Дар шаҳри Конибодом, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, сохтмони як қатор иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ ва иҷтимоӣ бомаром идома дорад. Дар ҳамин замина, яке аз корхонаҳои муҳимми саноатии шаҳр-Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бодом” ба марҳилаи нави таҷдиду навсозӣ ворид мегардад. 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ фаъолияти он мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шуда, имрӯз корхона ба истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои пойгоҳҳои обкашӣ, техникаи кишоварзӣ ва дигар таҷҳизоти истеҳсолӣ машғул мебошад.

Айни замон ҶДММ “Бодом” ҳамчун корхонаи муосири рехтагарӣ фаъолият мекунад. Корхона имкониятҳои истеҳсолиро дар самтҳои рехтагарӣ, коркарди механикӣ, кафшергарӣ, коркарди гармӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр мутобиқи талаботи фармоишгар муттаҳид намудааст. Дар баробари нигоҳ доштани самти асосии фаъолияти саноатӣ, корхона доираи истеҳсолоти худро низ васеъ намуда, талаботи соҳаҳои кӯҳӣ, роҳсозӣ ва кишоварзиро низ қонеъ мегардонад.

Яке аз бартариҳои муҳимми корхона мавҷудияти пойгоҳи мустақили рехтагарӣ мебошад. Дар ин ҷо рехтани пӯлод ва оҳан, аз ҷумла бо истифода аз усули моделҳои газификатсияшаванда (ЛГМ) анҷом дода мешавад, ки имконият медиҳад, ҷузъҳои мураккаби пойгоҳҳои обкашӣ ва техникаи кишоварзӣ истеҳсол шаванд.

Сохтори истеҳсолии корхона аз сехҳои рехтагарӣ, механикӣ ва кафшергарӣ иборат буда, инчунин сехҳои васлкунӣ, тайёркунӣ, лабораторияи назорати сифат ва дигар зерсохторҳои заруриро дар бар мегирад. Ин имконият фароҳам меорад, ки тамоми марҳилаҳои истеҳсолот дар дохили корхона анҷом ёфта, сифати маҳсулот дар ҳамаи зинаҳо таҳти назорат қарор дошта бошад.

Номгӯи маҳсулоти корхона зиёда аз 20 намудро дар бар мегирад-аз ҷузъҳои алоҳида то маҳсулоти тайёр. Ба самтҳои асосии фаъолияти он истеҳсоли конструксияҳои металлӣ, рехтани пӯлод ва оҳан, коркарди механикӣ, буриши лазерӣ, плазмавӣ ва газӣ, корҳои кафшергарӣ, коркарди гармӣ, истеҳсоли валҳо, чархдандонҳо, втулкаҳо, қисмҳои эҳтиётӣ, таҷҳизоти ғайристандартӣ дохил мешаванд.

Дар номгӯи маҳсулоти корхона ҷузъҳои техникаи вазнин ва таҷҳизоти саноатӣ мавқеи махсус доранд. Аз ҷумла, дар ин ҷо корпусҳои насосҳои марказгурез барои корхонаҳои кӯҳӣ, плитаҳо ва зиреҳҳои майдакунакҳо, дандонҳо ва нӯгҳои сатилҳои экскаваторҳо, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаи кишоварзӣ истеҳсол мешаванд. Ба гуфтаи мутахассисони корхона, ин маҳсулот бо устувории баланд ба фарсудашавӣ ва таъсири борҳои зарбавӣ фарқ намуда, барои истифода дар шароити душвори истеҳсолӣ мутобиқ мебошанд.

Дар баробари маҳсулоти саноатӣ, дар корхона нишастгоҳҳо, панҷараҳо, унсурҳои ороишӣ, печҳои гармидиҳӣ, люкҳо ва дигар маҳсулоти металлӣ низ истеҳсол мешаванд. Самти алоҳидаи истеҳсолотро печҳои гармидиҳии оҳанин ташкил медиҳанд, ки ҳам дар бахши маишӣ ва ҳам дар бахши истеҳсолӣ талаботи зиёд доранд.

Тавре директори генералии ҷамъият Алиакбар Ғиёсов иброз медорад, ашёи хоми корхона асосан ватанӣ буда, маҳсулоти истеҳсолшаванда барои корхонаҳои коркарди маъдан, пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ пешбинӣ шудаанд.

-Имрӯз таҷдиду навсозии корхона идома дорад. Бо насби таҷҳизоти муосири аз Чин воридшуда дар назар аст, ки истеҳсоли зиёда аз 50 номгӯй маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шавад. Иқтидори корхона имкон медиҳад, то 50 тонна металл коркард гардад. Марҳилаи аввали лоиҳа соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифта, то 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд, -гуфт директори генералӣ.

 Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”