Дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти двалатии вилояти Суғд нишасти матбуотии муштараки ниҳодҳои иқтисодии вилоят доир гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фаъолияти молиявӣ дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сардори Сарраёсати молия дар вилояти Суғд Анвар Мирзозода изҳор дошт, ки дар ин давра Раёсати аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсат дар 530 ташкилоту муассиса аудиту таҳлил гузаронидааст. Дар натиҷаи ин санҷишҳо ба маблағи умумии 7642,4 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.
Дар сохтори зарари молиявии ошкоршуда хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 1463,7 ҳазор сомонӣ ва камомаду тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 4420,4 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳамчунин зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 55,8 ҳазор сомонӣ ва изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 695,8 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд. Талафи воситаҳои пулию молӣ ба 40 ҳазор сомонӣ баробар шуда, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 966,7 ҳазор сомониро ташкил намуд. Бояд гуфт, ки аз маблағи умумии зарари молиявӣ 5615 ҳазор сомонӣ ё 73 дарсади он ба буҷет барқарор карда шудааст.
Мутобиқи маълумоти оморӣ дар ҷамъбасти соли 2025 нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди вилоят ба 49102,7 миллион сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,3 дарсад баробар гардид. Ҳиссаи вилояти Суғд дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 27,8 дарсадро ташкил дод. Ин рушд асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 23,5 дарсад ва кишоварзӣ 11 дарсад таъмин карда шуд. Инчунин гардиши савдои чакана 5,6 дарсад ва хизматрасониҳои пулакӣ 8,8 дарсад афзоиш ёфтанд. Суръати афзоиш дар гардиши савдои хориҷӣ 37,5 дарсад ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 37,7 дарсадро ташкил намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷамъбасти соли ҳисоботӣ ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят ӯҳдадориҳои худро дар назди даромадҳои буҷети маҳаллӣ пурра ва барзиёд иҷро карданд. Танҳо шаҳри Панҷакент уҳдадориҳои андозиро аз рӯи контингенти умумии даромадҳо ба андозаи 4,2 дарсади нақша таъмин карда натавонист. Дар натиҷа, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 54,2 миллион маблағ ворид нагардид.
Соли сипарӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ ба буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 705,7 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки ин 20,8 дарсади хароҷоти ҳақиқии онҳоро ташкил медиҳад. Аз ин маблағҳо 48,2 миллион сомонӣ барои ҳисоббаробаркунӣ ва 14,4 миллион сомонӣ ҳамчун қарзи муваққатии буҷетӣ барои пардохти саривақтии музди меҳнат равона карда шуд.
Муовини сардори Сарраёсати омори вилоят Садриддин Исомадинӣ иттилоъ дод, ки дар соли 2025 корхонаҳои саноатӣ якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 39146,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба соли 2024 бо назардошти индекси нархҳо 123,5 фоизро ташкил дод. Аз 265 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатӣ дар 172 номгӯй афзоиш ба қайд гирифта шуд. Айни замон дар вилоят 1316 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд.
Муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки вилояти Суғд Муҳаммадҷобир Раҷабзода иброз дошт, ки дар давоми соли 2025 ба вилояти Суғд аз тарафи ташкилотҳои байналхалқӣ 5080 ҳазор доллар ва ҳамчун кӯмаки башардӯстона 411,7 ҳазор доллар ворид гардид. Сармояҳои мустақим 405,9 миллион доллар ва ҳаргуна сармояҳои дигар 663,9 миллион долларро ташкил доданд. Тавассути Биржаи молу мулк ва мақомоти иҷроия дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Зафаробод 7 адад бино хусусӣ карда шуд. Аз ҳисоби 1084 шартномаи иҷораи молу мулк ба буҷети давлатӣ 7155832,3 сомонӣ маблағ ворид гардид.
Ҳамчунин, муовини сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги вилоят Абдумавлон Қодиров иттилоъ дод, ки ба истиқболи ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2025 – ум ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2800 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар миқёси вилоят 146 корхонаву коргоҳи нав бо 1497 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шуруъ намуданд. Корхонаҳои навтаъсис асосан корхонаҳои соҳаи саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва сабукро дарбар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.
Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба фаъолияти чор ниҳоди иқтисодӣ ва фаъолияти онҳо саволҳои мухталиф пешниҳод карданд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




