- Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 95 миллиону 609,1 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро шуданд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба 121,2 фоиз баробар аст. Аз ин маблағ 48 миллиону 420,6 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷет, 4 миллиону 582 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорону аҳолӣ ва 42 миллиону 606,5 ҳазор сомонӣ бо дастгирии шарикони рушд ҷалб гардид, - гуфт раиси ноҳия Хайрулло Бобозода дар нишасти матбуотӣ.

Қайд шуд, ки нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли равон бе дарназардошти андози иҷтимоӣ 12 миллиону 558 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он ба 16 миллиону 732,7 ҳазор сомонӣ расид.

 - Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 4 миллиону  174,7 ҳазор сомонӣ ё 133,2 фоиз зиёд мебошад. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия 51 миллиону 508,1 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда буд, ки иҷроиши он 50 миллиону 818,2 ҳазор сомонӣ ё 98,6 фоиз таъмин гардид, -илова кард Хайрулло Бобозода.

Дар идомаи нишаст аз ҷониби рӯзноманигорон доир ба мушкилоту муаммоҳои, фаъолияти Мақомоти иҷроия, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, рушди саноат ва сайёҳӣ, ҳамзамон, перомуни корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ саволҳо пешниҳод шуд. Ба онҳо раиси ноҳия ва шахсони масъул посухҳои мушаххас доданд.

 

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”