Сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд Зулфиқор Тоиров бо иштироки намояндагони васеи воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намуд, ки зимни он натиҷаҳои фаъолияти ниҳод дар соли 2025 мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки фаъолияти Раёсат дар давраи ҳисоботӣ дар доираи татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба эълон намудани мораторий ба ҳамаи намуди санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба роҳ монда шуда, таваҷҷуҳи асосӣ ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва рушди малакаи касбии соҳибкорон равона гардид.
Тибқи маълумот мутахассисони шуъбаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Раёсат дар шароити мораторий фаъолияти худро бештар ба корҳои машваратӣ равона карда, бо намояндагони 465 корхонаи истеҳсолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Ба субъектҳои хоҷагидор 322 санади меъёрии техникӣ тавассути обуна дастрас гардида, 83 санад зимни семинарҳо ройгон пешниҳод шуд.
Дар соли 2025 дар шуъбаи озмоишгоҳи нафтии Раёсат 1118 намунаи маҳсулоти нафтӣ мавриди ташхис қарор гирифт, ки нисбат ба соли гузашта 320 намуна зиёд мебошад. Аз ин шумора 2 намуна сӯзишвории дизелӣ ва 1 намунаи қир бо вазни умумии 175 ҳазору 400 килограмм аз рӯи нишондиҳандаи ёзандагӣ мутобиқи ГОСТ 22245-90 ғайристандартӣ эътироф гардиданд.
Мутахассисони шуъбаи сертификатсияи молу маҳсулот дар маҷмӯъ 9650 амалиёти сертификатсионӣ анҷом додаанд, ки нисбат ба соли гузашта 703 адад зиёд аст. Барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти гумрук пурра тавассути низоми электронии “Равзанаи ягона” ба роҳ монда шудааст, ки ин ба шаффофият ва суръатбахшии раванд мусоидат менамояд.
Дар асоси муроҷиатҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 116 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, нисбат ба қонуншиканон ба маблағи умумии 21 ҳазору 225 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуд. Бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор миқдори зиёди маҳсулоти бе сертификат ва қочоқ ошкор карда шуд. Арзиши умумии молу маҳсулоти ошкоршуда зиёда аз 2 миллиону 426 ҳазор сомониро ташкил дода, маводҳо мавриди баррасии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд.
Дар натиҷаи корҳои тарғиботӣ якчанд ширкатҳо барои несту нобудсозии маҳсулоти муҳлаташон гузашта ба таври расмӣ муроҷиат намуданд. Қисме аз маҳсулот барои нобудсозӣ ба Агентии Тоҷикстандарт ирсол гардида, қисми дигар муваққатан дар анбори Раёсат нигоҳдорӣ шуда, дар рӯзҳои наздик тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда мешавад.
Ҳамчунин, дар шуъбаи озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрока ва кишоварзӣ 15 ҳазору 124 намуна мавриди ташхис қарор гирифт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 1268 намуна зиёд мебошад.
Дар фарҷоми нишаст сардори Раёсат Зулфиқор Тоиров ба суолҳои намояндагони васоити ахбори омма посух дода, таъкид намуд, ки фаъолияти ниҳод дар соли 2025, сарфи назар аз амал намудани мораторий ба санҷишҳо, дар самти таъмини сифат, бехатарӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон натиҷаҳои назаррас ба бор овард.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




