Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои калидии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо иқтидору имкониятҳои фаровони худ дар самти парвариш, коркард ва содироти меваю сабзавот мавқеи хосса дорад. Шароити мусоиди табиӣ, иқлими мувофиқ, заминҳои ҳосилхез, мавҷудияти захираҳои меҳнатӣ ва таҷрибаи ғании деҳқонон имкон фароҳам овардааст, ки вилоят дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва густариши содироти маҳсулоти кишоварзӣ саҳми назаррас гузорад.
Суғд аз қадимулайём ҳамчун минтақаи боғдориву сабзавотпарварӣ маъруф буда, маҳсулоти он натанҳо дар бозорҳои дохилӣ, балки дар кишварҳои хориҷи дуру наздик низ шуҳрат дорад. Имрӯз, дар шароити иқтисоди бозорӣ, рушди коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии вилоят табдил ёфтааст. Зеро коркарди ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти тайёр ва банду басти муосир арзиши иловагии маҳсулотро баланд бардошта, имкониятҳои содиротиро васеъ менамояд.
Бо мақсади афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва густариши содирот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорону сармоягузорон тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд. Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноат ба таъсиси корхонаҳои коркард, таҷдиди иқтидорҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва беҳтар намудани инфрасохтори истеҳсолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Айни замон дар ҳудуди вилоят фаъолияти қариб 50 коргоҳу корхонаи коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст. Ин корхонаҳо бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ маҳсулоти гуногун, аз ҷумла меваҳои хушк, сабзавоти коркардшуда, афшура, нӯшокиҳо, мураббо, консерва ва дигар навъҳои маҳсулоти тайёр истеҳсол менамоянд. Самаранок истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолӣ натанҳо ба афзоиши ҳаҷми маҳсулот, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Дар солҳои охир таваҷҷуҳи махсус ба истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои содиротӣ, риояи талаботи сифат, мутобиқсозии маҳсулот ба стандартҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ зоҳир мегардад. Корхонаҳои коркардкунанда тадриҷан ба стандартҳои байналмилалии сифат мутобиқ шуда, имкони баромад ба бозорҳои нави хориҷиро пайдо менамоянд. Дар натиҷаи чунин тадбирҳо шумораи корхонаҳои коркард ва бастубанди маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам зиёд шуда, онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров фаъолият мебаранд.
Коркарди саноатии меваю сабзавот яке аз омилҳои асосии афзоиши арзиши иловагӣ ба ҳисоб меравад. Агар пештар қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчун ашёи хом ба фурӯш бароварда мешуд, имрӯз корхонаҳои вилоят имкон доранд онро дар шакли маҳсулоти тайёр ба бозорҳои хориҷӣ пешниҳод намоянд. Дар корхонаҳои вилояти Суғд коркард ва банду басти меваҳои хушк, сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳо, афшура, мураббо ва дигар навъҳои консерваҳо мутобиқ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Ин раванд талафоти маҳсулотро коҳиш дода, муҳлати нигоҳдории онро зиёд менамояд.
Соли 2025 барои соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва содирот дар вилояти Суғд соли бобарор арзёбӣ мегардад. Як қатор корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла «Сирдарё», «Оби зулол», «Субҳи Ватан» ва дигар ширкатҳои истеҳсолӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан ва Конибодом бо дарназардошти талаботи бозорҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти тайёрро ба маротиб афзоиш доданд.
Ба иттилои Ҳокимбек Нақҳатзода, сардори раёсати омор дар вилояти Суғд, соли 2025 аз вилояти Суғд ба кишварҳои хориҷи дуру наздик ба ҳаҷми 153,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,6 ҳазор тонна зиёд буда, 123,9 фоизро ташкил медиҳад. Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи вилоят назаррас буда, маҳсулоти истеҳсолшуда баъди коркард дар корхонаҳои саноатӣ бастубанд гардида, ба содирот равона мешавад.
Махсусан, содироти меваҳои хушк дар вилояти Суғд мавқеи пешсаф дорад. Бо назардошти анъанаҳои деринаи хушккунии мева, иқлими мусоид ва таҷрибаи бойи истеҳсолкунандагон, маҳсулоти мазкур дар бозорҳои хориҷӣ талаботи зиёд дорад. Соли 2025 меваҳои хушккардашуда ба ҳаҷми 103,7 ҳазор тонна аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар содирот гардида, нисбат ба соли гузашта 13,6 ҳазор тонна зиёд ва баробар ба 115,1 фоиз мебошад.
Дар маҷмуъ, соли 2025 аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар ба маблағи 1 миллиарду 705,3 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико молу маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 670,4 миллион доллар зиёд мебошад. Ин нишондиҳандаҳо аз рушди устувори иқтисодии вилоят, тавсеаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва саҳми назарраси соҳаи кишоварзӣ дар таъмини асъори хориҷӣ шаҳодат медиҳанд.
Имсол низ мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон талош доранд, ки бо таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҷалби сармоя, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзию саноатӣ аз вилояти Суғд боз ҳам афзоиш ёбад. Ин иқдомҳо ба рушди иқтисоди минтақа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд гардидани даромади аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат намуда, мавқеи вилояти Суғдро ҳамчун минтақаи пешрафтаи агросаноатӣ боз ҳам таҳким мебахшанд.
Нодир Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»




