Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд.                                     

Эмомалӣ Раҳмон

Салим Бобоҷонов як тан аз сокини Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар маҳалли зисти онҳо аз соли 2015 боз  ҳисобкунакҳои барқии ҳушманд насб гардидааст. Он замон ба онҳо фаҳмонида буданд, ки роҳи аслии коҳиши талафоти неруи барқ дар насби чунин ҳисобкунакҳои рақамӣ ва гузариш ба низоми биллингӣ мебошад. Инак, 11 сол мешавад, ки шаҳрвандон аз рӯйи кори ин низом маблағи истифодаи неруи барқро саривақт месупоранд. Тайи чанд муддат аст, ки Салим Бобоҷонов аз кори ҳисобкунаки барқӣ чандон қонеъ нест. Бино ба қавли вай, дар фасли тирамоҳу зимистон пардохти маблағи истифодаи барқ якбора чанд баробар зиёд мешавад.

- Ба назари ман, чанд сол аст, ки дар фасли баҳору тобистон низ ҳисобкунакҳои нав ҳаҷми истифодаи барқро аз меъёр зиёд нишон дода истодааст. Вақте ҳисобкунаки оддӣ кор мекард, ҳаққи истифодаи барқро ба ин ҳадд намесупоридем. Шояд айб дар тарзи кори ҳисобкунакҳои нав будагист, - шубҳаангез гуфт ӯ.

Зимнан, Салим Бобоҷонов баъди он, ки ба кори ҳисобкунаки рақамӣ шубҳадор шуд, тибқи тавсияи як дӯсташ ба Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд муроҷиат кард. Мутахассисони ин ниҳод ҳисобкунаки барқии ҳушманди ӯро аз санҷиш гузаронида, ба соҳибаш хулосаҳои зарурӣ ва шаҳодатномаи коршоямӣ пешниҳод сохтанд.  

Дар баробари ин, мо низ ба шуъбаи санҷиш ва  андозагирии воситаҳои ченаки Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд рафта, бо мутахассисони соҳибтаҷриба оид ба фарқи кори ҳисобкунаки ҳушманд аз ҳисобкунаки индуксионӣ ва тарзи аз санҷиши давлатӣ гузаронидани онҳо ҳамсуҳбат шудем.

Баҳром Сайдалиев сардори шуъбаи санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченаки Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд зимни суҳбат иттилоъ дод, ки дар семоҳаи аввали соли равон 16 ҳазору 243  воситаи ченак мавриди санҷиш қарор гирифт. Аз ин шумора 9 ҳазору 333 ҳисобкунаки барқии якфазагӣ ва 1 ҳазору 796 ҳисобкунаки барқии сефазагӣ санҷида шуданд. Дар натиҷаи санҷиш 7 ҳисобкунаки барқӣ бинобар  аз меъёри муқарраршуда зиёд ё кам нишон додани ҳаҷми истеъмол корношоям эътироф гардид. Ба чунин воситаҳои ченак шаҳодатномаи коршоямӣ дода нашуда, аз муомилот гирифта шуд.

- Аз ҷониби мутахассисони шуъба дар давраи ҳисоботии соли 2025 90 ҳазору 185 воситаи ченак, аз ҷумла 48 ҳазору 482  ҳисобкунаки барқии якфазагӣ ва 6 ҳазору 558 ҳисобкунаки барқии сефазагӣ аз санҷиши давлатӣ гузашта, бо шаҳодатнома таъмин ва тамғагузорӣ шуданд. Айни ҳол, ин воситаҳо дар истифода қарор доранд. Ҳамзамон, дар соли сипаришуда 51 воситаи ченак корношоям дониста шуда, бо гирифтани шаҳодатномаи дахлдор аз муомилот бароварда шуданд, - илова кард сардори шуъбаи болозикр.

Абдуғаффор Қаландаров сармутахассиси шуъбаи санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченаки Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд буда, беш аз 20 соли таҷрибаи корӣ дар соҳаи метрологияро дорост. Ба гуфтаи ӯ, дар озмоишгоҳ ҳар моҳ то 5 ҳазор ҳисобкунаки барқиро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

- Пеш аз пайваст кардани ҳисобкунак ба таҷҳизоти санҷишӣ, нахуст ҳолати зоҳирии онро аз назар мегузаронем. Баъдан онро дар дастгоҳи «Нева Т3303», ки барои санҷиши ҳисобкунакҳои барқии якноқила ва сеноқила пешбинӣ шудааст, насб мекунем. Он тибқи талаботи стандартҳои давлатӣ, аз ҷумла ГОСТ 8.584 дар шароити пайваст кардани шиддатҳои 100 ва 10 фоиз дурустии нишондиҳандаҳоро муайян мекунад. Агар дастгоҳ рақамҳоро бе хато нишон диҳад, ҳисобкунак коршоям дониста мешавад, - шарҳ дод мутахассис.

Тавре аз таҳлили омори соҳа бармеояд, аксар муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мавсими сармо рост меояд, ки он бо ташаббуси худи шаҳрвандон ва ҳам аз ҷониби шабакаҳои барқӣ сурат мегирад. Барои санҷиши ҳисобкунакҳои аз ҷониби муштариён пешниҳодшуда тартиби муайяни пардохт пешбинӣ шудааст.

Тавре иттилоъ доданд, барои як ҳисобкунак мутобиқи санадҳои амалкунанда ва қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ 36 сомонию 30 дирам муқаррар шудааст, ки муштариён тариқи ғайринақдӣ пардохт мекунанд. Тибқи талаботи қонунгузорӣ ҳисобкунакҳои барқии якфазагӣ ҳар 8 сол як маротиба ва ҳисобкунакҳои сефазагӣ ҳар 4 сол як бор бояд аз санҷиши давлатӣ гузаранд.

- Аксарият гумон мекунанд, ки дар давраи гузариш аз тирамоҳ ба зимистон ҳисобкунак “бештар кор мекунад”. Аслан, дар бештари маврид айб дар кори ҳисобкунакҳо нест, балки дар корбурди зиёди таҷҳизоти барқӣ аст. Вақте истеъмоли неруи барқ зиёд мешавад, табиист, ки нишондиҳандаҳо низ боло мераванд. Инро баъзан шаҳрвандон ба носозии ҳисобкунак рабт медиҳанд, аммо санҷишҳо ин гумонро рад месозанд, - афзуд Абдуғаффор Қаландаров..

Ҳамзамон, ба андешаи Мирзооқил Олимов сармутахассиси дигари шуъбаи болозикр дар соҳа тайи солҳои охир тағйироти ҷиддии технологӣ ба амал омад.  Дастгоҳи «У 11-34», ки қаблан васеъ истифода мешуд, асосан барои санҷиши ҳисобкунакҳои барқии индуксионӣ ва дигар таҷҳизоти барқӣ пешбинӣ гардида буд. Аммо гузариш ба ҳисобкунакҳои ҳушманд талабот ба истифодаи онро ба маротиб коҳиш дод.

- Ин дастгоҳ имкони санҷиши ҳам ҳисобкунакҳои якфазагӣ ва ҳам сефазагиро дорад. Дар як навбат метавон то се ҳисобкунаки якфазагӣ ва як ҳисобкунаки сефазагиро санҷид. Имрӯз дастгоҳҳои наве, ки дар озмоишгоҳ мавҷуданд, дар як вақт то 24 ҳисобкунаки электрониро мавриди санҷиш қарор медиҳанд, ки ин самаранокии меҳнатро ба маротиб боло мебарад, - тавзеҳ дод мавсуф.

Мутахассис таъкид дошт, ки гузариш аз ҳисобкунакҳои индуксионӣ ба ҳисобкунакҳои электронии муосир натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатист. Дарвоқеъ, ин иқдом ба коҳиши назарраси талафоти неруи барқ мусоидат кард.

- Агар қаблан сатҳи талафот тақрибан 17 фоизро ташкил медод, имрӯз ин нишондиҳанда то ҳудуди 6 фоиз поён рафт. Воқеан, ҷорӣ намудани низоми биллингӣ кори муштариён ва ҳам кормандони соҳаи барқро осон намудааст. Ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ маълумотро ба таври худкор ва саривақт ба маркази коркард интиқол медиҳанд. Истеъмолкунанда аниқ мебинад, ки чӣ қадар неруи барқ истифода кардааст, - иброз дошт Мирзооқил Олимов.

Ҳамзамон, ӯ ба яке аз андешаҳои маъмул дар ҷомеа низ равшанӣ андохт. Ба назаре бархе, гӯё ҳисобкунакҳои индуксионӣ неруи барқи истифодашударо камтар ва ҳисобкунакҳои электронӣ бештар ҳисоб мекунанд. Ин фикр чандон саҳеҳ нест. Ҳар ду навъи ҳисобкунак, агар аз санҷиши давлатӣ гузашта бошанд, дақиқ кор мекунанд. Фарқ танҳо дар сатҳи ҳассосият аст.

- Ҳисобкунакҳои электронӣ ҳатто ҷараёнҳои хеле пастро низ ба қайд мегиранд. Ҳатто истифодаи дастгоҳҳои хурди барқӣ, амсоли пуркунандаи қувваи телефон дар ҳисоб инъикос меёбад.  Ҳис кардани чунин масрафи хурд боз ба он вобастагӣ дорад, ки дар васлкунакҳо ва калидҳои барқии муосир индикаторҳо насб шудааст. Индикаторҳо - он чароғчаҳои хурди LED дар васлкунаку калидаки барқии муосир мебошанд, ки гирён шуда истодани онҳо аз мавҷуд будани шиддати барқ огоҳӣ медиҳад. Як вазифаи ин чиз дар торикӣ равшанӣ бахшидан аст. Индикаторҳо нерӯи ночизро масраф кунанд ҳам,  барои бештар шудани рақамҳои ҳисобкунаки ҳушманд саҳми хурде мегузоранд, - шарҳ дод Мирзооқил Олимов.

Дар маҷмӯъ, истифодаи технологияҳои муосир на танҳо шаффофияти ҳисобгирии нерӯи барқро таъмин мекунад, балки ба сарфаи захираҳо ва баланд бардоштани самаранокии низом низ мусоидат менамояд. Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инновтсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод сохтанд, ки солҳои 2025 - 2030 “Солҳои рушди иқтсоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шавад. 

 

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”