Рушди босуръати сохтмони иншооти гуногун дар кишвар, пеш аз ҳама, ба фаъолияти корхонаҳои ватанӣ вобаста аст, ки бо истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғуланд. Маҳз чунин корхонаҳо метавонанд вобастагии бозори дохилиро аз воридот коҳиш дода, ҳамзамон ҷойҳои нави корӣ ва арзиши иловагии иқтисодӣ эҷод намоянд. Яке аз намунаҳои равшани чунин раванд ҶДММ «Хишти муосири аълосифат» мебошад, ки фаъолияти он дар шаҳри Бӯстон ба як унсури муҳими рушди саноатӣ табдил ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки 13 – уми июли соли гузашта дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газоблокҳои ин ҷамъият бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Корхона ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Ҷамшед Дадоматов ва Саидаҳмад Саидкамолов бунёд гардида, барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии он бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли воридотӣ 25 миллион сомонӣ равона шудааст.
Иқтидорҳои истеҳсолии корхона имкон медиҳанд, ки дар як шабонарӯз аз 250 то 300 метри мукааб газоблок истеҳсол карда шавад. Ин нишондиҳанда на танҳо талаботи бозори маҳаллиро қонеъ месозад, балки имкони таъминоти минтақаҳои дигари вилоят ва сохтмончиёни дохилиро низ фароҳам меорад. Ба истифода додани корхона боиси таъсиси 60 ҷойи нави корӣ гардида, аҳолии маҳаллӣ бо шуғли доимӣ таъмин шудааст.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ташаббуси соҳибкорони ватаниро баланд арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати таъмини сифати маҳсулот ва мутобиқати он ба стандартҳои давлатӣ дастур доданд. Маҳз ҳамин талабот корхонаро водор месозад, ки на танҳо ҳаҷм, балки рақобатпазирии маҳсулотро дар меҳвар қарор диҳад.
Дар марҳилаи дуюми рушд муассисон сохтмон ва ба истифода додани сехи ширешбарорӣ барои насби хиштҳои сабукро ба нақша гирифтаанд. Айни ҳол дар корхона 24 нафар коргар фаъолият дошта, барои кормандон шароити муносиб, аз ҷумла ду дафъа хӯрок аз ҳисоби корхона муҳайё гардидааст.
Директори генералии корхона Хуан Фей ҳадафи асосии фаъолияти корхонаро чунин шарҳ медиҳад:
- Мо ният дорем бо афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва роҳандозии сехи ширешбарорӣ воридоти масолеҳи сохтмониро коҳиш дода, бозори дохилиро бо маҳсулоти ҷавобгӯ ба стандартҳои давлатӣ таъмин намоем.
Фаъолияти ин корхона дар заминаи рушди умумии саноати шаҳри Бӯстон сурат мегирад. Айни ҳол дар шаҳр 60 корхонаи саноатӣ ва сехи истеҳсолӣ фаъолият доранд, ки маснуоти гуногун аз орд, равғани растанӣ ва консерваҳо то масолеҳи сохтмонӣ, профилҳо, арматура, халтаҳои полипропиленӣ ва санги ороиширо истеҳсол мекунанд. Ин гуногунсамтӣ заминаи устувори иқтисодии шаҳрро тақвият мебахшад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон 223 банд чорабинии ободониву созандагӣ ба нақша гирифта шуда, амалан 224 корхона ва иншоот ба истифода дода шудааст, ки беш аз 100 фоиз иҷрои нақшаро нишон медиҳад. Ҳамчунин, дар соли 2025 аз 56 иншооти банақшагирифташуда, то 1 январи соли 2026 97 иншоот ба анҷом расида, иҷрои нақша ба 173,2 фоиз баробар шудааст.
Ин рақамҳо далели он аст, ки рушди саноат, аз ҷумла истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, дар шаҳри Бӯстон хусусияти устувор ва низомнок касб кардааст. Таҷрибаи «Хишти муосири аълосифат» нишон медиҳад, ки ҳамгироии сармояи хусусӣ, сиёсати давлатии саноатикунонӣ ва талаботи бозор метавонад ба натиҷаҳои мушаххаси иқтисодӣ ва иҷтимоӣ оварда расонад.
Насими Саидмуҳаммад,
“Ҳақиқати Суғд”




