Дар маҷлисгоҳи шуъбаи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки намояндаи МИҲД вилояти Суғд Саидимомхӯҷа Акбаров – мудири шуъбаи иқтисод, молия ва дурнамосозии дастгоҳи Раиси вилоят ва рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли равон маълумот пешниҳод намуд.
Муайян гардид, ки қисми даромади буҷети давлатӣ дар ҳамин давра 104,5 фоиз иҷро гардида, воридоти маблағ 499 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақша 21,6 миллион сомонӣ зиёд аст.
Аз рӯи рақамҳои нишондода муайян шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ низ нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 186,7 миллион сомонӣ зиёд иҷро гардидааст.
–Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,2 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 126 фоиз зиёд аст. Шумораи корхонаҳои саноатӣ 210 ададро ташкил дода, дар давраи ҳисоботӣ 22 корхона фаъолият накардаанд,–гуфт раиси ноҳия.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 2015 иншоот ба нақша гирифта шуда, то санаи 1-уми июли соли равон 2648 иншоот, яъне 131,4 фоиз иҷро гардидаанд.
Дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дошта, дар доираи он 20 миллион доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2026–2030-юм 78 лоиҳа ба маблағи 2,3 миллиард сомониро дарбар гирифта, ба ҳолати 1-уми июли соли равон 6 лоиҳа ба маблағи 144,5 миллион сомонӣ ба иҷро расидааст.
Дар умум зимни нишасти матбуотӣ ҳангоми суолу ҷавоб рӯзноманигорон оид ба масъалаҳои нақшаҳои минбаъда дар таъмиру навсозиҳои роҳҳо, мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, дар мавриди сифати сохтмони биноҳои баландошёна, абадигардонии номи шахсиятҳои барӯманд, андешаи масъулони ноҳия баъди пахши навори телевизионӣ оид ба масъалаи ба фурӯш баровардани гӯшти пастсифат, эмин доштани шаҳрвандон аз осеббинӣ аз сагҳои дайду, ҷонибдорӣ шудани соҳибкорони маҳаллӣ барои бунёди варзишгоҳҳо, сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳия, омодагӣ ва харидории техника ба мавсими нави пахтачинӣ, рушди саноат ва бунёди коргоҳҳои нав, баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо бо саволҳо муроҷиат намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Раиси ноҳия дар охир аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки боз ҳам ҳамкориро бештар намуда, инъикоси воқеъбинонаи муаммоҳои ҷойдоштаро бо назари нек ба риштаи таҳлил бикашанд.
Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»





