Дар нимсолаи якуми соли 2026-ум ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Спитамен ба 388,5 миллион сомонӣ расонида шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59,6 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 115,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия 67 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст. Аммо дар баробари рушди истеҳсолот, дар ин самт як қатор мушкилот низ ҷой доранд.  Дар давраи ҳисоботӣ 9 корхонаи саноатӣ аз фаъолият боз мондааст.

Раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода  зимни нишасти матбуотӣ сабабҳои фаъолият накардани ин корхонаҳоро шарҳ дода, иброз дошт, ки ин ҳолат асосан ба мушкилоти иқтисодӣ ва истеҳсолӣ вобаста мебошад.  Ба гуфтаи ӯ, баъзе корхонаҳо бинобар  дар бозори меҳнат рақобат карда натавонистан, мушкилии молиявӣ, кам шудани талабот ва  аз ҳисоби супорида натавонистани маблағи андоз  ва дигар омилҳо фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ корхонаҳо барои нигоҳ доштани мавқеи худ бояд ба талаботи бозор мутобиқ шуда, сифати маҳсулотро баланд бардоранд,  хароҷоти истеҳсолиро коҳиш диҳанд ва таҷҳизоти истеҳсолиро навсозӣ намоянд. Зеро рақобатпазирии маҳсулот яке аз омилҳои асосии устувории фаъолияти корхонаҳо ба ҳисоб меравад.

Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда, дар давраи ҳисоботӣ барои рушди соҳаи саноат тадбирҳо амалӣ гардидаанд. Чор корхонаю коргоҳ мавриди истифода қарор гирифта, 23 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст. 

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ яке аз роҳҳои асосии таъмини шуғли аҳолӣ мебошад. Барои ин танҳо бунёди корхонаҳои нав кофӣ нест, балки фаъолияти устувори корхонаҳои мавҷуда ва васеъ намудани имкониятҳои истеҳсолии онҳо низ аҳамияти калон дорад.

Тибқи иттилоъ дар нимсолаи якуми соли 2026-ум дар ноҳияи Спитамен 1360 нафар барои пайдо намудани ҷойи кори муносиб ба мақомоти шуғли аҳолӣ муроҷиат намуданд. Аз ин шумора 762 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон, 764 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 373 нафар зан мебошанд.

Бо мақсади коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар ин давра 10 ярмаркаи ҷойҳои холии кор баргузор гардид. Дар ярмаркаҳо 95 корхона ва 138 корҷӯ иштирок намуда, дар натиҷа 42 нафар роҳхат барои кор гирифта, 78 нафари дигар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Масъулин мегӯянд, ки ташкили ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ минбаъд низ идома ёфта, барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар нишасти матбуотӣ беш аз 20 нафар намояндаи васоити ахбори омма  иштирок намуда, оид ба вазъи мактабу маориф, соҳаи кишоварӣ,  таъмири роҳу вазъи соҳаи саноат саволу ҷавоб намуда,  масъалаҳои мубрами ноҳияро баррасӣ карданд. 

Масъалаи дигари мубрам ба соҳаи кишоварӣ рабт дошт.  Рӯзноманигорон аз вазъи таъмини оби полезӣ ва шаклҳои хоҷагидорӣ пурсон шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки  дар мавриди таъмини оби полезӣ ягон мушкилӣ мавҷуд набуда, ҳамаи хоҷагиҳо саривақт бо об таъмин шудаанд.

Ҳамчунин дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ  дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  дар майдони 13968,5 гектар кишти зироатҳои  кишоварзии  баҳорӣ  анҷом дода шудааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 912, 3 гектар  зиёд таъмин шудааст.  

Бояд гуфт, ки  пахта яке аз зироатҳои асосии ноҳия ба ҳисоб рафта, тибқи нақша кишти он   дар майдони 6 ҳазору 490 гектар муайян шуда айни ҳол дар майдони 6006 гектар пунбадона нашъунамо дорад.  

 Манзура БАХТИЁРЗОДА,

“Ҳақиқати  Суғд”