- Нимсолаи якуми соли 2026 имкон дод, ки нишондиҳандаҳои асосии иқтисодию буҷетӣ бо суръати афзоиши назаррас таъмин гардида, заминаи устувори рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ гузошта шавад. Мутобиқи маълумоти омори давлатӣ дар моҳҳои январ ва июни соли 2026 нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди вилоят ба 21188 миллион сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108 дарсад баробар гардида, ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 25,9 дарсадро ташкил дод. Ин рушд асосан аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11 дарсад, маҳсулоти кишоварзӣ ба миқдори 10,2 дарсад, гардиши савдои чакана ба андозаи 19,5 дарсад, хизматрасониҳои пулакӣ ба андозаи 6,8 дарсад, гардиши савдои хориҷӣ ба миқдори 35,2 дарсад ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба андозаи 46,4 дарсад даст дод, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Анвар Мирзозода. 

Доир ба иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ин давра ба андозаи 106,3 дарсад таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 4284 миллион сомонӣ ворид карда шуд.

Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 254,2 миллион сомонӣ ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли қаблӣ 796,1 миллион сомонӣ ё 22,8 дарсад зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бошад, ба андозаи 107,2 дарсад ва ба маблағи 937 миллион сомонӣ таъмин гардида, воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 22 дарсад ё 168,9 миллион сомонӣ афзуд. Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 101,5 дарсад ё ба маблағи 432,2 миллион сомонӣ ва аз корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 112,7 дарсад ё ба маблағи 504,8 миллион сомонӣ иҷро гардид. Дар ин давра ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллиро пурра ва барзиёд таъмин намуданд. Танҳо дар ноҳияи Ашт ва шаҳри Панҷакент нақшаи воридот ба буҷети давлатӣ аз рӯйи контингенти умумии даромадҳо иҷро нагардид.

- Нақшаи ҳиссаҷудокуниҳо аз андозу даромадҳои умумидавлатӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи 104 дарсад иҷро гардида, ба маблағи умумии 1117,4 миллион сомонӣ гузаронида шуд. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба андозаи 106,2 дарсад ё ба маблағи 2662,5 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба нақша 155,2 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли қаблӣ 23,5 дарсад ё 506,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Маблағи боқияи қарзи андозҳо нисбати аввали сол ба маблағи 0,6 миллион сомонӣ кам гардид. Ҳаҷми боқияпулиҳои андоз бе назардошти қарзи андозсупорандагони калон дар вилоят ба ҳолати 1 - уми июли соли 2026 ба 259,9 миллион сомонӣ баробар шуд, - гуфт Анвар Мирзозода.

Гуфта шуд, ки маблағи умумии боқияпулиҳои андоз бо назардошти қарзи корхонаҳои нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят ба 295,9 миллион сомонӣ баробар аст, ки ин нисбат ба аввали сол 2,6 миллион сомонӣ кам мебошад. Маблағи асосии боқияпулиҳоро бақияи қарзи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ 75,1 миллион сомонӣ яъне 25,4 дарсади маблағи умумии боқияпулиҳо ва андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 52,3 миллион сомонӣ яъне 17,7 дарсад ва андози иҷтимоӣ 52,1 миллион сомонӣ яъне 17,6 дарсад ва андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ 21,1 миллион сомонӣ яъне 7 дарсад ва дигар намуди андозҳо ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон доир ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ва хароҷоти буҷетӣ иттилоъ дода шуд, ки нақшаи қисми хароҷоти буҷети вилоят барои нимсолаи якуми соли 2026 ба андозаи 98,7 дарсад иҷро гардида, барои маблағгузории хароҷоти соҳаҳои буҷетӣ 2535,8 миллион сомонӣ равона шуд, ки нисбат ба нақшаи аниқшуда 32,4 миллион сомонӣ кам ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 511,8 миллион сомонӣ ё 25,3 дарсад зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузории пурра ва саривақтии хароҷоти аввалиндараҷаю зарурии муассисаҳои буҷетӣ таъмин гардида, музди меҳнат ва маблағҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ пурра пардохт карда шуд ва аз ҳисоби ин пардохтҳо дар вилоят қарздорӣ ё кафомонӣ вуҷуд надорад. Давоми моҳҳои январ ва июни соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои маҳаллии вилоят барои маблағгузории хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ яъне маориф ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳангу варзиш маҷмӯан 2243,4 миллион сомонӣ равона гардид, ки ба 88,5 дарсади хароҷоти умумӣ баробар аст.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода ва муовини сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги вилоят Абдумавлон Қодиров доир ба фаъолияти худ маълумот доданд.

Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба фаъолияти чор ниҳод саволҳои худро пешниҳод ва посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”