Яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар рушди соҳаи парандапарварӣ ва истеҳсоли гӯшти паранда ба ҳисоб меравад. Ин соҳа на танҳо талаботи бозори дохилиро таъмин мекунад, балки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиши вобастагӣ аз воридот низ мусоидат менамояд.
Дар вилояти Суғд як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият доранд, ки дар пешбурди ин соҳа саҳми назаррас мегузоранд. Аз ҷумла, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чӯҷаи Байзо”, ки соли 2018 таъсис ёфтааст, дар муддати кӯтоҳ тавонистааст мавқеи худро дар бозори гӯшти паранда мустаҳкам намояд. Имрӯз дар ин корхона 180 нафар фаъолият дошта, истеҳсоли чӯҷаҳои якрӯза, гӯшти паранда ва хӯроки омехтаи паранда ба роҳ монда шудааст.
Дар ин ҷо аз истеҳсоли хӯроки паранда ва парвариши чӯҷа то забҳ, коркард ва бастабандии маҳсулоти тайёр тамоми марҳилаҳо ба таври мутамарказ амалӣ мегарданд. Чунонки масъулони корхона таъкид мекунанд, дар ҳар марҳилаи истеҳсолот аз парвариши паранда то бастабандии маҳсулоти тайёр ба хурдтарин ҷузъиёт диққат дода мешавад.
Чӯҷаҳои якрӯза ва хӯроки омехтаи паранда асосан барои эҳтиёҷоти дохилии корхона истифода шуда, қисми боқимонда ба бозор пешниҳод мегардад. Барои дастовардҳои истеҳсолӣ ва сифати маҳсулот корхона ҷоизаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон — 2025» дар номинатсияи «Маҳсулоти табиӣ», ки онро Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад, соҳиб гардид.
Коршиносон бар он назаранд, ки рушди чунин корхонаҳо барои устувории амнияти озуқаворӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Зеро истеҳсоли дохилии гӯшти паранда яке аз роҳҳои муҳими таъмини аҳолӣ бо сафедаи арзон ва дастрас ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин, корхонаҳои дигар низ фаъолият доранд, ки дар рушди саноати парандапарварӣ саҳм мегузоранд. Яке аз онҳо ҶДММ «Насиби Ширин» мебошад, ки аз соли 2013 фаъолият дошта, ба парвариши мурғи бройлер машғул аст. Корхона имрӯз дар як сол зиёда аз 370 ҳазор сар мурғи бройлер парвариш мекунад ва дар он 26 нафар бо шароити муносиби меҳнатӣ фаъолият доранд.
Тавре роҳбари корхона Нозимҷон Исмоилов гуфт, рушди истеҳсолот дар оянда низ идома меёбад. Ният дорем, ки самти фаъолияти корхонаро васеъ намуда, боксҳои нави парвариши мурғи бройлерро бунёд кунем, то ҳаҷми истеҳсолот боз ҳам афзоиш ёбад.
Бо дарназардошти афзоиши талабот ба маҳсулоти гӯштӣ ва зарурати таъмини аҳолӣ бо ғизои солим, рушди соҳаи парандапарварӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар маҳсуб меёбад. Таҷрибаи фаъолияти корхонаҳое чун «Чӯҷаи Байзо» ва «Насиби Ширин» нишон медиҳад, ки бо истифодаи технологияи муосир, идоракунии самаранок ва дастгирии соҳибкорӣ метавон истеҳсоли маҳсулоти ватаниро афзоиш дод.
Насими САИДМУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”




