Минтақаи озоди иқтисоди “Суғд” яке аз минатқаҳое мебошад, ки барои таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ шароити мусоидро фароҳам меорад. Ҷалби сармоягузорони хориҷӣ имкон медиҳанд, ки теъдоди чунин корхонаҳо зиёд гардида, соҳаи саноат батадриҷ рушд кунад.

Бино ба иттилои роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон алҳол дар МОИ “Суғд” шаш корхонаи муштарак мавҷуд буда, саҳми чор корхонаи муштарак, аз ҷумла ҶДММ “Таҷпроф”,  ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик”,  ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” ва ҶДММ КМ ТТ “Арча Мебел” бештар ба назар мерасад.

- Ин корхонаҳо роҳи беҳтарини ҷалби маблағҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб мераванд. Сармоягузорон бо боварии бештар ба бахшҳои мухталиф маблағ мегузоранд ва ин боиси навсозии таҷҳизоти техникӣ мегардад. Яке аз бартариҳои муҳими корхонаҳои муштарак ин истифодаи таҷрибаи пешқадами идоракунӣ ва менеҷменти байналмилалӣ мебошад. Ин раванд ба боло рафтани сифати маҳсулот ва кам гардидани хароҷоти зиёдатии истеҳсолӣ кӯмак мерасонад. Танҳо дар соли 2025 корхонаҳои муштараки дар минтақабуда, дар якҷоягӣ ба маблағи беш аз 478 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нишондиҳандаи воқеии табдил ёфтани Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ мебошад, - гуфт Муҳаммадзода Муҳаммад Султон.

ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” - саҳмгузори асосии ин корхона Ҷумҳурии Туркия мебошад. Самти асосии фаъолияти он ба истеҳсоли профилҳои алюминӣ барои дару терезаҳо нигаронида шуда, ҳаҷми сармоягузории воқеӣ аз ҷониби Туркия 60161 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Корхона дар майдони 4,3 гектар замин ҷойгир буда, иқтидори истеҳсолиаш мувофиқи нақша 1000 тоннаро ташкил медиҳад. Дар соли 2025 ҳаҷми умумии истеҳсолот ба 364812,9 ҳазор сомонӣ расид ва корхона тавонист ба маблағи 161099,8 ҳазор сомонӣ маҳсулотро ба Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон содирот намояд. Музди миёнаи маоши кормандон дар ин ҷо 3184 сомонӣ буда, барои истеҳсолот ба маблағи 82419,5 ҳазор сомонӣ ашёи хом аз хориҷ ворид шудааст. Дар ин корхона 326 нафар бо кор таъмин ҳастанд, ки 5 нафари онҳо занон мебошанд.

ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик” – корхонаи мазкур ба истеҳсоли профилҳои пластикӣ машғул аст ва саҳмгузорони он ширкати Этернал Девелопмент Пластик мебошанд. Сармоягузории воқеии хориҷӣ 26350 ҳазор сомониро ташкил дода, корхона дар майдони 2,36 гектар фаъолият мебарад. Шумораи кормандон ба 112 нафар расидааст ва иқтидори корхона тибқи нақша 1200 тонна муайян гардидааст. Дар соли 2025 корхона ба маблағи 81960,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот баровардааст ва қисмати асосии он дар бозори ватанӣ ба фурӯш рафта, содирот ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 835,3 ҳазор сомониро ташкил дод. Маоши миёнаи кормандон 3137 сомонӣ буда, ҳаҷми воридоти ашёи хом аз хориҷ 90141,3 ҳазор сомонӣ мебошад.

ҶДММ КМ ТТ “Арча Мебел” - ин субъект ба истеҳсоли мизу курсиҳои мебелӣ тахассус дорад ва саҳмдорони он ҶДММ “Фортуна-Ко” ва ширкати туркии “Учйиллдиз” мебошанд. Сармоягузории ватанӣ дар ин лоиҳа 3600 ҳазор сомониро ташкил дода, корхона дар 1,15 гектар замин ҷойгир аст. Дар соли 2025 ҳаҷми истеҳсолот 13839,2 ҳазор сомонӣ ва фурӯши дохилӣ 16026,6 ҳазор сомониро ташкил дод. Музди миёнаи меҳнат 2143,57 сомонӣ буда, барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ ба маблағи 5036 ҳазор сомонӣ ашёи хом аз хориҷа оварда шудааст. Дар ин ҷо 60 нафар кор мекунанд, ки 20 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.

ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” - корхонаи мазкур ба истеҳсоли рангубори сохтмонӣ машғул аст ва саҳмияҳои он ба таври баробар яъне 50 фоиз ба ҶДММ “Фортуна Ко” ва 50 фоиз ба ширкати “Silkcoat” -и Туркия мансуб мебошанд. Сармоягузории аслӣ 3183 ҳазор сомониро ташкил дода, корхона дар майдони 0,9761 гектар ҷойгир шудааст. Иқтидори истеҳсолии он 4000 тонна буда, дар соли 2025 пурра ба маблағи 17365,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва дар бозори дохилӣ ба фурӯш баровардааст. Воридоти ашёи хом аз хориҷи кишвар ба маблағи 16434,8 ҳазор сомонӣ амалӣ гаштааст. Дар корхона 40 нафар фаъолият доранд ва маоши миёнаи онҳо 2303,65 сомониро ташкил медиҳад. 

Боиси таъкид аст, ки ба ғайр аз фоидаи иқтисодӣ ин корхонаҳо барои сокинони маҳаллӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам меоранд. Дар баробари ин мутахассисони маҳаллӣ дар канори коршиносони хориҷӣ таҷриба меомӯзанд ва сатҳи донишу малакаи худро такмил медиҳанд. Омори расмӣ нишон медиҳад, ки шумораи ин корхонаҳо сол то сол зиёд шуда истодааст. Маблағҳои ба буҷет воридшаванда аз ҳисоби фаъолияти онҳо қисми зиёди даромадҳои давлатиро ташкил медиҳанд ва ин нишондиҳанда барои таъмини суботи молиявии кишвар хеле муҳим аст.

Бино ба иттилои масъулини бахши саноатии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои муштарак дар маҷмуъ дар вилоят ба 163 адад расидааст.

 

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”