- Информация о материале
- Просмотров: 144
Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон
Салим Бобоҷонов як тан аз сокини Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар маҳалли зисти онҳо аз соли 2015 боз ҳисобкунакҳои барқии ҳушманд насб гардидааст. Он замон ба онҳо фаҳмонида буданд, ки роҳи аслии коҳиши талафоти неруи барқ дар насби чунин ҳисобкунакҳои рақамӣ ва гузариш ба низоми биллингӣ мебошад. Инак, 11 сол мешавад, ки шаҳрвандон аз рӯйи кори ин низом маблағи истифодаи неруи барқро саривақт месупоранд. Тайи чанд муддат аст, ки Салим Бобоҷонов аз кори ҳисобкунаки барқӣ чандон қонеъ нест. Бино ба қавли вай, дар фасли тирамоҳу зимистон пардохти маблағи истифодаи барқ якбора чанд баробар зиёд мешавад.
- Информация о материале
- Просмотров: 171
Рушди соҳаи саноат дар кишвар яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба шумор рафта, бунёди корхонаҳои нав ва ворид намудани технологияҳои муосир ба афзоиши иқтидори содиротии мамлакат мусоидат менамояд. Имрӯзҳо дар ҷамоатҳои деҳоти кишвар корхонаҳои бузургу миёна бо нишондиҳандаҳои назаррас фаъолият доранд.
Дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри бостонии Истаравшан имрӯз на танҳо ҳамчун гаҳвораи ҳунарҳои мардумӣ, балки ҳамчун яке аз қутбҳои муҳими саноатии кишвар шинохта мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати рушди соҳаи саноат ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз ҳисоби баистифодадиҳии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ тадбирҳои судманд андешида истодааст.
- Информация о материале
- Просмотров: 170
Рушди босуръати сохтмони иншооти гуногун дар кишвар, пеш аз ҳама, ба фаъолияти корхонаҳои ватанӣ вобаста аст, ки бо истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғуланд. Маҳз чунин корхонаҳо метавонанд вобастагии бозори дохилиро аз воридот коҳиш дода, ҳамзамон ҷойҳои нави корӣ ва арзиши иловагии иқтисодӣ эҷод намоянд. Яке аз намунаҳои равшани чунин раванд ҶДММ «Хишти муосири аълосифат» мебошад, ки фаъолияти он дар шаҳри Бӯстон ба як унсури муҳими рушди саноатӣ табдил ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки 13 – уми июли соли гузашта дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газоблокҳои ин ҷамъият бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Корхона ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Ҷамшед Дадоматов ва Саидаҳмад Саидкамолов бунёд гардида, барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии он бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли воридотӣ 25 миллион сомонӣ равона шудааст.
- Информация о материале
- Просмотров: 79
Имрӯз иқтисоди ҷаҳон ба сӯйи технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ безарар қадам мегузорад. Тоҷикистон, махсусан вилояти Суғд, ки яке аз марказҳои асосии саноатии кишвар маҳсуб мешавад, дар ин самт имкониятҳои фарох дорад. Гузариш ба иқтисоди "сабз" ва истифодаи энергияи офтобӣ барои корхонаҳои ватанӣ на танҳо як ниёзи экологӣ, балки роҳи асосии баланд бардоштани фоида ва рақобатпазирии маҳсулот аст.
Вилояти Суғд аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар минтақае карор дорад, ки дар як сол аз 270 то 300 рӯз офтобӣ аст. Ин рақам ба мо имкон медиҳад, ки энергияи офтобиро ҳамчун манбаи асосии алтернативӣ истифода барем. Бар хилофи неругоҳҳои обӣ, ки фаъолияташон ба сатҳи оби дарёҳо вобаста аст, панелҳои офтобӣ метавонанд дар давоми сол беист неруи барқ тавлид кунанд.
Барои як корхонаи саноатӣ, хоҳ он дар соҳаи бофандагӣ бошад ва хоҳ дар бахши коркарди маъдан, хароҷоти неруи барқ қисми зиёди арзиши аслии маҳсулотро ташкил медиҳад.
- Информация о материале
- Просмотров: 135
Дар партави 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки марҳилаи нави рушду созандагиро дар таърихи миллат оғоз бахшид, имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ бо суръати тоза идома доранд. Истиқлолият барои мардуми тоҷик натанҳо рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрӣ, балки омили асосии пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла иқтисод, сохтмон ва соҳибкорӣ гардид.
Дар ин замина, шаҳри Хуҷанд ҳамчун маркази муҳими иқтисодиву фарҳангии вилояти Суғд сол ба сол рушд намуда, симои худро дигаргун месозад. Яке аз нишонаҳои равшани ин пешрафт бунёди марказҳои муосири савдо ва хизматрасонӣ мебошад, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд.





