Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Иқтисодӣ

Маводҳои охирон

  • Туҳмати навбатии хоинони миллат
  • Тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ
  • Илму маърифат – наҷот аз гумроҳӣ
  • Сиёсатзадаҳои Амрикову Аврупо
  • Ҳарзагӯии паймоншиканон
  • Паймони миллӣ эътирозҳои беасос доранд
  • Хиёнат ба сулҳу оштӣ
  • Таъмини амният вазифаи мост!
  • Хатари падидаҳои манфӣ ба осудагиву субот
  • Дар назди қонун ҳама баробар

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
ШАРИФОВА МАВЛУДА
КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Вазъи таъминот ва афзоиши талабот

Информация о материале
Опубликовано: 20 июля 2026
Просмотров: 100

Дар ҷаҳони муосир нафт ва маҳсулоти аз он ҳосилшаванда нақши калидиро дар таъмини фаъолияти муътадили иқтисодиёт ва соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мебозанд.

Рушди босуръати саноат, афзоиши шумораи воситаҳои нақлиёт ва ниёзҳои рӯзмарраи аҳолӣ талаботро ба сӯзишворӣ ба таври бесобиқа зиёд кардааст. Имрӯзҳо таъминоти устувор бо захираҳои энергетикӣ яке аз омилҳои асосии амнияти иқтисодии ҳар як кишвар маҳсуб меёбад ва вобастагии зиёд аз воридоти маҳсулоти нафтӣ метавонад ба бозори дохилӣ таъсири ҷиддӣ расонад. Бо назардошти ин вазъ, омӯзиши захираҳои дохилӣ ва ба роҳ мондани истихроҷу коркарди самарабахши нафт аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад.

пурра ...

Шаҳсутуни рушди иқтисодӣ

Информация о материале
Опубликовано: 25 июня 2026
Просмотров: 101

Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон бузургтарин ва азизтарин неъмат ба шумор мераванд. Танҳо дар фазои оромӣ ва якдигарфаҳмии комил метавон ба ҳадафҳои бузурги бунёдкорӣ расид. Маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд. Дар ин раванд вилояти Суғд ҳамчун яке аз минтақаҳои пешбаранда ва тавлидкунандаи асосии маҳсулоти саноатии мамлакат нақши калидӣ мебозад. 

Афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ мустақиман ба мавҷудияти суботу амният вобаста аст. Сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ танҳо ба минтақае маблағ мегузоранд, ки дар он ҷо қонун волоият дошта бошад ва оромӣ ҳукмфармо бошад. Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон ва махсусан барои вилояти Суғд заминаи мусоиди ҳуқуқию иҷтимоиро фароҳам овард. Дар натиҷаи ин амнияти пойдор тайи солҳои охир ба иқтисодиёти вилоят садҳо миллион доллар сармояи мустақим ворид шуд. Ин маблағҳо барои бунёди корхонаҳои нав ва ворид намудани технологияҳои муосир нигаронида шудаанд. Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо корхонаҳои муштарак бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон фаъолият доранд, ки маҳсулоти онҳо рақобатпазир мебошад.

пурра ...

Дашту дамани кишвари ман боби тамошо

Информация о материале
Опубликовано: 15 июня 2026
Просмотров: 122

Шаҳраки Сирдарё дар даромадгоҳи шаҳри Гулистон воқеъ буда, баробари ба он ворид гардидан як мавзеи ободу зебо ва гулфишонро мебинӣ. Бори нахуст нимаи солҳои ҳаштодум ва бори дуюм дар даҳаи якуми соҳибистиқлолии кишвар рафта будем. Ва чанде пеш бо масъалаи корӣ боз ба ин шаҳраки зебо ва мардумаш меҳмондӯст қадам ниҳодам. Эҳсос мешавад, ки шаҳрак ба ҷашни бузурги миллӣ – 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони офтобӣ ҳамаҷониба омодагӣ дорад. Диёри зебоманзарро дидаму мисраеро замзама намудам: “Дашту дамани кишвари ман боби тамошо...”

Моро дар назди мақомоти маҳаллӣ бонуи қоматбаланду хирадпеша бо чеҳраи кушод истиқболамон гирифт. Аммо аз симояш аён буд, ки ташвишҳои зиёде дорад. Баробари ба утоқи кориаш ворид гардидан паси ҳам занги телефон намегузошт, ки раиса ҳамроҳи мо суҳбат орояд.

пурра ...

Фарҳанги пасандозгузорӣ рушд мекунад

Информация о материале
Опубликовано: 10 июня 2026
Просмотров: 136

Дар доираи татбиқи “Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026 таҳти №75 тасдиқ гардидааст, таҷрибаи зиндагии як сокини кишварро мавриди таваҷҷуҳ қарор додем. Саргузашти ӯ нишон медиҳад, ки саводнокии молиявӣ ва банақшагирии дурусти маблағҳо метавонанд дар таъмини суботи иқтисодии оила ва ояндаи фарзандон нақши муҳим дошта бошанд.

Муҳиддин Сулаймонӣ, падари се фарзанд, чанд сол боз барои фарзандонаш дар яке аз бонкҳои кишвар пасандоз мегузорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ин иқдом таъмини шароити беҳтари таҳсил ва дастгирии фарзандон дар оянда мебошад.

пурра ...

Самараи Истиқлол дар ҳар қадам

Информация о материале
Опубликовано: 10 июня 2026
Просмотров: 110

Ин навбат рӯзноманигорон дар доираи лоиҳаи Корвони журналистон таҳти унвони “Суғд дар 35 соли Истиқлолият" ба ноҳияи Зафаробод расиданд. Онҳо ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия шинос шуда, бо фаъолону масъулони  арсаҳои гуногун, ки ба таври шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд, ҳамсуҳбат шуданд. Тавре мушоҳида гардид, дар минтақа омодагӣ ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ дар сатҳи баланд идома дорад. Интизор меравад, ки дар ноҳияи Зафаробод барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 590 иншоот таъмиру бунёд мегардад. Бино ба маълумоти ҷорӣ, имрӯз 610 иншоот ё 103, 4 фоиз сохта ба истифода дода шуданд. 

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 

Тавре масъулони соҳаи кишоварзӣ зимни вохӯрӣ бо намояндагони ВАО иттилоъ доданд, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар семоҳаи якуми соли 2026 ба 60 миллиону 967 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 6 миллиону 769 ҳазор сомонӣ афзудааст.

- Соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Зафаробод кишти зироатҳо дар майдони 28 ҳазору 989 гектар ба нақша гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 18 ҳазору 291 гектар кишти баҳорӣ мебошад, ки қисмати асосии он ба пахта рост меояд. Ҳамзамон, дар майдони зиёда аз 6200 гектар ғалладонагиҳо кишт шудааст, ки аз он 2500 гектар гандум мебошад. 

Беш аз се сол аст, дар деҳаи Заррези Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод  боғи суперинтенсивии Кооперативи тиҷоратии  "Саховати Куруш" сабз асту ҳосили дилхоҳ медиҳад. Дар соли сипарӣ аз ин боғи намуди муосир зиёда аз 30 тонна ҳосил ба даст оварданд.

- Дар маҷмӯъ, дар масоҳати 25 гектар замин ниҳолҳои себ ва гелос парвариш мекунем. Имсол соли сеюм аст, ки ниҳолҳо ҳосил медиҳанд. Соли равон дар масоҳати ду гектар гелоси навъҳои “Гигант ред” ва  “Свит харт” шинонидем, ки нашъунамои хуб дорад. Ин навъи ниҳолҳо  ба  шароити боғи суперинтенсивӣ мувофиқ буда, меваи хуштаъму хушнамуд медиҳад, - гуфт роҳбари кооператив Шӯҳрат Гадоев.

Боз дар Кооперативи тиҷоратии "Саховати Куруш" дар масоҳати 2 гектар замин харбузаи навъи "амирӣ" кишт шудааст. Тавре масъулон гуфтанд, ин хели растании палакӣ ба обу ҳавои маҳаллӣ мутобиқ буда, ҳосилаш ширину хушбӯй ва сероб аст. Боғдорон интизор доранд, ки аллакай, дар охири моҳи июл аввалин ҳосилро ғунучин кунанд.

Тавре зикр гардид, кишоварзони ноҳия соли сипаришуда дар майдони зиёда аз 700 гектар полезиҳо кишт карданд. Онҳо ҳосили хуб рӯёнида, харбузаву тарбузи номии Зафарободро ба бозорҳои дохилӣ ва беруна бароварданд.

Марҳалаи нави рушди соҳаи саноат

Дар баробари рушди бахшҳои кишоварзӣ дар ноҳия соҳаи саноат низ дар марҳилаи нави рушд қарор дорад. Нишондиҳандаҳои иқтисодии семоҳаи аввали соли 2026 аз он шаҳодат медиҳанд, ки иқтидори истеҳсолии ноҳия тадриҷан афзоиш ёфта, саҳми корхонаҳои саноатӣ дар таъмини бозори дохилӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бештар мегардад. Дар семоҳаи аввали соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба 57,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 миллион сомонӣ ё 17,2 фоиз зиёд мебошад.

- Дар ин давра истеҳсоли нахи пахта 113,4 фоиз, равғани растанӣ 118,6, дару тирезаҳои алюминӣ 439,9 ва чигит 101,3фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар истеҳсол шудааст, - иттилоъ доданд масъулин.

Масалан, дар рушди саноати ноҳия саҳми корхонаи ҶДММ “Кони ганҷ” назаррас аст. Корхона соли 2023 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта, ба коркарди пахта, истеҳсоли равғани чигит ва хӯроки чорво машғул мебошад.

- Дар коргоҳ қабул ва коркарди пахта мавсимӣ буда, ҳар сол то сеюним ҳазор тонна пахта захира мекунем. Соли гузашта 3 ҳазору 706 тонна пахта қабул намудем. Аз чигити пахта равған истеҳсол карда, инчунин, маҳсулоти кунҷораро ба бозор пешниҳод мекунем. Корхона бо деҳқонон, ки дар зиёда аз 800 гектар замин бо кишти пахта машғуланд, шартнома баста, онҳоро бо тухмӣ, нуриҳои минералӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин мекунад. Ҳар сол барои сармоягузорӣ ва дастгирии хоҷагиҳо то  2 миллион сомонӣ маблағ равона мешавад. Дар ҳар мавсими коркарди пахта зиёда аз 40-50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, маоши онҳо аз се то сеюним ҳазор сомониро ташкил медиҳад, -  афзуд Баҳодур Ҳоҷибоев шахси масъули коргоҳ.

Дар таъмини бозори ноҳия бо маҳсулоти ғизоӣ саҳми ҶДММ “Шири Зафаробод” низ назаррас аст. Корхона дар назди ҶСП “Комбинати шири Душанбе” фаъолият дошта, 11 номгӯи маҳсулоти ширӣ истеҳсол мекунад.

- Шир пеш аз ворид шудан ба истеҳсолот аз ташхиси лабораторӣ мегузарад. Дар як шабонарӯз аз 200 то 300 литр маҳсулоти тайёр барои сокинони ноҳия истеҳсол намуда, қисми дигарро ҳамчун маҳсулоти нимтайёр ба шаҳри Душанбе ирсол мекунем. Дар корхона ҳар рӯз то ду тонна шир қабул ва коркард мешавад. Имрӯз 11 нафар сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла, занони хонашин, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Риояи меъёрҳои санитарӣ ва сифати маҳсулот барои мо авлавият дорад, - иброз дошт сармутахассиси коргоҳ Иззатшо Ғайратшоев.

Тарве иттилоъ доданд, ба ҳолати 1-уми апрели соли 2026 дар ноҳияи Зафаробод 6581 субъекти хоҷагидор фаъолият менамояд, ки аз ин 6187 соҳибкорони инфиродӣ ва 394 нафарро шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 96,7 миллион сомонӣ баробар аст. Ҳаҷми содирот 14,4 миллион сомониро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2025 13, 8 миллион кам гардидааст.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фаъолияти босуботи корхонаҳои истеҳсолӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии ноҳия заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Таваҷҷуҳи рӯзафзун ба таълиму тарбия

Дар баробари рушди соҳаҳои болозикр дар ноҳияи Зафаробод ба соҳаҳои маориф, фарҳанг ва варзиш низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Имрӯзҳо муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангии ноҳия дар роҳи баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати ҷавонон нақши муҳим мебозад. Дар ҳоли ҳозир дар ноҳия 32 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 18 ҳазору 100 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба таълиму тарбияи онҳо 1114 нафар омӯзгор машғул буда, аз ин шумора 803 нафарро зан ташкил медиҳад.

Яке аз муассисаҳои пешқадами ноҳия МТМУ №1 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба шумор меравад. Тавре директори муассиса Гавҳар Бобозода иттилоъ дод, имрӯз дар ин даргоҳ 1920 нафар хонанда бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳсил мекунанд.

- Дар муассиса зиёда аз 100 нафар омӯзгор фаъолият доранд. Дастовардҳои хонандагони муассиса низ қобили таваҷҷуҳ аст.

Асалмо Амонзода, хонандаи синфи 6-ум соли 2022 дар даври ҷумҳуриявии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” соҳиби ҷойи аввал гардида буд. Ҳамчунин, Азиза Аминова, хонандаи синфи 5-ум дар номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур сазовори ҷойи дуюм шуд, - гуфт роҳбари муассиса.

Духтаракон низ зимни суҳбат бо рӯзноманигорон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории чунин озмуни пурнуфуз ва ба муаллимаи азизашон Маҳбуба Абдураҳмонзода барои роҳнамоӣ дар мутолиа изҳори сипос карданд.

Фарогирии кӯдакони сини томактабӣ ба кӯдакистонҳо низ марҳала ба марҳала зиёд мешавад. Айни замон дар 7 муассисаи томактабии ноҳия 1390 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

- Масалан, дар кӯдакистони «Парасту» 182 нафар кӯдак тарбия мегирад. Дар муассиса шаш гурӯҳ фаъолият дошта, ба тарбияи кӯдакон 6 мураббӣ ва ёварони онҳо машғуланд. Ҳамзамон, дар назди 24 муассисаи таълимӣ 1064 нафар кӯдакони синни 5-6-сола ба марказҳои инкишофи кӯдак ҷалб шудаанд, - гуфт мудири ин  кӯдакистон Мусанад Файёзова.

Вазъи соҳаи фарҳанг ва ҷалби ҷавонон ба варзиш

Дар ноҳияи Зафаробод 26 муассисаи фарҳангӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Ба ин шумора 6 хонаи фарҳанг, се клуб, китобхонаҳои марказӣ ва деҳотӣ, осорхона, Боғи фарҳангию фароғатӣ ва Мактаби санъати бачагона дохил мешавад. Дар 14 китобхонаи ноҳия беш аз 105 ҳазор нусха китоб нигоҳдорӣ мешавад. Аз ин миқдор 42,1 ҳазор нусха бо забони давлатӣ, 44,8 ҳазор нусха бо забони русӣ ва 18,5 ҳазор нусха бо дигар забонҳо мебошанд.

Имрӯз ҷавонон қисми асосии аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд. Теъдоди онҳо ба 33 ҳазору 51 нафар расида, аз ин шумора 14 ҳазору 600 нафарро духтар ташкил медиҳад.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ноҳия 1 мактаби варзишӣ, 2 варзишгоҳи калон, 52 майдончаи варзишӣ, 21 толори варзишӣ ва 1 ҳавзи шиноварӣ амал менамоянд.

- Боиси сарфарозист, ки дар 5 моҳи соли ҷорӣ варзишгарони ноҳияи Зафаробод дар чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби 77 медали тилло, 54 медали нуқра ва 71 медали биринҷӣ гардиданд. Баҳри оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим баргузории мусобиқаҳои ноҳиявӣ аз рўи намудҳои футбол, муҳорибаҳои тан ба тан, шоҳмоту шашка, тенниси рўи миз ва волейбол миёни варзишгарони касбӣ ва дўстдорони он ба ҳукми анъана даромадааст, - гуфт мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Заррина Зулфиқорзода.

Соҳаи сайёҳӣ низ тадриҷан рушд мекунад. Дар ноҳия ҳафт иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхона, ёдгориҳои таърихӣ ва панҷ тарабхона фаъолият доранд.

Омодагӣ ба зимистон - кафили фаъолияти мунтазам

Бо мақсади таъмини фаъолияти бонизоми муассисаҳо дар мавсими сармо захираҳои зарурӣ пешакӣ омода карда шуданд. Барои муассисаҳои соҳаи маориф 380 тонна ангишт ва 250 метри мукааб ҳезум, барои муассисаҳои тандурустӣ 35 тонна ангишт, 19,6 метри мукааб ҳезум ва 600 литр сӯзишвории дизелӣ захира гардид.

Барои муассисаҳои фарҳангӣ ҳашт тонна ангишт ва 12 метри мукааб ҳезум, инчунин,барои муассисаҳои роҳдорӣ 260 метри мукааб маводи зиддилағжиш, 10 метри мукааб ҳезум, се тонна ангишт ва 1300 литр сӯзишвории дизелӣ омода карда шуда, дар мавсими зимистон самаранок истифода гардиданд.

Арҷгузорӣ ба хидматҳои Қаҳрамони миллат

Рӯзноманигорони вилоят бо ташаббуси масъулини Мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод зери пояи муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ гулчанбар гузоштанд.

Ин муҷассама дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия, ки ба номи устод Айнӣ гузошта шудааст, ҷойгир буда, соли 2019 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтааст.

Имрӯз ин макон ба яке аз марказҳои муҳими баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯриҳо ва ҷашнҳо табдил ёфта, дар тарбияи маънавии сокинон нақши муассир мегузорад.

 

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

  1. Хуҷанд дар масири саноатикунонӣ
  2. Умеди мо, муҳаббати мо дар Ватан шукуфт...
  3. Содироти маҳсулот вусъат меёбад
  4. Афзоиши истеҳсолоти ватанӣ

Страница 3 из 5

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.