Ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ омили муҳими рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор мераванд. Сармоягузории хориҷӣ, табодули таҷриба ва ташкили корхонаҳои муштарак барои афзоиши иқтидори содиротӣ ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар ин самт, санадҳои нав ба таҳкими муносибатҳои иқтисодии кишвар такони ҷиддӣ мебахшанд.
Минтақаҳои озоди иқтисодии «Брест» - Ҷумҳурии Беларус ва «Суғд» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми июли соли 2026 созишнома оид ба ҳамкориро ба имзо расониданд. Тавре хабар дода мешавад, ҳуҷҷати мазкурро муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ «Брест» Александр Шукайло ва роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Муҳаммадзода Муҳаммад Султон пас аз анҷоми ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Беларусу Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расониданд.
Тавре, Муҳаммадзода Муҳаммад Султон иттилоъ дод, созишнома тавсеаи ҳамкориро дар самти ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, рушди кооператсияи истеҳсолӣ, инчунин мубодилаи таҷриба дар соҳаи идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешбинӣ менамояд.
Ҳамчунин, дар шуъбаи Брести Палатаи савдо ва саноати Беларус дар доираи биржаи тамосҳои кооператсионӣ музокироти B2B баргузор гардид.
Чорабинӣ намояндагони доираҳои соҳибкории ду кишварро барои баргузории музокироти мустақим бо шарикони эҳтимолии тиҷоратӣ ҷамъ овард.
Зикр гардид, ки вохӯрӣ дар шакли муколамаи озод баргузор шуда, намояндагони МОИ «Брест» шарикони эҳтимолии соҳибкориро бо бартариҳои фаъолият дар мақоми резидент, фазои сармоягузорӣ ва тадбирҳои дастгирии соҳибкорӣ шинос намуда, инчунин ба саволҳои иштирокчиёни биржаи тамосҳои кооператсионӣ посух доданд.
Қисми муҳими муколамаи умумӣ вохӯрии намояндагони Маъмурияти МОИ «Брест» бо ҳамкасбони худ аз Маъмурияти МОИ «Суғд»-и вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Зимни музокирот таҷрибаи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, механизмҳои дастгирии давлатии резидентҳо, инчунин имкониятҳои рушди ҳамкориҳои истеҳсолӣ байни корхонаҳои резиденти ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар хадамоти матбуоти МОИ «Брест» зикр гардид, ки ҷонибҳо итминон изҳор намуданд, ки тавофуқҳои бадастомада ба таҳкими робитаҳои сармоягузорӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мусоидат хоҳанд кард.
Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» соли 2009 ҳамчун қаламрави махсуси шаҳри Хуҷанд (вилояти Суғд) бо мақоми махсуси ҳуқуқӣ ва шароити имтиёзноки иқтисодӣ барои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ ба муҳлати 50 сол таъсис дода шудааст. Дар ҳудуди МОИ низомҳои махсуси гумрукӣ ва андоз, инчунин тартиби содакардашудаи бақайдгирии субъектҳо амал мекунанд. Айни замон дар МОИ «Суғд» 52 корхона ҳамчун субъект фаъолият доранд.
Минтақаи озоди иқтисодии «Брест» соли 1996 таъсис дода шудааст. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус таҳти №222 аз 11 апрели соли 2022 ҳудуди МОИ васеъ карда шуда, 16 қитъаи замин, ки дар шаҳри Брест ва ноҳияи Брест, шаҳри Кобрин ва ноҳияи Кобрин, шаҳри Пинск, шаҳрҳои Ганцевичи, Дрогичин, Иватсевичи ва ноҳияи Иватсевичи ҷойгиранд, ба ҳайати он шомил гардиданд. Пас аз ворид намудани ин тағйирот, масоҳати умумии МОИ «Брест» 5004 гектарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди минтақа 76 корхона аз 16 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шуда, онҳо тақрибан 2 ҳазор номгӯи маҳсулот истеҳсол менамоянд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





