди меҳнати ҳисобшудаи  кормандони ҷамъият ба  17 миллиону 556 ҳазору 540 сомонӣ расидааст. Шумораи миёнаи кормандони  фурудгоҳ  731 нафарро ташкил дода, музди миёнаи меҳнат дар ин давра 3 ҳазору 830 сомонӣ ҳисоб шудааст. Соли гузашта шумораи кормандон  809 нафар буда, музди маош низ 4 ҳазору 420 сомониро ташкил медод. 

Дар нишасти матбуотӣ дигар масъалаву  самтҳои фурудгоҳ  баррасӣ  гардида, намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Манзура БАХТИЁРЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Фаъолияти низомманди сохторҳои молиявӣ

Информация о материале
Опубликовано: 10 августа 2026
Просмотров: 59

- Нимсолаи якуми соли 2026 имкон дод, ки нишондиҳандаҳои асосии иқтисодию буҷетӣ бо суръати афзоиши назаррас таъмин гардида, заминаи устувори рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ гузошта шавад. Мутобиқи маълумоти омори давлатӣ дар моҳҳои январ ва июни соли 2026 нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди вилоят ба 21188 миллион сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108 дарсад баробар гардида, ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 25,9 дарсадро ташкил дод. Ин рушд асосан аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11 дарсад, маҳсулоти кишоварзӣ ба миқдори 10,2 дарсад, гардиши савдои чакана ба андозаи 19,5 дарсад, хизматрасониҳои пулакӣ ба андозаи 6,8 дарсад, гардиши савдои хориҷӣ ба миқдори 35,2 дарсад ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба андозаи 46,4 дарсад даст дод, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Анвар Мирзозода. 

Доир ба иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ин давра ба андозаи 106,3 дарсад таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 4284 миллион сомонӣ ворид карда шуд.

пурра ...

Бунёдкориҳо бар ивази меҳнати софдилона

Информация о материале
Опубликовано: 10 августа 2026
Просмотров: 78

- Сокинони хушиқболу саодатманди ноҳияи Мастчоҳ аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид ва сафари кории Пешвои муаззами миллат ба ноҳияи Мастчоҳ, таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии “Наврӯз-2026” таҳти унвони “Наврӯзи Шоҳнома”  қудрату нерӯ ва руҳу илҳоми тоза гирифта, бо фаъолияти софдилона давоми нимсолаи аввали соли 2026 ба як қатор пешравиҳо ноил гардиданд ва дар ин замина ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои созандагию бунёдкориро ба роҳ монда, сохтмон ва таъмиру тармими 735 иншоотро ба нақша гирифтаанд, - иброз дошт муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ Шермуҳаммад Нодирӣ.

Ин нукта дар нишасти матбуотие, ки бо рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ пас аз анҷоми корвони журналистон сурат гирифт, зикр гардид.

Қайд бояд кард, корхонаҳои саноатии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2026 ба маблағи 152 миллиону 792 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 39 миллиону 180 ҳазору 400 сомонӣ зиёд буда, 131,3 фоизро дар бар мегирад. Корхонаҳои саноатӣ дар ин давра дар шакли асл 127,3 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 239,1 тонна маҳсулоти ширӣ, 68700  тонна семент, 2206,3 метри мураббаъ маҳсулот аз пластикаи физилӣ, 1 миллиону 454,8 ҳазор дона маҳсулоти пластмассӣ истеҳсол намуданд.

Агар дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия ба миқдори 407755 ниҳоли сояафкану мевадиҳанда ва гулу бутта шинонда шуда бошад, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ барои ҳосили соли 2026 дар майдони 21763,9 гектар кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки аз он дар бахшҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ дар майдони 3187 гектарашро ғалладонагиҳо, 10391,4 гектар пахта, 2569 гектар зироатҳои равғандор,   3187 гектар картошка, 56 гектар сабзавот, 1731 гектар полезӣ ва 5524 гектар зироатҳои хӯроки чорво ташкил медиҳанд.

Зикр бояд дошт, ки дар ноҳия 48 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 литсей бо фарогирии 32606 хонанда, аз ҷумла 15914 духтар фаъолият дошта, 1855 омӯзгор ба шогирдон сабақ медиҳанд.

- Боиси хурсандиву сарфарозист, ки соли 2025 хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия Умеда Шарифова дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба гирифтани мақоми баландтарин – шоҳҷоиза мушарраф гардида, шарафи аҳли дабистону ноҳияро баланд бардошт. Давоми нимсолаи якуми соли 2026 бошад, дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ 18 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия ғолибият ба даст оварда, ба гирифтани ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 1 ҷойи аввал, 1 ҷойи дуввум ва 16 ҷойи сеюм мушарраф гардиданд. Ҳамчунин, 318 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои байналмилалии фосилавӣ иштирок намуда, соҳиби 180 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 47 ҷойи якум, 63 ҷойи дуюм ва 70 ҷойи сеюм гардиданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110 ҷой зиёд мебошад.

Суолу ҷавоби намояндагони васоити ахбори омма бо масъулин анҷомбахши нишасти матбуотӣ гардид.

Шоира САЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Афзоиши даромади буҷет

Информация о материале
Опубликовано: 10 августа 2026
Просмотров: 49

Дар нимсолаи аввали соли 2026-ум  Раёати  андози вилояти Суғд нақшаи  ҷамъоварии андозҳоро бо натиҷаи 106,3  фоиз иҷро намуданд.  Дар шаш моҳи соли равон ба буҷети  давлат ба миқдори  4 миллиарду  282,9 миллион сомонӣ  маблағ ворид шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 796, 9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора сардори  Раёсати андози вилояти Суғд  Абдуқаюм Воҳидзода  зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Яке аз омилҳои асосии афзоиши даромади буҷети давлатӣ  ин рушди соҳаҳои иқтисодии вилоят мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 111 фоиз, кишоварзӣ ба 110,2 фоиз, гардиши савдои чакана ба 119,5 фоиз, савдои хориҷӣ ба 135,2 фоиз ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 146,4 фоиз расидааст. Маҳз рушди ин соҳаҳо ба васеъ гардидани манбаъҳои андоз мусоидат менамояд.

Дар нишаст инчунин масъалаи қарзи андоз мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба ҳолати 1 июли соли 2026-ум  бақияи қарзи андоз  295,8 миллион сомонӣ буда,  нисбат ба аввали сол 25 миллион сомонӣ кам шудааст. Барои рӯёнидани қарз мақомоти андоз нисбати 3280 андозсупорандаи қарздор 4155 қарор қабул намуда, дар натиҷа 118 миллион сомонӣ ба буҷет  ворид гардидааст.

Самти дигари фаъолияти мақомоти андоз рақамикунонии хизматрасонӣ мебошад. Айни замон барои шаҳрвандон ва соҳибкорон зиёда аз 50 намуди хизматрасонии электронӣ дастрас буда, қисми зиёди хизматҳо ба таври фосилавӣ пешниҳод мешаванд. Ҳамчунин дар вилоят 12 ҳазору 340 дастгоҳи назорати хазинавии насли нав мавриди истифода қарор дорад, ки ба шаффофияти муомилоти молиявӣ мусоидат мекунад.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ рушди соҳибкорӣ низ идома ёфт. Тибқи маълумоти Раёсати андоз, дар ин давра 8764 субъекти нави хоҷагидор ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 980 адад зиёд мебошад. То 1-уми июли соли 2026-ум шумораи умумии субъектҳои ба қайдгирифташуда дар вилояти Суғд ба 135 ҳазору 859 адад расидааст.

Дар идомаи нишаст иҷораи амволи ғайриманқул низ баррасӣ гардид. Тибқи иттилои мудири бахши маъмурикунонии андозҳои шахсони воқеии Раёсати андоз дар вилояти Суғд Қурбонбой Нурматов  то моҳи июни соли 2026-ум дар шаҳри Хуҷанд 522 иҷорадиҳандаи манзил дар қайди мақомоти андоз қарор дошта,  дар нимсолаи аввал боз 92 нафар ба қайд гирифта шудаанд.

Бояд ёдрас намоем, ки бо зиёд шудани талабот ба манзили иҷора, бахусус дар арафаи оғози соли таҳсил, масъалаи дастрасии хонаҳои иҷора барои донишҷӯён ва оилаҳои ҷавон аҳамияти бештар пайдо мекунад. Аз ин рӯ, омӯзиши вазъи бозори иҷора ва таъмини шаффофияти фаъолияти иҷорадиҳандагон яке аз масъалаҳое мебошад, ки дар баробари рушди иқтисодӣ таваҷҷуҳи бештарро талаб мекунад.

Натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2026 аз рушди устувори низоми андоз дар вилояти Суғд шаҳодат медиҳанд. Афзоиши даромади буҷет, коҳиши қарзи андоз ва тавсеаи хизматрасониҳои электронӣ аз дастовардҳои муҳими соҳа арзёбӣ гардида, идомаи рақамикунонӣ ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ аз вазифаҳои асосии минбаъда боқӣ мемонанд.

Манзура  БАХТИЁРЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

МОИ «Брест» ҳамкориро бо МОИ «Суғд» густариш медиҳад

Информация о материале
Опубликовано: 07 августа 2026
Просмотров: 80

Ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ омили муҳими рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор мераванд. Сармоягузории хориҷӣ, табодули таҷриба ва ташкили корхонаҳои муштарак барои афзоиши иқтидори содиротӣ ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар ин самт, санадҳои нав ба таҳкими муносибатҳои иқтисодии кишвар такони ҷиддӣ мебахшанд.

Минтақаҳои озоди иқтисодии «Брест» - Ҷумҳурии Беларус ва «Суғд» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми июли соли 2026 созишнома оид ба ҳамкориро ба имзо расониданд. Тавре хабар дода мешавад, ҳуҷҷати мазкурро муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ «Брест» Александр Шукайло ва роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Муҳаммадзода Муҳаммад Султон пас аз анҷоми ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Беларусу Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расониданд.

пурра ...

  1. Нишондоди барзиёд
  2. Кэшбек-воситаи ҳавасмандгардонии муштариён
  3. Саноат ва сайёҳӣ-ду пояи устувори рушд
  4. Ҷойҳои корӣ зиёд шудаанд

Страница 2 из 6

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.