Зимни таҳлил дар давраи ҳисоботӣ сардори шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наврӯз Валиев таъкид кард, ки дар ин давра нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди минтақа дар соли гузашта ба 49,1 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш ба 107,3 фоиз баробар гардид ва ҳиссаи он дар нишондиҳандаи рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ба 27,8 фоиз расонида шуд.
Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии бонкӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва дигар самти фаъолият таваҷҷуҳ равона гардида, гардиши савдои хориҷӣ дар вилоят дар соли гузашта ба 4,5 миллиард доллар баробар гардидааст.
Ба таъкиди сардори шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд давоми 2025 ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 афзудааст. Дар ин давра дар самти ҷалби амонатҳои муҳлатноки шахсони воқеӣ тадбирҳои судманд амалӣ гардида, дар қиёс ба ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта 25,7 дарсад зиёд шудааст.
Ҳоло дар низоми бонкии вилоят бонкҳои мустақил, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, фондҳои қарзии хурд, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурд фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Бо мақсади вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар васеъ намудани инфрасохтори пардохтӣ, рушди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами онҳо шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ тадбирандешӣ намудааст.
Дар нишасти матбуотӣ доир ба масъалаҳои қарзҳои додашуда, сандуқи қарзӣ, теъдоди кортҳои пардохтӣ, инфрасохтори пардохти нақдӣ ва ғайринақдӣ маълумот пешниҳод гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади баланд бардоштани бовариву эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ бо роҳи таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ муроҷиати шаҳрвандон тариқи хаттӣ, шифоҳӣ ва ба воситаи телефони боварӣ қабул карда шудааст.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба мавзӯъҳои мавриди назарашон ба роҳбарияти шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Гулҷаҳон Турсунзода,
"Ҳақиқати Суғд"




