Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш таъкид менамоянд, ки саноат яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ буда, маҳз тавассути рушди он мо метавонем барои кишвар ҷойҳои нави корӣ муҳайё созем ва некӯаҳволии мардумро баланд бардорем. Пешвои миллат саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ муайян намудаанд, ки ин дастур дар вилояти Суғд бо масъулияти баланд амалӣ мегардад. Шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо давоми моҳҳои январ-декабри соли 2025 баҳри иҷрои ин дастурҳо як силсила тадбирҳои судманд андешиданд.
Дар доираи ин тадбирҳо 146 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1497 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Ин корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати сабук ва масолеҳи бинокориву хӯрокворӣ фаъолият намуда, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ саҳми босазо мегузоранд. Давоми моҳҳои январ-декабри соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи наздик ба 39,1 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 бо нархҳои муқоисавӣ 8,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Суръати рушди саноати вилоят бо назардошти индекси нархҳо бошад ба 123,5 фоиз баробар гардид. Ба ҳолати якуми январи соли 2026 дар вилоят 265 намуди маҳсулот истеҳсол мегардад, ки нишонаи таҳкими амнияти озуқаворӣ ва воридотивазкунӣ мебошад.
Имрӯз соҳаи сохтмон ба яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон табдил ёфтааст ва талабот ба масолеҳи босифати ватанӣ рӯз ба рӯз меафзояд. Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ на танҳо кафолати устувории биноҳо ва иншооти муосир мебошад, балки қадами қатъӣ дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб меёбад. Дар ин замина, ворид шудани технологияҳои навтарин ба бозори дохилӣ имкон медиҳад, ки мо маҳсулоти рақобатпазир ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳониро дар дохили кишвар истеҳсол намоем. Бино ба иттилои масъулини Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли қубуру профилҳои металии ҶДММ «Суғдметалл» ба фаъолият оғоз намуд, ки намунаи барҷастаи ҳамкориҳои судманди минтақавӣ мебошад. Корхонаи мазкур бо саҳми якҷояи соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон бо харҷи беш аз 50 миллион сомонӣ бунёд шудааст.
Иншооти истеҳсолию иншооти соҳа дар масоҳати 6,5 гектар бунёд гардида, дастгоҳу таҷҳизоти муосири стандартҳои аврупоӣ вориду насб гардидаанд.
Дар корхонаи мазкур истеҳсоли қубуру профилҳои металлӣ бо технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст ва ҷараёни истеҳсолӣ аз буриши металл ва коркард то бандубасти маҳсулотро дар бар мегирад. Ин раванд дар маҷмуи дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсоли ширкатҳои давлатҳои аврупо ба монанди Фаспар, ОТТО, Мелс, Фиотра, МТС ва Термоту сурат мегирад. Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки дар корхона ду адад таҷҳизоти технологии истеҳсоли қубуру профилҳо аз ширкати Отто Мелс насб гардидааст, ки дорои иқтидори калони истеҳсолӣ мебошад. Дар ҳар яки ин хатҳои технологӣ дар як дақиқа 160 метр қубуру профил истеҳсол мегардад ва иқтидори солонааш 100 ҳазор тонна маҳсулоти металлии сохтмонӣ мебошад. Дар раванди истеҳсолот ҷараёни кафшергарӣ ва бурриш бо санги алмосӣ ва арракунию бандубасти маҳсулот бо сифати баланд амалӣ мегардад.
Дар партави сиёсати созандаи кишвар ва бо мақсади саноатикунонии босуръат коргоҳи муосири истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии ҶДММ “ТИГЛАТ” дар соли 2025 ба фаъолият оғоз намуд. Ин иқдом заминаи мусоидро барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ фароҳам овард. Фаъолияти коргоҳи мазкур ба истеҳсоли маводи гуногуни сохтмонӣ ва лавозимот барои воситаҳои нақлиёт равона шудааст. Ҳамчунин, дар ин ҷо истеҳсоли маснуоти нимтайёр ва тайёр аз пласмасса ва маснуоти фулузӣ бо технологияи муосири кӯфтан ба роҳ монда шудааст.
Маҳсулоти асосии корхонаро рангҳои сохтмонӣ ташкил медиҳанд. Ин навъи маҳсулот аз 24 намуд иборат буда, дар зарфҳои пластмассӣ бо ҳаҷмҳои 4, 7, 10, 15 ва 21 килограмм бандубаст мешаванд. Илова бар ин, рангҳои алкидӣ низ дар корхона ҷойи махсус доранд. Ин рангҳо аз 9 намуд ва 40 номгӯи ранг иборатанд. Онҳо дар зарфҳои тунукагӣ бо ҳаҷмҳои аз 0,8 то 20 килограмм ба фурӯш бароварда мешаванд.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти ҶДММ “ТИГЛАТ” истеҳсоли хокаҳои хушки сохтмонӣ мебошад. Ин маҳсулот дар нӯҳ намуд омода шуда, дар халтаҳои қоғазии 25 килограмма бастабандӣ мешаванд. Талабот ба ин навъи мавод дар бозори сохтмон хеле зиёд аст. Сифати маҳсулот ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти корхона қарор дорад. Ҳамаи маҳсулот тибқи меъёрҳои давлатӣ истеҳсол гардида, аз назорати қатъӣ мегузаранд. Корхона дорои озмоишгоҳи муосир мебошад ва ин имкон медиҳад, ки стандарти баланди маҳсулот ҳамеша таъмин гардад. Фаъолияти чунин коргоҳҳои муосир ба иқтисодиёти кишвар нерӯи тоза мебахшад.
Имрӯз соҳаи саноати вилоят ба як нерӯи пуриқтидори иқтисодӣ табдил ёфтааст. Шумораи умумии кормандони соҳа ба 36185 нафар расида, музди миёнаи меҳнат 3851,2 сомониро ташкил медиҳад. Ин рақамҳо собит месозанд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мо имконияти нодир фароҳам овард, то иқтидори миллии худро эҳё намоем ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин созем. Саҳми 58,7 фоизаи вилояти Суғд дар ҳаҷми маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки мо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар бо қадамҳои устувор пеш меравем ва ояндаи саноати тоҷик боз ҳам дурахшонтар хоҳад буд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




