Дар соли 2025 дар ҳудуди вилояти Суғд аз ҷониби шаҳрвандон 24 ҳазору 716 маъракаву маросим баргузор гардид, ки барои он 210 миллиону 340 ҳазор сомонӣ масраф шуд.  Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ 2 ҳазору 666 маросими “чил” ва 1 ҳазору 230 маросими “сол” баргузор шуд, ки нисбат ба соли 2024 328 маросим кам мебошад. Дар ин бора мудири шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими вилояти Суғд Илҳом Худойдодзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

- Дар соли 2025 шаҳрвандон барои баргузории 20 ҳазору 820 маросими тӯйи домодиву арӯсӣ 119 сар чорвои калон ва 6 ҳазору 387 сар чорвои хурд забҳ карданд. Нисбат ба соли 2024 шумораи чорвои калон 34 сар кам, аммо чорвои хурд 650 сар зиёд забҳ шудааст.

Ба гуфтаи мавсуф, дар ҷараёни рейдҳои муштараки комиссияҳои доимӣ, масъулини бахши дин ва танзими ҷашну маросим ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 429 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 19 ҳолат зиёд мебошад.

- Бештарин қонуншиканиҳо дар шаҳрҳои Истаравшан 76,  Хуҷанд 53, Панҷакент 46, Исфара 38 ҳолат ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 48, Спитамен 28 ва Ашт 22 ҳолат ба қайд гирифта шуд, - гуфт Илҳом Худойдодзода.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Суғд 13 масҷиди ҷомеи марказӣ, 91 масҷиди ҷомеъ, 809 масҷиди панҷвақта ва 17 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ фаъолият дошта, дар маҷмӯъ 930 иттиҳодияи динӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ амал мекунанд. Дар давраи ҳисоботӣ ин иттиҳодияҳо ба маблағи беш аз 3 миллиону 414 ҳазор сомонӣ корҳои хайриявӣ анҷом додаанд.

Дар идомаи нишасти хабарӣ мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов хабар дод, ки дар вилоят 42 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд. Дар маҷмӯъ, 210 хатсайри сайёҳӣ ташкил шудааст, ки мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилоятро фаро мегиранд.

Ба иттилои мавсуф, барои хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар қаламрави вилоят 1 фурудгоҳи байналмилалӣ, 6 гузаргоҳи сарҳадии байналмилалӣ ва 97 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 65 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 4 лагер, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истироҳатӣ, 2 хонаи истироҳатӣ, 1 маркази муолиҷавӣ, 1 базаи истироҳатӣ ва 1 базаи сайёҳӣ бо ғунҷоиши умумии 7 ҳазору 282 ҷой фаъолият доранд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2025 тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилояти Суғд 1 миллиону 300 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид гардиданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 292 ҳазор нафар зиёд аст. Аз ин шумора 60 ҳазор нафар бо мақсади сайёҳӣ ба вилоят омадаанд.

Дар соли сипаришуда дар меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо 144,9 ҳазор нафар истироҳат ва табобат гирифтаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 110,8 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 31,4 ҳазор нафар хориҷӣ мебошанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ширкатҳои сайёҳӣ дар соли 2025 ба зиёда аз 9,6 ҳазор нафар сайёҳи дохилию хориҷӣ хизмат расонида, гардиши молиявии онҳо аз хизматрасониҳои сайёҳӣ 6,1 миллион сомониро ташкил дод. Аз ин ҳисоб ба буҷети давлат 1,1 миллион сомонӣ андоз пардохт шуд.

 

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”