Рушди соҳаи саноат дар кишвар яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба шумор рафта, бунёди корхонаҳои нав ва ворид намудани технологияҳои муосир ба афзоиши иқтидори содиротии мамлакат мусоидат менамояд. Имрӯзҳо дар ҷамоатҳои деҳоти кишвар корхонаҳои бузургу миёна бо нишондиҳандаҳои назаррас фаъолият доранд.
Дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри бостонии Истаравшан имрӯз на танҳо ҳамчун гаҳвораи ҳунарҳои мардумӣ, балки ҳамчун яке аз қутбҳои муҳими саноатии кишвар шинохта мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати рушди соҳаи саноат ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз ҳисоби баистифодадиҳии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ тадбирҳои судманд андешида истодааст.
Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуданд. Иқдоми мазкур саривақтӣ буда, ба рушди соҳаи саноат мусоидат менамояд ва барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар маҳал низ андешидани тадбирҳои муассирро тақозо мекунад.
Бино ба иттилои мудири шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинги шаҳр Азизҷон Иброҳимов дар шаҳри Истаравшан дар семоҳаи аввали соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 395 миллиону 438 ҳазор сомонӣ расидааст. Ин рақам гувоҳи рушди босуботи соҳа буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 79 миллиону 776 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бо назардошти индекси нархҳо суръати афзоиш 125,3 фисадро ташкил медиҳад. Айни замон шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр ба 105 адад расидааст. Гарчанде дар ин давра 10 корхона бинобар сабабҳои гуногун фаъолият накарда бошад ҳам, раванди таъсиси коргоҳҳои нав идома дорад.
Масалан, дар давраи ҳисоботӣ ду корхонаи нави саноатӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд, ки ин иқдом барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ заминаи воқеӣ гузошт.
Саноатчиёни шаҳр имрӯзҳо 78 номгӯи маҳсулоти гуногунро ба бозор пешниҳод менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки аз ин шумора 36 номгӯи он маҳсулоти воридотивазкунанда маҳсуб меёбад, аз ҷумла маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (аз ҷумла либосҳои мактабӣ), истеҳсоли мебел, пойафзол ва бозичаҳои бачагона, маҳсулоти тиббӣ ва кимиёвӣ (сӯзандору, моеъи зарфшӯӣ, антифриз), маҳсулоти ғизоӣ (равғани растанӣ, маҳсулоти ширӣ ва нонӣ, обҳои ташнашикан), сохтмон ва бастабандӣ (масолеҳи сохтмонӣ, коркарди қуму шағал, халта ва риштаҳои полиэтилинӣ, қуттиҳои оҳанӣ, бомпӯшҳо аз пластмасса) – ро ташкил медиҳад.
«Оби Зулол» – Пешсафи коркарди маҳсулот Корхонаи «Оби Зулол» дар ҷамоати деҳоти Нофароҷ, мавзеи Қадамҷо ҳанӯз 12 сентябри соли 2000 сохта ва ба истифода дода шуда буд. То ин вақт дар корхона чор хати технологӣ мавҷуд буд. Қайд кардан ба маврид аст, ки 1 - уми июли соли 2020 бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду хати нави истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, коркарди меваю сабзавот, мураббо, афшураҳо ва ғизои кӯдакон дар борҷомаҳои мулоим мавриди истифода қарор гирифт. Хати якум ба истеҳсоли нӯшокиҳо ва афшураҳо бо тарзи резиши гарм ва хунук дар зарфҳои шишагини ҳаҷмашон 0,33 ва 0,5 литра равона шудааст. Ҳаҷми истеҳсол дар як соат 5 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
Хати дуюм ба истеҳсоли ғизои кӯдакона аз хамираҳои мевагӣ дар борҷомаҳои мулоими ҳаҷмашон 90, 110, 120, 200 ва 220 грамма машғул буда, дар як соат 280 адад маҳсулот истеҳсол мекунад. Барои бунёди хати якум 18 миллиону 930 ҳазор сомонӣ ва барои хати дуюм 6 миллиону 960 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Маблағи умумӣ беш аз 25 миллион сомониро ташкил медиҳад. Таҷҳизот аз давлати Итолиё ворид шуда, мутахассисон дар ҳамон ҷо таҷриба омӯхтаанд. Тибқи маълумоти оморӣ дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли корхона ба 235236,7 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,9 фоизро ташкил медиҳад ва ин 600 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
ҶДММ «Адл» – Шодии кӯдакон дар маҳсулоти ватанӣ
Моҳи апрели соли 2021 дар деҳаи Кӯҳандизи ҷамоати деҳоти Зарҳалол корхонаи «Адл» бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз кард. Ин корхона ба истеҳсоли бозичаҳои бачагона машғул буда, дар он 124 нафар бо кор таъминанд. Шумораи коргарон нисбат ба соли 2021 аз 75 ба 124 нафар расонида шуд, ки 49 нафар зиёд аст. Дар ин ҷо зиёда аз 35 намуд маҳсулот, аз ҷумла сечархаҳо, роҳпаймо, фойтунчаҳо, гаҳвора ва мошинчаҳои пластикӣ истеҳсол мешаванд. Маҳсулот аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, ба бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар содирот мегардад. Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсолот 7119 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 101,4 фоиз мебошад.
Набзи созандагӣ дар «Асри Обод» ва «Сино Медикал»
ҶДММ «Асри Обод» бо роҳбарии Қодир Умарӣ дар деҳаи Қалъачаи Араб фаъолият мебарад. Корхона 11 - уми ноябри соли 2025 бо иштироки Сарвари давлат ба кор даромад ва ба истеҳсоли мизу курсӣ ва мебелҳои рӯзгор машғул аст. Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 325,7 ҳазор сомониро дар бар гирифта, 38 нафар бо кори доимӣ таъминанд.
Дар самти тиб низ пешравиҳо назаррасанд. Корхонаи «Сино Медикал» таҳти роҳбарии Икром Набиев дар деҳаи Яккатоли ҷамоати Сабристон моҳи марти соли 2025 мавриди истифода қарор гирифт. Корхона ба истеҳсоли сӯзандору ва лавозимоти тиббӣ машғул буда, 23 ҷойи корӣ дорад. Тибқи маълумоти оморӣ дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли он ба 1387,7 ҳазор сомонӣ расидааст. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи он мебошанд, ки соҳибкории ватанӣ бо дастгирии давлат дар роҳи расидан ба истиқлолияти саноатӣ қадамҳои устувор мегузорад.
- Рушди саноат мустақиман ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум вобаста аст. Ҳоло дар корхонаҳои саноатии шаҳр 1886 нафар коргарон ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117 нафар зиёд мебошад. Дар масъалаи музди меҳнат низ тамоюли мусбат ба мушоҳида мерасад. Музди миёнаи кормандони соҳаи саноати шаҳр дар моҳҳои январ - апрели соли 2025 - ум ба 3925 сомонӣ баробар шудааст. Ин нишондиҳанда мутаносибан ба ҳамин давраи соли гузашта 621 сомонӣ афзоиш ёфтааст, - гуфт Азизҷон Иброҳимов.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки шаҳри Истаравшан на танҳо маркази фарҳанг ва таърих, балки пойгоҳи муҳими рушди саноати замонавии кишвар мебошад.
Фаъолияти муназзами саноатчиёни шаҳр метавонад ба рушди иҷтимоӣ, кам кардани бекорӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии Тоҷикистони маҳбуб саҳми назаррас гузорад.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




