Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти ин минтақаи стратегӣ дар давоми соли 2025 мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор гирифт. Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон зимни суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз дошт, ки соли сипаришуда барои минтақа соли тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҷалби сармояи назаррас ба ҳисоб меравад.
Тибқи иттилои расмӣ дар давоми соли 2025 дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 8 субъекти нави хоҷагидор ба қайд гирифта шуданд. Ин корхонаҳои навтаъсис нақша доранд, ки дар маҷмӯъ 13,1 миллион доллар маблағгузорӣ намоянд. Аз ин миқдор сармояи мустақими хориҷӣ 5,8 миллион доллар ва сармояи ватанӣ 7,3 миллион долларро ташкил медиҳад. Интизор меравад, ки бо оғози фаъолияти ин субъектҳо 345 ҷойи кории доимӣ барои сокинони маҳаллӣ таъсис дода шавад. Дар ҳоли ҳозир шумораи умумии субъектҳои дар минтақа сабтшуда ба 48 адад расидааст. Аз ин миқдор 26 адади онҳо дар бахшҳои муҳими иқтисодӣ аз ҷумла истеҳсолот, сохтмон ва хизматрасонӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Яке аз нишондиҳандаҳои асосии муваффақият ин баромадан ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад. Маҳсулоти истеҳсоли МОИ “Суғд” имрӯз на танҳо дар бозори дохилӣ, балки дар давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Россия, Афғонистон, Озарбойҷон, Белорусия, Олмон, Ироқ, Туркия ва Грузия харидорони худро пайдо кардааст.
Ҳаҷми маҳсулоти содиротии минтақа дар соли 2025 ба 201,5 миллион сомонӣ баробар шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 ба миқдори 142,4 фоиз ё худ 60 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ бошад, дар соли 2025 ба 557,7 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса бо соли гузашта 126,2 фоиз ё 115,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар бахши корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ низ пешравиҳо ба назар мерасанд ва ҳаҷми он ба 5,4 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2024 - ум як миллион сомонӣ зиёд аст. Сармоягузории мустақим дар соли 2025 ба 48,9 миллион сомонӣ баробар гардид ва ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 миллион сомонӣ афзудааст. Дар маҷмӯъ аз оғози фаъолияти МОИ “Суғд” ҳаҷми сармоягузорӣ ба 267,2 миллион сомонӣ расид. Саҳми субъектҳо дар ғанигардонии буҷети давлат низ қобили таваҷҷуҳ аст. Аз ҳисоби пардохти андозҳо ба буҷет 12,2 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба соли 2024 ба миқдори 148,8 фоиз зиёд мебошад.
Муҳаммадзода Муҳаммад Султон таъкид намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии кормандон дар минтақа 1055 нафарро ташкил дод. Ин нишондиҳанда гувоҳи он аст, ки дар давоми як сол 125 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.
Дар анҷоми нишасти матбуотӣ миёни рӯзноманигорон ва роҳбарияти минтақа мубодилаи афкор сурат гирифт ва масъулин ба саволҳои намояндагони расонаҳо доир ба дурнамои рушд ва нақшаҳои ояндаи МОИ “Суғд” посухҳои мушаххас доданд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




