Аз муассисаи таҳсилоти миёнаи касбие, ки ҳамсарам дар он ҷо таҳсил мекунад, ба мо хабар доданд, ки маблағи боқимондаи шартномаи таҳсил ба андозаи 1800 сомонӣ тавассути “Бонки Эсхата” пардохт карда шавад, чун миёни онҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Пас аз анҷоми пардохт, ба суратҳисоби мо 1 фоиз аз маблағи пардохтшуда ё 18 сомонӣ ҳамчун кэшбек (cashback) баргардонида шуд. 

Шояд саволе ба миён ояд, ки ҳадаф аз зикри ин мисол чист. Воқеият аст, ки солҳои ахир истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар тадриҷан густариш ёфта, муассисаҳои молиявӣ барои ҷалби бештари шаҳрвандон ба чунин низоми ҳисоббаробаркунӣ, аз усулҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ, аз ҷумла кэшбек истифода мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки 22-юми июни соли 2023 таҳти рақами 586 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ба имзо расид. Тибқи ин санад, аз 1-уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, аз ҷумла ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, коммуналӣ ва як қатор хизматрасониҳои дигари давлатӣ тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешаванд.

Дар ин замина, пешниҳоди кэшбек аз ҷониби муассисаҳои молиявӣ, аз ҷумла бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ, ҳамчун яке аз абзорҳои муассири ташвиқи аҳолӣ ба истифодаи васеи воситаҳои электронии пардохт арзёбӣ мешавад. Ин таҷриба на танҳо ба манфиати муштариён аст, балки ба рушди иқтисоди рақамӣ ва баланд бардоштани шаффофияти гардиши маблағҳо низ мусоидат мекунад.

Кэшбек ҳамчун воситаи ҳавасмандгардонии муштариён солҳои 1980 дар штатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пайдо шуд. Аввалин барномаҳои баргардонидани қисми маблағи харид аз ҷониби ширкатҳои кортҳои бонкӣ ҷорӣ гардиданд. Яке аз намунаҳои маъруфи чунин низом соли 1986 аз ҷониби низоми пардохтии Visa пешниҳод шуд, ки ба дорандагони кортҳо имкон медод, қисми маблағи харидҳои худро бозпас гиранд. Бо мурури замон кэшбек ба яке аз воситаҳои муҳими рақобат байни бонкҳо ва ширкатҳои молиявӣ табдил ёфт.

Баррасии бозори хизматрасониҳои бонкии кишвар нишон медиҳад, ки як қатор бонкҳо барои ҷалби муштариён ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ барномаҳои гуногуни кэшбекро пешниҳод мекунанд. Аз ҷумла, “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” барои харид аз даҳҳо мағозаи шарики худ то 10 фоиз кэшбек пешниҳод менамояд. “Алиф Бонк” низ барои пардохтҳо бо кортҳои Mastercard кэшбек ба андозаи то 10 фоиз пешбинӣ кардааст. Илова бар ин, бонк барои баъзе мағозаҳо ва ширкатҳои шарик барномаҳои махсуси кэшбек дорад, ки вобаста ба намуди хизматрасонӣ ва маҳсулот аз 15 то 30 фоизро ташкил медиҳад. “Бонки Эсхата” барои аксари пардохтҳои электронӣ 1 фоиз кэшбек пешниҳод намуда, барои харид ё пардохт дар баъзе нуқтаҳои савдо ва ширкатҳои шарик кэшбекҳои иловагӣ ба андозаи 5 ва 10 фоиз низ муқаррар кардааст. “Ориёнбонк” низ дар доираи сиёсати ҳавасмандгардонии пардохтҳои ғайринақдӣ барои аксари харидҳо 1 фоиз кэшбек медиҳад. Дар навбати худ, “Спитамен Бонк” барои баъзе амалиётҳо дар ширкатҳои шарик то 3 фоиз кэшбек пешниҳод менамояд. “Фридом Бонк” низ барои пардохт бо корти худ 10 фоиз ва “Ҳумо Бонк” низ барои харид аз маҳсулоти шарикони худ 20 фоиз кэшбек пешниҳод мекунад. “Коммерсбонки Тоҷикистон” низ чунин иқдомро роҳандозӣ намудааст, аммо фоизи дақиқи он маълум нест.

Баррасии пешниҳодҳои як қатор бонкҳои маъруфи кишвар нишон медиҳад, ки ҳаҷм ва шартҳои кэшбек дар ҳар як муассисаи молиявӣ фарқ мекунанд. Агар баъзе бонкҳо барои тамоми пардохтҳои ғайринақдӣ кэшбеки умумӣ пешниҳод намоянд, дигар бонкҳо тавассути ҳамкорӣ бо мағозаҳо ва ширкатҳо барои муштариён имтиёзҳои бештар, аз ҷумла кэшбекҳои то 30-фоизаро фароҳам меоранд.

Бо назардошти рушди босуръати хизматрасониҳои рақамӣ ва электронӣ, метавон гуфт, ки кэшбек танҳо як имтиёзи молиявӣ  нест. Он ба як воситаи муассири ташвиқи аҳолӣ барои истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ табдил ёфта, ҳамзамон ба рушди иқтисоди рақамӣ, коҳиш додани муомилоти пули нақдӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти молиявӣ мусоидат мекунад.

Ин нуқтаро коршиноси умури бонкӣ Ҳусайн Одинаев низ тасдиқ карда мегӯяд, ки кэшбек ин усули муассири ҷалби муштарӣ ба ташкилоти молиявӣ аст. Муассисаҳои молиявӣ бо ин роҳ муштариро нигоҳ медоранд, то ҳамеша аз хизматрасониҳояшон истифода барад. Ҳамзамон, тавассути кэшбек яқ қисми маблағи пардохткардаи муштарӣ ба ӯ бармегардад, ки ин ҳавасмандгардонӣ боиси бештар ба пардохти ғайринақдӣ рӯ овардани вай мегардад.

Тибқи иттилои расмии Бонки миллии Тоҷикистон, айни замон дар кишвар 19 бонк, 27 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 2 ташкилоти қарзии хурд ва 22 фонди қарзии хурд фаъолият мекунанд. Пӯшида нест, ки миёни ин муассисаҳои молиявӣ рақобати шадид вуҷуд дорад ва маҳз ташаббусҳои наҷиб, аз ҷумла пешниҳоди кэшбек, ба онҳо имкон медиҳанд, ки шумораи бештари муштариёнро ҷалб намоянд.

Метавон гуфт, ки кэшбек яке аз воситаҳои муассири таҳкими садоқати муштариён ва афзоиши истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ дар шароити рақобати бозор ба ҳисоб меравад.

Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”