Дар шароити муосири рушди иҷтимоию иқтисодӣ соҳаи саноат ва афзоиши ҳаҷми содирот ба унвони ду сутуни асосии нигоҳдоранда ва ҳаракатдиҳандаи иқтисоди миллӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳадафи стратегии саноатикунонии кишвар заминаи мусоидеро барои афзоиши корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ фароҳам овард.
Афзоиши ҳаҷми содирот на танҳо ба воридоти асъори хориҷӣ ва мустаҳкам гардидани мавқеи кишвар дар бозори байналмилалӣ мусоидат мекунад, балки барои рушди соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Дар ин раванд соҳаи саноат муҳаррики асосии пешрафти иқтисодиёт эътироф гардида, дар татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ нақши муҳим мебозад. Таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки иқтидори содиротии мамлакат афзуда, вобастагӣ аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш ёбад.
Саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, алалхусус консервбарорӣ, робитаи байни деҳқонон ва корхонаҳоро мустаҳкам намуда, барои кишоварзон низ бозори гарми фурӯши ашёи хомро таъмин месозад.
Маҳсулоти консервабарорӣ дар таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоии хушсифат ва дастрас дар давоми тамоми сол ҷойи махсусро ишғол менамояд. Талаботи рӯзафзуни бозори дохилӣ ва хориҷӣ ба консерваҳои дорои сифати баланд корхонаҳои дохилиро водор месозад, ки ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намоянд. Дар ин самт корхонаҳои консервабарории вилояти Суғд фаъолияти назаррасро ба роҳ мондаанд. Дар давоми шаш моҳи соли равон дар корхонаҳои консервабарории вилоят дар маҷмуъ 10,7 миллион қуттии консерва истеҳсол шудааст. Ин нишондиҳанда аз ҳамин давраи соли сипарӣ 2,3 миллион қуттии шартӣ зиёд мебошад ва суръати рушд 127,6 фоизро ташкил медиҳад.
Алҳол дар вилоят 14 корхонаи истеҳсоли консерва мавҷуд аст. Аз ҷумла ҶСП “Оби Зулол” – и шаҳри Истаравшан мебошад, ки дар давоми шаш моҳи соли равон 8,1 миллион қуттии шартӣ консерваҳои гуногун истеҳсол кардааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 – ум 2,6 миллион қуттии шартӣ зиёд буда, ба 146 фоиз баробар мебошад. Дар корхонаи мазкур бештар чор намуди консерва, аз ҷумла олу, шафтолу, себ ва нок истеҳсол мешавад. Ашёи хоми истифодашаванда ватанӣ буда, содироти консерва асосан ба Федератсияи Россия ба роҳ монда шудааст.
Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби Зулол», ки дар Ҷамоати деҳоти Нофараҷ, мавзеи Қадамҷои шаҳри Истаравшан ҷойгир аст, ҳанӯз 12-уми сентябри соли 2000-ум сохта ба истифода дода шуда буд. То ин дам дар корхонаи саноатӣ 4 хатти технологӣ мавҷуд буд ва он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат нақши муҳим мебозид. Моҳи июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корхона ташриф оварда, 2 хати нави истеҳсолии нӯшокиҳои ташнашикан, коркарди меваю сабзавот, мураббо, афшураҳои мевагӣ ва ғизои кӯдаконро дар бастабандиҳои мулоим (борҷомаҳо) мавриди истифода қарор доданд.
Хатти якум ба истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ва афшураҳо бо тарзи резиши гарм ва хунук дар зарфҳои шишагин (ҳаҷмашон 0,33 ва 0,5 литр) нигаронида шудааст. Иқтидори истеҳсолии ин хат дар як соат 5 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Хати дуюм ба истеҳсоли ғизоҳои кӯдакона аз хамираҳои мевагӣ дар борҷомаҳои мулоим (ҳаҷмашон 90, 110, 120, 200 ва 220 грамм) нигаронида шуда, иқтидори он дар як соат ба 280 адад баробар аст.
Сохтмон ва баистифодадиҳии хати якум ба маблағи 18 миллиону 930 ҳазор сомонӣ ва хатти дуюм ба маблағи 6 миллиону 960 ҳазор сомонӣ сурат гирифтааст. Маблағи умумии лоиҳа беш аз 25 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳар ду хатти технологӣ ба стандартҳои байналмилалӣ посухгӯ буда, аз давлати Итолиё ворид карда шудаанд. Мутахассисони маҳаллӣ низ барои идора ва кор бо ин дастгоҳҳои муосир дар давлати Итолиё аз таҷрибаомӯзӣ гузаштаанд. Ифтитоҳи хатҳои нав барои беҳтар гардидани сифати маҳсулот, афзудани иқтидори содиротии кишвар ва таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Ҳамчунин дар корхонаи саноатии ҶДММ “Сирдарё” - и шаҳри Хуҷанд, ки фаъолияташ бевосита ба истҳсоли консерва тааллуқ дорад, дар давоми шаш моҳ 915,9 ҳазор қуттии шартӣ консерва истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 213 ҳазор қуттии шартӣ зиёд буда, ба 130,3 фоиз баробар аст. Боиси таъкид аст, ки дар таъминоти аҳолии вилоят ва ҷумҳурӣ корхонаҳои саноатии консервабарории ҶДММ “Шарбати мева”, “Субҳи Ватан”, “Куруши Кабир” ва дигар корхонаҳо фаъолияти босамар доранд.
Афзоиши иқтидори истеҳсоли ашёи хоми маҳаллӣ ва коркарди он ба сатҳи содироти маҳсулоти ниҳоӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Бино ба иттилои мавҷуда дар давоми шаш моҳ аз корхонаҳои саноатии консервабарории вилоят ба миқдори 1084 тонна консерваҳои гуногун ба маблағи 505,2 ҳазор доллар содирот шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 146,4 ҳазор доллар зиёд мебошад. Чунин натиҷаҳо гувоҳи он мебошанд, ки соҳаи консервабарории кишвар на танҳо ниёзҳои бозори дохилиро мепӯшонад, балки дар бозорҳои байналмилалӣ низ мавқеи худро мустаҳкам менамояд. Рушди босуботи корхонаҳои соҳа ва афзоиши истеҳсолот кафолати нав дар роҳи расидан ба истиқлолияти пурраи озуқаворӣ ва рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ба ғайр аз саҳмгузорӣ дар нишондиҳандаҳои маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, пешрафти соҳаи саноат бевосита ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва таъмини сокинон бо кор нигаронида шудааст. Ифтитоҳи хатҳои нави истеҳсолӣ ва афзоиши ҳаҷми маҳсулот сабаб мегардад, ки ҳазорҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кории доимӣ ва маоши хуб таъмин шаванд. Ин омил сатҳи зиндагии мардумро баланд бардошта, муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш медиҳад ва ба устувории оилаҳо замина мегузорад.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





