Чанде пеш бо Икома Томоки мушовир оид ба таҳияи лоиҳа, намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ки дар доираи кори як форуми иқтисодӣ ба вилояти Суғд омада буд, ҳамсуҳбат шудем. Вай аз моҳи апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон кору зиндагӣ дошта, аллакай,  бо кишвари мо аз наздик шинос шуд. Ӯ зимни суҳбат бо мо дар бораи табиати афсункори Тоҷикистон, махсусияти мардуми тоҷик изҳори назар кард. 

- Шумо бори аввал кай ба Тоҷикистон омадед ва аввалин таассурот чӣ гуна буд?

- Ман бори аввал моҳи апрели соли 2026 ба Тоҷикистон омадам. Пеш аз сафар тасаввуроти ман дар бораи кишвар асосан ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, аз қабили ММД ба ҳар сари аҳолӣ асос ёфта буд. Аз ин рӯ, интизор доштам, ки бо кишвари хеле камбизоат ва аз лиҳози рушд ақибмонда рӯ ба рӯ мешавам.

Аммо вақте ба Душанбе расидам, дар ҳайрат мондам. Шаҳр тоза, сабзу хуррам ва зебо тарҳрезӣ ёфтааст. Пойтахт бо роҳҳои васеъ, боғҳо ва биноҳои бошукӯҳ шаҳомати хос пайдо кардааст. Пас аз ин, имконият даст дод, ки ба минтақаҳои гуногун сафар карда, бо одамони зиёд мулоқот намоям. Сафарҳо, вохӯриҳо боис шуд, ки Тоҷикистонро хубтару беҳтар шиносам.  Кишвари Шумо  дорои имкониятҳои бузург, сарватҳои фаровони табиӣ ва мардуми меҳмоннавоз аст.

- Ҳайсияти мардуми тоҷикро барои худ чӣ гуна кашф кардед?

- Он чизе, ки ба ман бештар таъсир гузошт, хушмуомила будану  меҳмоннавозии тоҷикон аст. Ҳар вақте ки ман ба идораҳои давлатӣ ва ҷамоатҳо меравам, одамон кӯшиши зиёд мекунанд, то меҳмон худро роҳат ҳис кунад. Тоҷикон хушсуҳбат ҳастанд. Бо меҳмон сӯҳбатҳои  зиндаву самимӣ меороянд, ки ин ба эҷоди боварӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунад.

- Ба назари шумо, тоҷикон ва ҷопониҳо чӣ монандиҳо доранд? Масалан, дар эҳтиром ба калонсолон, муносибат ба кор, арзишҳои оилавӣ ё анъанаҳо.

- Як монандии барҷаста  дар эҳтиром ба калонсоло мебошад. Ман мушоҳида кардам, ки ҷавонон дар Тоҷикистон аксар вақт нисбат ба насли калонсол таваҷҷуҳ ва муносибати нек нишон медиҳанд. Масалан, ба ман гуфтанд, ки тибқи анъана узви ҷавонтари оила ба калонсол ё меҳмони хонавода аз  болои хона ҷойи  нишаст медиҳанд. Дар Ҷопон низ мо ба  калонсолон эҳтироми зиёд қоилем. Ба меҳнату таҷрибаи онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда,  изҳори сипос мекунем. Ман бовар дорам, ки ҳар ду ҷомеа ба робитаҳои оилавӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ арзиши баланд медиҳанд, гарчанде фарҳангҳои мо дар қисматҳои гуногуни ҷаҳон ташаккул ёфтаанд.

- Тоҷикон таърихи чандҳазорсола доранд ва Суғд яке аз марказҳои муҳими тамаддуни қадим дар Осиёи Марказӣ буд. Оё шумо аз Саразм, Панҷакенти қадим ё дигар мавзеъҳои таърихии Суғд дидан кардаед? Кадом мавзеъ бароятон бештар таъсир гузошт?

- Бале, ба ман имконият даст дод, ки ҳам аз Саразм ва ҳам аз Панҷакенти қадим дидан кунам. Панҷакенти қадим барои ман махсусан ҷолиб буд, зеро он тасаввури зиндаеро аз ҳаёти мардум дар масири Роҳи Абрешим фароҳам овард. Ҳамчунин, ба ман робитаи наздики таърихи Суғд бо кишварҳои ҳамсоя, бахусус Ӯзбекистон, таъсир гузошт. Ин мавзеъҳо ба ман ёдрас карданд, ки Осиёи Марказӣ дар тӯли таърих чорроҳаи тамаддунҳо, тиҷорат ва мубодилаи фарҳангӣ будааст. Боздид аз онҳо асос шуд, ки ба ғановати мероси таърихии тоҷикон бештар қадр гузорам.

- Табиати Тоҷикистон, хосатан, вилояти Суғд  саршор аз сарватҳои бузурги табиист, ки ҳудуди он аз кӯҳҳои сарбаафлоки Фон сар шуда, то қисмати ғарбии водии зархези Фарғонаро фаро мегирад. Кадом манзара ё минтақаи табиии Суғдзамин бароятон хотирмон аст?

- Барои ман силсилакӯҳҳои Ҳафткӯл яке аз мавзеъҳои зеботарини табиӣ- сайёҳӣ аст. Воқен, он манзараҳои ҳайратангез дорад. Бароям басо аҷиб буд, ки ҳар як кӯл рангу хусусияти хоси худро дорад. Дар ин оби булӯрин, кӯҳҳои хушранг, муҳити орому осуда муҳити фаромӯшнашавандаеро ба вуҷуд меоард. Ин яке аз зеботарин манзараҳои табииест, ки ман то имрӯз дидаам. Ба ҳар касе, ки ба Тоҷикистон сафар карданист, ҳатман тамошои он ҷойро тавсия медиҳам.

- Кадом таоми анъанавии тоҷикӣ ба шумо бештар писанд омад? Оё ягон таоми тоҷикӣ ҳаст, ки пас аз бозгашт ба Ҷопон онро пазмон мешавед?

- Қурутоб - таоми тоҷикии писандидаам аст.  Тарзи омодакунӣ ва таркиби он аз таомҳои ҷопонӣ хеле фарқкунанда аст, аммо онро баъд аз чанд бори тановул кардан, воқеан,  дӯст доштам. Қурутоб, оши палав одамонро сари як дастархон ҷамъ меорад ва дар худ меҳмоннавозиву фарҳанги тоҷиконро инъикос мекунад. Бешубҳа, қурутоб таомест, ки пас аз бозгашт ба Ҷопон онро пазмон мешавам ва умедворам, ки дар оянда боз имкони хӯрдани онро пайдо мекунам.

- Оё ягон расму ойин, амал ё анъанаи тоҷикӣ ҳаст, ки дар аввал барои шумо ғайриоддӣ менамуд, вале баъдтар онро қадр кардан ё дӯст доштан гирифтед?

- Мушоҳида кардам, ки ҷомеаи Тоҷикистон аксар вақт ба қоидаҳо, тартибот ва эҳтироми расмӣ ба мансабу мартаба  аҳамияти зиёд медиҳад. Дар аввал ин барои ман нисбат ба он чизе, ки одат карда будам, каме фарқкунанда менамуд. Вале бо гузашти вақт дарк кардам, ки ин расму одатҳо ба нигоҳ доштани тартиботи иҷтимоӣ, эҳтироми мутақобила ва субот мусоидат мекунанд.

- Ҷопон бо фарҳанги банақшагирии дарозмуддат ва сатҳи баланди интизом машҳур аст. Бар асоси таҷрибаи кор бо Тоҷикистон, ба фикри Шумо, кадом унсурҳои таҷрибаи идоракунии Ҷопон метавонанд барои шаҳрҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Хуҷанд, муфид бошанд?

- Ман бовар дорам, ки фалсафаи "кайдзен", яъне  методологияи ҷопонии пайваста беҳтар кардани равандҳои истеҳсолот, идоракунӣ ва ҳаёти ҳаррӯза барои Тоҷикистон муфид буда метавонад. Ин тарзи фикрронӣ ва нигоҳ ба зиндагию кор шахсро, ташкилотро ташвиқ мекунад, ки ба ҷойи мунтазир шудан барои ислоҳоти бузург, ҳар рӯз тадриҷан, вале пайвас-та беҳбудиҳои хурдро ворид намоянд. Ин равиш метавонад самаранокиро тақвият дода, хизматрасониҳои давлатиро беҳтар кунад ва идораву ташкилотро ба ниёзҳои шаҳрвандон бештар вокунишдиҳанда гардонад.

- Тоҷикистонро пас аз даҳ сол чӣ гуна тасаввур мекунед ва дар ин радиф, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон чӣ нақш дошта метавонад?

- Ман ба ояндаи Тоҷикистон хушбин ҳастам. Дар даҳ соли оянда интизор дорам, ки кишвар рушди иқтисодии худро идома дода, инфрасохторро беҳтар мекунад ва барои ҷавонон имкониятҳои бештар фароҳам меорад. Бо дарназардошти мавқеи стратегӣ, захираҳои бойи табиӣ ва сармояи инсонии рӯ ба рушд Тоҷикистон дорои имкониятҳои назаррас аст. Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон тавассути дастгирии рушди захираҳои инсонӣ, беҳтар намудани инфрасохтор ва кӯмак ба ҷамоатҳо барои бештар устувор шудан саҳм гузошта метавонад. Ман бовар дорам, ки тавассути шарикии дарозмуддат ва мубодилаи донишу таҷриба метавонем, ки дастгирии рушди устувор ва фарогирро дар Тоҷикистон идома диҳем.

- Дар ниҳояти суҳбат, пас аз таҷрибаи касбии худ дар Тоҷикистон, агар ба Шумо имконият дода шавад, ки як чизро аз фарҳанги тоҷикӣ бо худ ба Ҷопон баред, чиро интихоб мекардед?

- Ман фарҳанги ҷамъ омадани оила, дӯстон ва ҳамкорон дар сари дастархони тоҷикиро интихоб мекардам. Бароям муассир аст, ки чӣ гуна дар Тоҷикистон ҳар як ҷамъомад ба имконияти таҳкими дӯстӣ ва муносибатҳои инсонӣ табдил меёбад. Дар ҳар нишасту анҷуман суханрониҳо пурмазмун, хотирмон ва ҷое ҳаҷвомез аст, ки ба кас эҳсоси махсус мебахшад. Одамон вақт ҷудо мекунанд, то бо ҳам суҳбат кунанд, ба якдигар гӯш диҳанд ва аз ҳамнишинӣ лаззат баранд. Ман фикр мекунам, фарҳанги робитаи инсонӣ ва меҳмоннавозиро Ҷопон метавонад, ки омӯзад ва онро қадр кунад.

Файзуллохон ОБИДОВ,

«Ҳақиқати Суғд»