Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода иброз дошт, ки омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад.

- Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 115 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз 116 иншоот пурра сохта, мавриди истифода қарор гирифт, ки ба 100,8 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар аст.  Илова бар ин, сохтмони боз 7 иншооти дигар бо суръати баланд идома дорад, - гуфт мавсуф.

Ба гуфтаи ӯ, иншооти бунёдшуда қариб ҳамаи бахшҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодии ноҳияро дар бар мегиранд. Дар баробари корҳои созандагӣ, нишондиҳандаҳои молиявии ноҳия низ мусбат арзёбӣ гардид. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 106,8 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 17,1 миллион сомонӣ ворид гардид. Ин нисбат ба нақша 1,1 миллион сомонӣ бештар мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ ба рушди бахши кишоварзӣ ҳамчун соҳаи асосии иқтисодиёти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи самараноки заминҳои корам яке аз омилҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ба ҳисоб меравад.

- Дар шаш моҳи аввали соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 80,2 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 112,9 фоизро ташкил медиҳад, -  иброз дошт Хайрулло Бобозода.

Картошкапарварӣ ҳамоно самти асосии кишоварзии ноҳия боқӣ мемонад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар беш аз 4230 гектар замин  зироат кишт гардида, аз ин 3929,2 гектар ба картошка рост меояд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 676 гектар бештар буда, аз афзоиши таваҷҷуҳи кишоварзон ба парвариши ин зироати сердаромад дарак медиҳад.

- Дар баробари картошка, дар ноҳия кишти ғалладона ва лӯбиёгиҳо дар майдони 103,1 гектар, сабзавот дар 23,7 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво дар 173,9 гектар анҷом дода шудааст. Соҳаи чорводорӣ низ рушди мусбат дошта, ба ҳолати нимсолаи аввали соли ҷорӣ саршумори чорвои калон ба 23 ҳазору 183 сар, аз ҷумла модагов ба 10 ҳазору 798 сар расидааст. Ҳамчунин, дар ноҳия 165 ҳазору 802 сар гӯсфанду буз, 9936 сар паранда ва 374 сар асп парвариш карда мешавад, - равшанӣ андохт раиси ноҳия Хайрулло Бобозода.

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд шудани ҳаҷми сармоягузорӣ, иҷрои барзиёди нақшаи сохтмони иншоот ва беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои буҷетӣ бозгӯи он аст, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2026 ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ марҳала ба марҳала  барои рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Файзуллохон ОБИДОВ,

"Ҳақиқати Суғд"