Имрӯзҳо дар заминҳои пахтакори вилояти Суғд мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта бо маром идома дорад. Пахта яке аз меҳварҳои калидии иқтисодиёти кишвар ба шумор меравад. Ин маҳсулоти стратегӣ заминасози аслии иҷрои пурраи ҳадафи чаҳоруми стратегии муайяншуда, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.
Таърихи пахтакории диёри мо шаҳодат медиҳад, ки рушди саноати сабук ва соҳаи текстил маҳз аз фаъолияти муназзами кишоварзӣ ва саноати коркарди аввалия оғоз меёбад. Аз ин рӯ, гузаштан аз содироти оддии ашёи хом ба коркарди пурраи ниҳоӣ талаботи асосии замон ва омили муҳими афзоиши даромади миллист. Маҳз коркарди ниҳоии пахта ва дар дохили кишвар табдил додани он ба маҳсулоти тайёр имкон медиҳад, ки арзиши иловагии маҳсулот дар дохили мамлакат монда, даромади буҷет ва иқтидори содиротии кишварро чанд баробар афзун гардонад.
Дар низоми мукаммали коркарди ҳосил ва амалӣ намудани ҳадафҳои саноатии вилоят фаъолияти корхонаҳои коркарди аввалия нақши асосиро мебозанд. Бино ба иттилои масъулини соҳаи саноати Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамагӣ дар вилоят 33 корхонаи коркарди пахта мавҷуд аст. Корхонаҳои коркард дар 6 шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Конибодом, Мастчоҳ ва Спитамен мавҷуд аст. Ин корхонаҳо бо ворид намудани технологияи муосир ва ҷалби мутахассисон кӯшиш менамоянд, ки ҳосили қабулшударо беталаф ва бо сифати баланд коркард намоянд. Саҳми ин корхонаҳо дар қабули саривақтии ҳосили деҳқонони вилоят хеле назаррас аст.
Мувофиқи дурнамо дар вилоят ҷамъоварии 119 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст.
Шаҳри Конибодом яке аз шаҳрҳои пахтакор ба ҳисоб рафта, барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварии ҳосили пахта камари ҳиммат баста истодаанд. Бино ба иттилои муовини мудири шуъбаи саноати шаҳр Одилҷон Охунзода, дар шаҳри Конибодом 4 корхонаи коркарди пахта мавҷуд аст.
- Имрӯз кишоварзону ҳашарчиён аз обу ҳавои мусоид истифода бурда, барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани дастранҷи деҳқон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд. Нақшаи шаҳри Конибодом 11 ҳазору 330 тонна мебошад. Дар ин замина, саҳми корхонаҳои коркарди пахта низ калон аст, зеро сари вақт қабул ва коркарди он заҳмати зиёдро талаб менамояд. Дар мавсими чиниш чор корхонаи коркард, аз ҷумла ҶДММ “Пахтаи Ориён”, ҶСК “Ассор”, ҶДММ “Ҳабиб - 17”, ҶДММ “Конибодом Коттон” бо кишварзон ҳамкории зич ва шабонарӯзӣ доранд. Маҳз масъулияти баланди онҳо аст, ки аллакай то санаи 20 – уми октябр корхонаҳои коркарди пахта то ба имрӯз наздик 5 ҳазору 864 тонна пахта қабул кардаанд. Ҷоиз ба қайд аст, ки мавсими пахтачинӣ ба рӯзгори сокинони деҳот ва соҳибкорони маҳаллӣ таъсири мусбат мерасонад. Дар ин мавсим ҳашарчиён, бонувону занони хонашин ва ҷавонон имконияти хуби пайдо кардани даромади иловагии нақдиро ба даст меоранд, ки ин барои беҳтар гардидани шароити иқтисодии оилаҳо мусоидат менамояд, - афзуд Одилҷон Охунзода.
Ҳамчунин мавсуф қайд кард, ки дар байни коргоҳҳои фаъоли шаҳри Конибодом ҶДММ “Пахтаи Ориён” ҷойи махсус дорад. Дар ин корхона 30 нафар коргар бо кори доимӣ таъмин ҳастанд. То имрӯз онҳо беш аз 3 ҳазор тонна пахта қабул кардаанд. Таҷҳизоти коркард аз давлати Чин ворид шудааст, ки ин имкон медиҳад коркарди пахта бо самаранокии баланд ва сифати мутобиқ ба стандартҳо анҷом ёбад. Инчунин корхонаи ҶДММ “Конибодом Коттон” аз аввали мавсим то ба имрӯз беш аз 600 тонна пахта барои коркард қабул кардааст. Дар ин корхонаи коркард 18 нафар корманд фаъолият бурда истодаанд ва барои пешрафти истеҳсолот саҳми худро мегузоранд.
Ноҳияи Мастчоҳ низ яке аз ноҳияҳои пахтакори калидии вилоят мебошад, ки имрӯз аҳли заҳмати он барои ҷамъоварии тиллои сафед камари ҳиммат бастаанд. Тавре мудири шуъбаи иттилоот ва таҳлили ноҳия Фитрати Ҳикмат иттилоъ дод, ки кишоварзон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия тамоми неру ва қувваи худро баҳри ҷамъоварии тиллои сафед сафарбар намудаанд.
- Дар мавсими имсола аҳли заҳматкашони ноҳия баҳри кӯмак ба кишоварзон якдилона заҳмат кашида истодаанд, то пахтаи шукуфта ночида намонад. Маҳз якдилии сокинон аст, ки корхонаҳои коркарди пахта аллакай коркарди пахтаро оғоз намудаанд. Соли равон дар ноҳия дар майдони 10 ҳазору 381 гектар пахта кишт шудааст. Дар ноҳия 10 корхонаи коркарди пахта мавҷуд аст, ки саҳми корхонаҳои коркард, ба монанди ҶДММ “Музаффар - К”, ҶДММ “Гулшани Худойдод”, ҶДММ “Шариф Асад”, ҶДММ “Ҳамро - 2016” хеле калон мебошад. Мавсими чиниш барои бисёр оилаҳои деҳот манбаи муҳими молиявӣ дар остонаи фасли сармо мебошад, зеро ҳашарчиён имкон доранд захираи худро дар фасли сармо таъмин созанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбарони хоҷагиҳои пахтакор ва соҳибкорон ба заҳматкашон ба ҷуз маблағи чиниши пахта кӯмакҳои муҳими моддӣ расонида мешавад. Аз ҷумла, тақсими ҳезум барои зимистонгузаронӣ, равғани пахта ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ дастгирии бузургест, ки фазои ҳамбастагӣ, меҳр ва дилгармиро дар байни аҳолӣ бештар мекунад, - афзуд Фитрати Ҳикмат.
Иттилоъ дода шуд, ки то ба имрӯз корхонаҳои коркард зиёда аз 14 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд, ки 56 фоизи дурнамои нақша мебошад. Аз рӯи нақша корхонаҳои коркард бояд 24 ҳазору 900 тонна пахта қабул кунанд. Яке аз корхонаҳои коркарди пешсаф ҶДММ “Музаффар - К” мебошад, ки то имрӯз беш аз 2800 тонна пахтаро захира карда, коркарди аввалияи онро оғоз намудааст. Фаъолияти пурсамари ин корхонаҳо кафолат медиҳад, ки ҳосили меҳнаткашони Мастчоҳ дар муҳлати муайяншуда коркард карда шавад
Мушоҳидаҳо ва раванди кории мавсим нишон медиҳанд, ки алоқамандии мустаҳками миёни кишоварзон ва корхонаҳои коркарди саноатӣ омили асосии бадастовардани натиҷаҳои баланд мебошад. Вақте корхонаҳо пахтаро сари вақт қабул карда, ҳисоббаробариро дуруст ва бетаъхир анҷом медиҳанд, шавқу рағбати заҳматкашон ба афзоиши истеҳсолот бештар мегардад. Ин раванд ба рушди инфрасохтори деҳот, афзоиши даромади маҳаллӣ ва таҳкими иқтидори саноатии вилоят такони ҷиддӣ мебахшад.
Суръати кунунии ҷамъоварии пахта ва қабули он аз ҷониби корхонаҳои коркард ва афзоиши ҳамарӯзаи нишондиҳандаҳо шаҳодат медиҳанд, ки кишоварзону саноатчиёни вилояти Суғд дурнамои истеҳсоли ин ашёи хоми стратегиро сарбаландона иҷро намуда, дар таҳкими иқтидори саноатию содиротии мамлакат ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум саҳми сазовори худро мегузоранд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





