Зимни нишасти матуботӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо рӯзноманигорон масъалаҳои марбут ба раванди бунёди хонаҳои баландошёна, ҷалби бахши хусусӣ дар корҳои ободонӣ, хизматрасонии коммуналӣ, татбиқсозии лоиҳаи “Шаҳри бехатар”, вазъи корхонаҳои саноатӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва ғайраро матраҳ сохт.

Тавре таъкид гардид, дар шаш моҳи аввали соли 2026 корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 275,4 миллион сомонӣ ё 26,3 фоиз бештар аст.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда 240 миллион сомонӣ ба содирот рост меояд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда низ афзоиш ёфт. Дар 125 корхона чунин маҳсулот ба маблағи 574,7 миллион сомонӣ истеҳсол шуд.

- Дар раванди рушди соҳаи саноат бо ҷалби беш аз 100 миллион сомонӣ сармоя 18 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои муосир таъсис дода шуд, - гуфт мавсуф.

Гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи аввали сол ҳаҷми сармоягузорӣ ба соҳаи сохтмони шаҳри Хуҷанд 977,9 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 маротиба зиёд шуд. Ҳаҷми корҳои сохтмонию васлкунӣ ба 934,5 миллион сомонӣ расида, 1,9 маротиба афзоиш ёфт.

- Дар доираи корҳои инфрасохторӣ то имрӯз 30 километр роҳҳои шаҳр таъмиру барқарор карда шуданд. Дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиев бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд васеъгардонии роҳ идома дорад. Соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд мумфарш кардани 55 километр роҳҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст ва як қисми ин корҳо аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорон амалӣ мегардад, - иброз дошт раиси шаҳр.

Яке аз самтҳои муҳими ҷалби сармояи хусусӣ ба инфрасохтори шаҳр таҷдиди шабакаҳои корез мебошад. Бино ба иттилои Фирдавс Шарифзода, танҳо барои иваз кардани шабакаи корез дар хиёбони Раҳмон Набиев, ки 2,2 километр дарозӣ дорад, соҳибкорон беш аз 2 миллион доллар сармоягузорӣ карданд.

- Дар самти маориф низ як қатор лоиҳаҳо бо ҷалби бахши хусусӣ амалӣ мешаванд. То имрӯз 12 мактаб азнавсозӣ шуда, як мактаби нав бунёд гардид. Ҳоло сохтмони бинои нави панҷошёнаи Литсейи физикаю математикаи №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ идома дорад. Ҳамзамон, сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7, №11, №14, гимназияи №13 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 идома дорад,- гуфтанд масъулони шаҳрдорӣ.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни нишаст таъкид кард, ки дар баробари натиҷаҳои бадастомада дар соҳаҳои хоҷагии шаҳр масъалаҳои ҳалталаб низ боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти шаҳр барои ҳалли ин масъалаҳо аз имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла ҷалби бештари бахши хусусӣ ба рушди инфрасохтор истифода хоҳанд кард.

 Файзуллохон ОБИДОВ,

"Ҳақиқати Суғд"