- Филиали Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Гулистон натиҷаҳои фаъолияти худро дар шаш моҳи аввали соли 2026 ҷамъбаст намуд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби филиал дар маҷмӯъ 1 миллиарду 425 миллиону 960 ҳазору 229 кВтсоат нерӯи барқ истифода шуда, аз ин миқдор 1 миллиарду 202 миллиону 220 ҳазору 409 кВтсоат ба барқи фоиданок рост меояд. Талафоти нерӯи барқ дар ин давра 15,6 фоизро ташкил дод, - иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон директори шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Гулистон Искандар Юнусов.
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ маблағи ҳисобшудаи қувваи барқ 610 миллиону 340 ҳазору 854 сомониро ташкил дода, аз он 169 миллиону 944 ҳазору 149 сомонӣ ба аҳолӣ дахл дорад. Арзиши миёнаи як киловатт-соат барқ 50,8 дирамро ташкил дод. Маблағи умумии ҳисобшуда барои нерӯи барқи истифодашуда 581 миллиону 878 ҳазору 516 сомонӣ буда, пардохти он ба 576 миллиону 138 ҳазору 253 сомонӣ расонида шуд. Ба ин васила, сатҳи ҷамъоварии маблағи пардохти қувваи барқ ба 99 фоиз баробар гардид. Аз ҷумла, муштариёни гурӯҳи аҳолӣ беш аз 176,4 миллион сомонӣ пардохт намудаанд, ки ин 98,5 фоизи иҷрои нақша аст. Ҳамзамон, аз 188 ҳазору 44 муштарӣ гардиши фаъоли 177 ҳазору 834 нафари онҳо таъмин гардидааст.
Соҳаи дигари муҳими фаъолият ба ҷойи намоён баровардани ҳисобкунакҳои барқӣ мебошад. Аз рӯи нақшаи пешбинишудаи 1243 адад, то имрӯз 775 адад ҳисобкунак ба ҷойи намоён бароварда шуд. Ба ҳолати 1 - уми июли соли 2026 аз 255 ҳазору 48 адад ҳисобкунакҳои мавҷуда 225 ҳазору 123 адад ё худ 88,3 фоизашон ба ҷойҳои намоён гузаронида шудаанд.
Дар самти назорат ва пешгирии қоидавайронкуниҳо иттилоъ дода шуд, ки дар 6 моҳ 288 адад санад тартиб дода шуд, ки маблағи умумии зарари ҳисобшуда 880 ҳазору 159 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб то имрӯз 687 ҳазору 522 сомонӣ барқарор ва пардохт карда шудааст.
Имрӯз дар филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и шаҳри Гулистон умуман 273 ҳазору 118 муштарӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 256 ҳазору 31 адад ба муштариёни маишӣ (аҳолӣ) ва 17 ҳазору 87 адад ба муштариёни саноатӣ, ғаӣрисаноатӣ, буҷавӣ ва хоҷагии қишлоқ рост меояд. Шумораи умумии ҳисобкунакҳо 288 ҳазору 561 ададро ташкил дода, аз онҳо 255 ҳазору 612 адад якфазагӣ ва 32 ҳазору 949 адад сефазагӣ мебошанд.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин намояндагони шабакаҳои дигари тақсимоти барқ дар вилоят ширкат варзида, доир ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2026 – ум маълумот доданд.
Дар қисмати дуюми нишасти хабарӣ рӯзноманигорон доир ба паҳлуҳои мухталифи соҳа, аз ҷумла талафоти барқ, дуздии барқ, ба ҳолати коррупсионӣ даст задани кормандони барқ, гузариш ба низоми биллингӣ, арзу шикоятҳо, таъмири ноқилҳои барқӣ, қарзи муассисаҳои мухталиф аз барқ ва амсоли ин саволҳо пешниҳод карданд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





