Яке аз муқаддасоти Тоҷикистон Истиқлоли миллӣ аст, ки маҳз тавассути он мо кишвари азизи худро аз паҳну парешоншавӣ ҳифз карда, имрӯз бо қадамҳои устувор раҳ ба сӯи фардои дилхоҳу дурахшон пеш мегирем. Воқеан, ин файзу баракати ҳаёти имрӯзаи мардуми азиз аз шарофати ин муқаддасоти бузург аст, ки дар кишвар ҳар пиру барно эҳсос мекунанд.
Ин ҷост, ки мардуми шарафманди мо Истиқлолиятро рамзи тинҷиву оромӣ, хушбахтиву хушнудӣ, сулҳу суботи тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар, умед ба оянда, рушди соҳоти мухталифи Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Ҳамзамон, созандагиву эҷодкорӣ, ободониву бунёдкориро мардум аз шарофати Истиқлоли миллӣ медонанд. Месазад ин ҷо оид ба созандагиву ободкориҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарф зад, ки ҳар яки он ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, аз ҳукмрон будани сулҳу ободӣ дар кишвар дарак медиҳанд.
Аз ҷумла, имрӯзҳо дар вилояти Суғд хосатан шаҳри Хуҷанди бостонӣ, ки арӯси шаҳрҳо ном мебаранд, корҳои ободонӣ дар ҳақиқат дар ҷӯш мебошад. Аснои сайругашт дар соҳили дарёи Сир кас ба ҳайрат меафтад, ки аллакай қисме аз корҳои сохтмонӣ ба интиҳо расида, симои шаҳр дигар гардида истодааст. Ҳамаи ин корҳо дар ҳақиқат ва бешубҳа аз пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоиву шароити хуби зиндагии мардуми кишвар дарак диҳад аз дигар тараф аз танинандоз будани сулҳу оромӣ ва истиқлолияти комил дар кишвар бозгӯй буда метавонад.
Имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд бисёр ширкатҳои сохтмонӣ арзи ҳастӣ намуда, дар навбати худ мехоҳанд ҳар яке аз онҳо саҳми хешро дар пешрафт ва ободонии кишвар гузоранд. Ширкати сохтмонии “Темурмалик”, ки номи хешро аз Қаҳрамони халқи тоҷик-Темурмалик гирифтаасту ба ҶДММ “Арча иншоот” тааллуқ дорад, аз 25-уми декабри соли 2024 инҷониб фаъолияти назаррас бурда истодааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки боз як аз иншооти замонавӣ аз тарафи ин ширкат ин маҷмааи Silkcoat Palace дар микроноҳияи 20-уми шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, он бо тарҳи замонавӣ ва нави меъморӣ ёдоварӣ аз давраи неоклассикӣ мебошад. Сабкҳои меъморӣ ба ин маҷмаа фазои туркӣ ва бароҳатии сатҳи аврупоӣ медиҳад, ки дастрасии мустақимро бо роҳи ҳалқавии дохилишаҳрӣ ва гиреҳи асосии нақлиётро таъмин мекунад силкоат барои ҳар як хоҳишманд имконоти гуногунро пешниҳод мекунад ва метавон гуфт, мутахассисони мо манзилҳоро бо тарзи “калид ба даст” “под ключ“ ва бо тамоми бартариҳои зиндагии муосир пешниҳод менамоянд. Шарики асосии мо дар самти сохтмон ширкати сохтмонии туркии Colakoglu мебошад. Айни замон дар соҳили Сирдарё боз як бинои баландошёна бо тарҳи замонавӣ ва муосир бунёд шуда истодааст. Аснои дидани лоиҳаи ин бинои бунёдшудаистода дар қалби ҳар як шахс ҳиссиёти баланди зебоипарастӣ ва ватандӯстӣ бедор мегардад, зеро дар ҳақиқат бо ин гуна лоиҳаи ҷадид қомат рост кардан ва ҷойгир будан дар соҳили рӯди қадимаи Сир симои шаҳр ба худ тарҳи нав ва боҳашаматро мегирад ва ҳар истиқоматкунандаи он руҳияи тозае ба худ касб мекунад.
Аснои суҳбат раиси ширкати мазкур, ҷавонмарди ватандӯст вакили Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Хуҷанд Далер Рустамов чунин иброз дошт, ки воқеан, ҳифзу рушди арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, комёбиву музаффариятҳои халқи азизамонро дар ин давра бе тинҷиву оромӣ, сарҷамъӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки ин ҳама аз ба даст овардани истиқлолият аст, тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Бояд ҷавонони имрӯза шукри ободонӣ ва озодиву осудагӣ дар кишварро намуда, баҳри дар амал татбиқ кардани сиёсати ватандӯстона ва ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ омада, аз як гиребон сар бароварда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон бо меҳнати софдилона саҳмгузор бошанд.
-Айни замон,- иброз дошт Далер Алишерович, - баҳри кормандон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст ва талабот аз кормандон чунин аст, ки бо муроҷиаткунандагон хушзабон бошанду муомила ва муоширати некро ба роҳ монданд. Ин яке аз одоб ва ба гуфте этикаи дохилии коргоҳ ба ҳисоб меравад, зеро мо, тоҷикон, ки аз насли ориёӣ ҳастем, табиатан одамдӯсту хушмуомила ва меҳрубону ғамхор мебошем ва ин хислатҳои неки инсонӣ аз падару бобоёни мо бо хун ба моён мерос мондааст.
Метавон иброз дошт, ки чунин ободкориҳо боз ҳам идома ёфта истодаанд ва рӯзҳои наздик дар ҳақиқат симои шаҳри бостонии Хуҷанд дигар гашта, дар ҳақиқат ба арӯси шаҳрҳо мубаддал мегардад.
Боварии комил дорам, ки имрӯз агар ҳар як фарди баору номуси кишвар новобаста аз он ки дар кадом соҳа фаъолият мебарад, садоқатмандона кору фаъолияти худро бо масъулияти баланд ба иҷро расонад, метавонад заррае бошад ҳам, саҳми хешро дар пешбурд ва тараққиёти Ватани азизаш гузошта бошад. Ман ҳамчун яке аз шаҳрванди ин кишвари тозаистиқлол бар он бовар дорам, ки дар ҳақиқат ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст. Ба ҷавонон муроҷиат намуда мегӯям, ки бо меҳнати ҳалол ва дили бузург монанди қалби Темурмалик ватандӯст дар ҳимоя ва тараққиёти минбаъдаи кишвари азизамон Тоҷикистон бошед.
Насими САИДМУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”





