Ба истиқболи 35-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон рушди соҳаи саноат ва корҳои созандагӣ вусъати тоза касб кардааст. Корхонаҳои «Фулузоти нодири Тоҷикистон» ва ҶДММ «Хишти муосири аълосифат» бо истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар пешрафти иқтисодии шаҳр саҳми назаррас мегузоранд.

Корхонаи воҳиди давлатии “Фузулоти нодири Тоҷикистон» яке  аз корхонаи асосии саноатии шаҳр  ба ҳисоб рафта,  дар он бахшҳои истеҳсоли маҳсулоти гуногун аз ҷумла,  либоси мактабӣ, пойафзол  маҳсулоти заргарӣ  ва қолинҳои дастибоф ба роҳ монда шудааст. Бахшҳои мазкур 19-уми ноябри соли 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта, то инҷониб фаъолият менамояд. 

Ба иттилои масъулони корхона, айни замон дар асоси шартнома барои як қатор муассисаҳои таълимӣ либосҳои мактабӣ истеҳол менамояд, ки нархи онҳо аз 110 то 350 сомонӣ мебошад.  Ҳоло дар корхона 20 нафар фаъолият намуда,  дар умум 60 ҷойи корӣ пешбинӣ гардидааст ва барои ҷалби мутахассисон ҷойҳои кори холӣ низ мавҷуд мебошад. 

Муовини директори генералии  КВД “Фузулоти нодири Тоҷикистон”  Хуршедҷон  Очилов   иброз дошт, ки  музди маоши миёнаи  кормандон аз 1700 то 2000 сомонӣ  буда,   ҳамзамон аз рӯи фаромоиш низ маоши кормандон зиёд мешавад.

Бояд гуфт, КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ки соли 1945 таъсис ёфта, нахустин истеҳсолкунандаи маводи атомӣ дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  ба ҳисоб мерафт.  Ҳоло дар назди корхона минтақаҳои пойафзолдӯзӣ, заргарӣ ва қолинбофии дастӣ фаъолият мекунанд.  Яке аз бахшҳои фаъоли КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» корхонаи фаръии «Зари Суғд» мебошад.  Дар ин ҷо истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ ва қолинҳои дастибоф ба роҳ монда шудааст.

Дар корхонаи фаръии “Зари Суғд”  беш аз 100 намуди ҷавоҳирот  коркард гардида, маснуоти гуногуни заргарӣ, армуғонҳо, нимпайкара ва аз сангҳои ороишӣ туҳфаҳо ва дигар маҳсулоти филизӣ истеҳсол мешавад. Ҳамчунин нишонҳои сарисинагиро низ аз рӯи фармоиш омода мекунанд.

Яке аз корхонаҳои дигари шаҳри Бӯстон  ҶДММ “Хишти муосири аълосифат” мебошад.  Ин корхона   13-уми июли соли 2025-ум бо иштироки Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то инҷониб хиштҳои сабук истеҳсол менамояд.

Тибқи иттилоъ дар шаш моҳи соли 2026-ум  ба маблағи 5 миллион сомонӣ  хишти муосир (газаблок)  истеҳсол шуда,   дар  ҳудуди вилоят  содирот шудааст.  Иқдирои истеҳсоли корхона дар як рӯз  150 -200 метри кубиро ташкил дода,  дар шаш моҳи соли ҷорӣ 12 ҳазор куб хишт истеҳсол шудааст.   Гуфта мешавад, ки ба маблағи 2050000 доллари амрикоӣ (ду миллиону панҷоҳ ҳазор доллар) аз Ҷумҳурии Халқии Хитой таҷҳизоти зарурӣ ворид шуда, ҳамзамон  барои сохтмон 3500000 сомонӣ (3 миллиону панҷсад ҳазор сомонӣ)  маблағ сарф гардидааст.

Ҳоло дар корхона  37 нафар корманд фаъолият намуда, аз ин шумора 10 нафарашон зан ҳастанд. Музди маоши миёнаи кормандон  3500-3800 сомонӣ мебошад.

 Ба гуфти роҳбари корхонаи ҶДММ “Хишти муосири аълосифат” Ҷамшед Дадоматов дар нақша аст, ки соли 2027-ум  хишти муосир (газаблок) ба Ҷумҳурии Қирғизистон содирот мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар шаҳр   62 корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 адад зиёд аст.   Ин корхонаҳо  ба истеҳсоли  орду равған, консерваи меваю сабзавот,  қубурҳои металӣ, профилҳои гуногун, арматура, халтаҳои полипропиленӣ, полиэтиленӣ, коғазӣ, мех, сангҳои ороишӣ, рангҳои сохтмонӣ, пойафзол, маснуоти заргарӣ ва дигар намуди  молу маҳсулот равона шудааст.

Манзура БАХТИЁРЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”