Дар остонаи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд саҳифаи наверо дар таърихи бунёдкориҳои кишвар боз намуд. Ин сафари пурбарор бо ифтитоҳи силсилаи иншооти ҳаётан муҳим дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафурову Мастчоҳ ва Бӯстону Исфара хотирмон гардида, қадами устуворе дар роҳи татбиқи ҳадафи чаҳоруми стратегӣ, яъне саноаткунонии босуръати кишвар маҳсуб меёбад.
Хуҷанд: Истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Далерон» ба фаъолият оғоз кард. Ин корхона дар минтақаи саноатии шимолу шарқӣ воқеъ буда, роҳбарии ин корхонаро Баҳриддин Назаров ба зимма дорад. Масоҳати корхона 1800 метри квадратӣ буда, ба бастубанди гӯшти мурғ машғул мебошад.
Иқтидори ин корхона дар як моҳ ба 20 тонна маҳсулот баробар аст. Барои ташкили истеҳсолот 1 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шуда, таҷҳизоти муосири чинӣ насб гардидааст.
Дар ин ҷо 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд ва маоши миёнаи онҳо аз 1800 то 2000 сомониро ташкил медиҳад. Ашёи хом барои бастубанд аз захираҳои дохилии Тоҷикистон дастрас мегардад.
Дар ҳамин минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд боз як коргоҳи дигар бо номи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд Саноат Холдинг» воқеъ буда, зери роҳбарии Ҷаъфар Раҳматов ба фаъолият оғоз кард. Самти асосии кори он ба истеҳсоли оби ҷав нигаронида шудааст.
Иқтидори истеҳсолӣ 20 ҳазор дал дар як солро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии коргоҳ 1000 метри квадратиро фаро гирифта, барои фаъолияти 20 нафар корманд шароити мусоид фароҳам овардааст. Сармояи коргоҳ 3 миллион сомонӣ буда, таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Хитой ворид карда шудааст. Бояд гуфт ки ашёи хоми истифодашаванда пурра аз Тоҷикистон мебошад. Музди маоши миёнаи кормандон дар ин ҷо аз 2500 то 3000 сомониро ташкил медиҳад. Дар давоми соли 2025 – ум дар корхонаҳои истеҳсолии вилоят ба миқдори 17120,1 декалитр оби ҷав истеҳсол шудааст.
Бобоҷон Ғафуров: Рушди саноати бастабандӣ
Яке аз рӯйдодҳои муҳими дигар ифтитоҳи марҳилаи дуюми корхонаи «Қуттии тоҷик» дар шаҳраки Кансойи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Бо татбиқи ин тарҳ иқтидори истеҳсолии корхона ба куллӣ тағйир ёфт. Агар қаблан дар як шабонарӯз 5 тонна маҳсулот коркард мешуд, ҳоло ин нишондод дар якҷоягӣ бо марҳилаи нав ба 15 тонна расид. Истеҳсоли қуттиҳои картонӣ ба наздики 30 ҳазор адад баробар шуда, шумораи кормандон аз 80 ба 130 нафар афзоиш пайдо кард. Боиси ифтихор аст, ки 70 дарсади ашёи хоми ин корхона дохилӣ буда, маҳсулоти он аллакай ба бозорҳои хориҷӣ роҳ ёфтааст. Танҳо дар соли 2025 ин корхона ба маблағи беш аз 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маҳсулоти худро содир намудааст.
Исфара: Эҳёи иқтидори энергетикӣ
Қуллаи дастовардҳои саноатӣ дар шаҳри Исфара аз мавриди истифода қарор гирифтани кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт» оғоз гардид. Ин тарҳи бузург, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд амалӣ шуд, заминаи мусоидро барои таҷдиду навсозии хатҳои истеҳсолӣ фароҳам овард. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 700 нафар мутахассисон дар ин коргоҳ фаъолият доранд. Нақшаҳои ояндабинонаи масъулин бозгӯи он аст, ки ҳаҷми истеҳсоли ангишт соли 2026 то 200 ҳазор тонна ва соли 2027 то 700 ҳазор тонна расонида мешавад. Ҳадафи ниҳоӣ дар соли 2028 ба зиёда аз 1 миллион тонна расонидани истихроҷи ин сарвати табиӣ мебошад, ки ин дастовард амнияти энергетикии моро боз ҳам тақвият мебахшад. Бино ба иттилои мавҷуда дар давоми соли 2025 – ум дар вилоят ҳамагӣ 2214241,3 тонна ангишт истеҳсол шудааст, ки аз ин миқдор 77530 тоннааш ангишти бур мебошад.
Мастчоҳ: Масолеҳи сохтмонӣ ва набзи бунёдкорӣ
Дар ноҳияи Мастчоҳ бошад, корхонаи муосири истеҳсоли хишти сохтмонии «Ҷаъфар-2014» ба фаъолият оғоз кард. Ин иншоот, ки бо ҳиммати соҳибкорони ватанӣ Ниёз Ниёзов ва Саъдӣ Ниёззода дар муддати 1 солу 8 моҳ бунёд ёфтааст, намунаи олии ватандӯстӣ мебошад. Корхона бо технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз буда, қодир аст дар як шабонарӯз 80 ҳазор дона ва дар як сол зиёда аз 24 миллион дона хишти пухтаи хушсифат истеҳсол намояд. Бо оғози фаъолияти ин коргоҳ беш аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд. Дар маҷмуъ дар корхонаҳои истеҳсоли хишти вилоят 71036,8 дона хишт истеҳсол шудааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2024 – ум 55372,6 донаро ташкил карда буд.
Бино ба иттилои сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек дар давоми ду моҳи соли равон дар вилоят 14 корхонаи нави саноатӣ бо 59 ҷойи кории нав ба фаъолият оғоз кард. Бештари корхонаҳои навтаъсис дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Спитамен ба қайд гирифта шудаанд.
Ин ҳама иншооти навбунёд ва талошҳои созанда нишонаи возеҳи шукуфоии Тоҷикистони азиз дар роҳи истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва садоқат ба сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат мебошад.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




