Дар шароити татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ- саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳаҳои кӯҳкорӣ, металлургия ва коркарди маъдан аз самтҳои муҳими пешрафти иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, татбиқи “Барномаи давлатии саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030”, “Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Барномаи давлатии рушди соҳаи геология” аҳамияти хоса дорад. Истифодаи самараноки захираҳои зеризаминӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва густариши коркарди ашёи хом барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори саноатии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ин раванд, ҶДММ ТА КМ “Анзоб” яке аз корхонаҳои дорои таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди маъдан ба ҳисоб меравад. Корхона фаъолияти худро ҳанӯз солҳои 40-уми асри гузашта ҳамчун Комбинати маъдантозакунии “Анзоб” оғоз намуда, тӯли даҳсолаҳо марҳилаҳои гуногуни рушди саноатиро паси сар кардааст.
Агар дар замони шӯравӣ ҳаҷми истихроҷ ва коркарди маъдан дар корхона 350 ҳазор тоннаро ташкил медод, дар давраи истиқлол ин нишондиҳанда ба 910 ҳазор тонна расидааст. Ҳаҷми истеҳсоли сурма низ афзоиш ёфта, аз 3 ҳазор тонна дар замони шӯравӣ ба 16 ҳазор тонна дар давраи истиқлол расидааст. Ин нишондиҳандаҳо аз рушди иқтидори истеҳсолии корхона ва саҳми он дар пешрафти соҳаи кӯҳкории кишвар шаҳодат медиҳанд.
Фаъолияти ҶДММ ТА КМ “Анзоб” танҳо бо истихроҷ ва коркарди маъдан маҳдуд намешавад. Корхона дар баробари пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор ва ободонии маҳалҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Тавре муовини директори генералии корхона Нуриддин Шарифзода дар суҳбат бо мо иброз дошт, тайи солҳои 2025-2026 як қатор лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сохтмон, инфрасохтор ва дастгирии оилаҳои ниёзманд амалӣ гардидаанд.
Яке аз иқдомҳои муҳими корхона дар ин самт сохтмон ва мавриди истифода қарор додани бинои нави МТМУ №26 дар деҳаи Ғабируди ноҳияи Айнӣ мебошад. Муассисаи мазкур барои 420 хонанда пешбинӣ шуда, арзиши умумии лоиҳа 7 миллиону 900 ҳазору 340 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, барои таъмири асосии бинои МТМУ №6 дар деҳаи Зарафшон-1, 3 миллиону 900 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Барои таъмири МТМУ №9 дар деҳаи Такфон, маркази саломатӣ ва муассисаи томактабии деҳаи Зарафшон-1 низ дар маҷмӯъ 503 ҳазор сомонӣ равона гардидааст. Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи кӯдакон барои сохтмони бинои нави муассисаи томактабӣ ва таъмири бинои мавҷуда дар шаҳраки Зарафшон-1, 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Сармоягузорӣ ба соҳаи маориф, пеш аз ҳама, сармоягузорӣ ба ояндаи ҷомеа мебошад. Бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ва рушди нерӯи инсонӣ мусоидат мекунад.
Самти дигари муҳими фаъолияти иҷтимоии корхона кӯмак ба оилаҳое мебошад, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар дидаанд. Ба иттилои Нуриддин Шарифзода, дар солҳои 2024-2026 барои корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод, инчунин деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ, 785 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Илова бар ин, барои расонидани кӯмаки фаврӣ ба зарардидагони ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 25 ҳазор сомонӣ равона шудааст. Ин иқдомҳо дар барқарор намудани шароити зиндагии оилаҳои осебдида ва коҳиш додани оқибати офатҳои табиӣ аҳамияти муҳим доранд.
Беҳтар намудани вазъи роҳҳо низ аз ҷумлаи самтҳои таваҷҷуҳи корхона ба шумор меравад. Барои мумфаршкунӣ ва ободонии роҳҳои автомобилгард 1 миллиону 40 ҳазор сомонӣ равона гардидааст. Амалӣ гардидани чунин тадбирҳо ба беҳтар шудани инфрасохтори маҳаллӣ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Доираи фаъолияти иҷтимоии ҶДММ ТА КМ “Анзоб” дастгирии ташаббусҳои фарҳангиву варзишӣ, корҳои хайриявӣ ва лоиҳаҳои дорои аҳаммияти ҷамъиятиро низ фаро мегирад.
Тавре Нуриддин Шарифзода иттилоъ дод, дар солҳои қаблӣ барои дастгирии ташаббусҳои иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ ҳамасола то 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ кӯмаки ройгон ҷудо карда мешуд. Аз ҷумла, барои сохтмони майдончаҳои варзишӣ 320 ҳазор сомонӣ, ба Фонди рушди Балҷувон 800 ҳазор сомонӣ ва ба Фонди хайриявии вилояти Суғд 200 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.
Ҳамчунин, барои бунёди боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ ва гузоштани муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ 2 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Чунин ташаббусҳо барои рушди ҳаёти фарҳангӣ ва тақвияти ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ мусоидат мекунанд.
Корхона дар татбиқи барномаҳои минтақавӣ низ саҳм мегузорад. Дар ин замина, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ 135 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 26 ҳазор сомонӣ, вилояти Суғд 30 ҳазор сомонӣ ва шаҳри Душанбе 30 ҳазор сомонӣ расонида шудааст. Дар маҷмуъ, тайи солҳои 2016-2025 барои дастгирии самтҳои иҷтимоӣ беш аз 21 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Ин нишондиҳанда аз таваҷҷуҳи корхона ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва иштироки он дар татбиқи ташаббусҳои созанда шаҳодат медиҳад.
Таҷрибаи фаъолияти ҶДММ ТА КМ “Анзоб” нишон медиҳад, ки корхонаҳои саноатӣ метавонанд дар баробари таъмини истеҳсолот ва рушди иқтисодӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ободонии маҳалҳо ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ низ саҳмгузор бошанд.
Дар шароити татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ ва барномаҳои давлатии рушди саноат, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ, густариши коркарди маъдан, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунанд. Дар баробари ин, риояи талаботи экологӣ, истифодаи технологияҳои каммасраф ва коҳиши таъсири истеҳсолот ба муҳити зист бояд аз самтҳои муҳими фаъолияти корхонаҳои соҳа бошанд.
Ҳамоҳангии рушди истеҳсолӣ бо масъулияти иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист метавонад барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини рушди устувори минтақа заминаи боэътимод гузорад.
Амони МУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”





