Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод нишасти матбуотии раиси ноҳия Муқим Муродзода бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Зимни нишаст натиҷаҳои фаъолияти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2025 ҷамъбаст гардида, дурнамои рушди минбаъда баррасӣ шуд.
Гуфта шуд, ки соли 2025 қисми даромади буҷети ноҳия бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷет беш аз 78,7 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 1,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, аз буҷети вилоят ба ноҳия 49 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардид.
-Қисми хароҷоти буҷет низ пурра иҷро шуда, 99,5 миллион сомонӣ барои соҳаҳои гуногун равона гардид. Бо вуҷуди ин, қарздории андозҳо нигаронкунанда арзёбӣ шуда, ҳаҷми он ба 23,1 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба аввали сол афзоиш ёфтааст, - зикр кард Муқим Муродзода.
Дар бахши рақамикунонӣ раиси ноҳия аз пешрафти назаррас ёдовар шуд. Ба ҳолати 1 январи соли 2026 беш аз 92 фоизи шахсони ҳуқуқӣ ва 88 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ҳисоботи худро ба таври электронӣ пешниҳод мекунанд.
Шумораи постерминалҳо ва QR-рамзҳо ба 170 адад расида, теъдоди дорандагони кортҳои бонкӣ қариб 70 фоизи аҳолии калонсолро ташкил медиҳад.
Дар самти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ зикр гардид, ки дар ноҳия беш аз 6500 субъекти хоҷагидор фаъолият мекунад. Соли 2025 аз ҷониби бонкҳо ба маблағи 127,3 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст. Айни ҳол дар ноҳия 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодааст. Ҳамчунин, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021–2025 пурра ва барзиёд иҷро гардидааст.
Раиси ноҳия рушди кишоварзиро яке аз дастовардҳои асосӣ арзёбӣ намуда гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 757,4 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли гузашта 9,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Истеҳсоли пахта ба 22,5 ҳазор тонна расида, нисбат ба соли 2024 беш аз 4 ҳазор тонна зиёд шудааст. Бо вуҷуди коҳиши майдони кишт, ҳосилнокӣ беҳтар гардидааст.
Дар соҳаи саноат ҳаҷми истеҳсолот ба 257,4 миллион сомонӣ расида, 4 корхонаю коргоҳи нав бо 26 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намудааст. Истеҳсоли як қатор маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла нахи пахта, равғани растанӣ ва масолеҳи сохтмонӣ афзоиш ёфтааст.
Муқим Муродзода ба масъалаи энергетика таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки гарчанде ҷамъоварии маблағи неруи барқ аз аҳолӣ пурра таъмин гардидааст, қарздории ташкилоту муассисаҳо то ҳол боқӣ мемонад.
Дар бахши иҷтимоӣ раиси ноҳия афзоиши музди миёнаи меҳнатро зикр намуда, гуфт, ки он ба 1865 сомонӣ расидааст. Бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятнок буда, дар соли 2025 беш аз 900 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ низ нишондиҳандаҳои мусбат ба қайд гирифта шудааст. Дар ноҳия 32 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, беш аз 18 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар соҳаи тандурустӣ 94 духтур ва зиёда аз 500 корманди миёнаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Раиси ноҳия инчунин ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ишора намуда, гуфт, ки дар ноҳия ба ҷои 590 иншооти банақшагирифташуда, 602 иншоот сохта ба истифода дода шудааст.
Амони МУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”




