Масъалаи асосие, ки имрӯз ташвишовар гардидааст ва онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат борҳо таъкид медоранд, азнавсозии коргоҳҳои аз кор бозмонда, таъминот бо таҷҳизоти муосир ва таъсиси ҷойи корӣ мебошад.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон низ масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ҳамдастӣ бо соҳибкорон ва саховатпешагон чанд корхонаҳо таъмиру тармим ва ё номгӯи истеҳсолро иваз намуда, коргоҳро фаъол гардонидаанд. Масалан, соҳибкорон дар корхонаҳои ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶДММ “Апрелевка” ва ҶДММ “Қолинҳои Қайроққум” навовариҳо ворид намуданд.
Дар коргоҳҳои номбурда ташкили сехи нуқраҷудокунӣ, коркарди дуюмбораи полоишгоҳ, насби таҷҳизоти муосири “Ролпрес” дар фабрикаи бойгардонӣ, барои афзоиш додани коркарди маъдан ва бунёди сехи истеҳсоли қолинҳои тамғазадашудаи тафтенгӣ, ки бахши он коргоҳ солиёни дароз бекор хобида буд. Тавре мутахассисон шарҳ доданд, дар сехи аз кор бозмондаи ҶДММ “Қолинҳои Қайроққум” сехи истеҳсоли қолинҳои тамғазадашудаи тафтенгӣ ба фаъолият пардохт ва алҳол қолинҳои тафтенгии навъи замонавии воридотивазкунанда ба роҳ монда шуд. Дарозои соли 2025-ум ба миқдори 1 миллиону 560,6 ҳазор метри мураббаъ қолини тафтенгии тамғазадашуда истеҳсол шуд, ки дар муқоиса нисбат ба соли 2024-ум 137,7 фоиз зиёд мебошад. Ин навъи қолинҳо сифати баланд дошта, чун маҳсулоти воридотивазкунанда харидорони худро дорад.
Ҷумҳурии офтобии мо дорои кӯҳҳои сарбафалаккашида буда, дар он гиёҳҳои табобатии зиёд нашъунамо мекунанд. Пешвои муаззами миллат нисбат ба масъалаи мазкур изҳори андеша намуда, баҳри рушди он, бо ҷалби сармояи мустақим таъсис додани саноати дорусозӣ ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ дастурҳои муфид додаанд.
Бо мақсади ба кор даровардани ЧСК “Комибинати маъдантозакунии Адрасмон” соли сипаригардида ҶДММ “Асим” ба он мароқ зоҳир намуда, то ҳол корҳои барқароркунӣ ва сохтмонии он идома дорад. Алҳол барои сохтмони фабрикаи бойгардонӣ ва барқароргардонии инфраструктураи корхона дар шаҳраки Адрасмон 280 нафар мутахассиси маҳаллӣ ва хитоӣ корбарӣ карда истодаанд. Тибқи нақша корхона моҳи августи соли 2026-ум ба фаъолият оғоз намуда, наздик ҳазор нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад кард.
Барои сокинони маҳаллӣ дар ҳар як коргоҳи аз нав ба фаъолият пардохта ва ё аз нав таҷҳизонидашуда ҷойи корӣ муҳайё гардида, бо ин васила, вазъи иқтисодию иҷтимоии сокинони маҳал беҳтар, инчунин шумораи муҳоҷирони берун аз кишвар низ коҳиш меёбанд. Чунончи, роҳбарияти ҶСК “Комбинати фулузоти нодири Ленинобод” ҳамҷоя бо сармоягузорони ҶДММ “Конус 7” -и шаҳри Москваи Федератсияи Русия ва ширкатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон саъю талош намуда истодаанд, ки коргоҳро фаъол гардонанд ва ба ин васила, сокинони маҳал бо ҷойи кории доимӣ таъмин ва буҷети давлатиро низ ғанӣ созанд. Айни ҳол коргоҳи номбурда ба маблағи 121,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст.
Тавре ёдовар гаштем, шаҳри Гулистон аз давраи бунёд гардиданаш то ҳол яке аз шаҳрҳои саноатӣ ва сайёҳию истироҳатӣ маҳсуб мешавад. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар ин шаҳри саноатӣ баҳри таъмини иҷрои нақшаю дурнамоҳои соҳаҳои саноат ва энергетика ва ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ва “Солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар якҷоягӣ бо соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ корбарӣ шуда истодааст.
Аз ин рӯ, дар соли 2025-ум бунёди чор корхонаи саноатии истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, мурғпарварӣ ва таъмири трансформаторҳо ба нақша гирифта шуда буд. Хушбахтона, санаи 20-уми ноябри соли гузашта дар ҳузури Пешвои миллат тариқи онлайн корхонаҳои ҶДММ “Тиглат” (бо 58 ҷойи корӣ), 6 агрегати Нерӯгоҳи барқӣ - обии “Қайроққум” (пас аз таҷдид), ҶДММ “Истиқлоли Гулистон” (бо 12 ҷойи корӣ) ва ҶДММ “Орзуи аъло” (бо 15 ҷойи корӣ) ифтитоҳ гардиданд. Чанде пас бошад, ҶДММ “Нерӯи Истиқлол” низ ба фаъолият пардохт ва шаш нафар соҳиби кори доимӣ гардиданд. Инчунин ҶДММ “Коғази Гулистон” (бо 8 ҷойи корӣ) бо истеҳсоли маҳсулоти қоғази ташноб ва ҶДММ “Абдуғафур” (бо 3 ҷойи корӣ) ба рӯйхати корхонаҳои саноатӣ дохил шуданд.
Дар ин давра бар ивази ба фаъолият пардохтани коргоҳҳои азкормонда 102 нафар шаҳрванд соҳиби ҷойи корӣ шуданд. Ҳамчунин бо мақсади таъмини талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ бо сангҳои бинокорӣ дар ояндаи наздик истихроҷ намудан ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани сангҳои ороишӣ ва ба роҳ мондани содироти онҳо ба хориҷи кишвар дар назар дошта шудааст.
Умуман, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади таъмини нақшаю дурнамои соҳаи саноат ва ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва бо туҳфаҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи сокинон саъю талош менамоянд.
Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”




