Имрӯз иқтисоди ҷаҳон ба сӯйи технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ безарар қадам мегузорад. Тоҷикистон, махсусан вилояти Суғд, ки яке аз марказҳои асосии саноатии кишвар маҳсуб мешавад, дар ин самт имкониятҳои фарох дорад. Гузариш ба иқтисоди "сабз" ва истифодаи энергияи офтобӣ барои корхонаҳои ватанӣ на танҳо як ниёзи экологӣ, балки роҳи асосии баланд бардоштани фоида ва рақобатпазирии маҳсулот аст.
Вилояти Суғд аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар минтақае карор дорад, ки дар як сол аз 270 то 300 рӯз офтобӣ аст. Ин рақам ба мо имкон медиҳад, ки энергияи офтобиро ҳамчун манбаи асосии алтернативӣ истифода барем. Бар хилофи неругоҳҳои обӣ, ки фаъолияташон ба сатҳи оби дарёҳо вобаста аст, панелҳои офтобӣ метавонанд дар давоми сол беист неруи барқ тавлид кунанд.
Барои як корхонаи саноатӣ, хоҳ он дар соҳаи бофандагӣ бошад ва хоҳ дар бахши коркарди маъдан, хароҷоти неруи барқ қисми зиёди арзиши аслии маҳсулотро ташкил медиҳад.
Истифодаи панелҳои офтобӣ дар корхонаҳо чанд бартарӣ дорад, аз ҷумла кам кардани хароҷот аст. Насби таҷҳизоти офтобӣ дар боми сехҳо ва биноҳои маъмурӣ имкон медиҳад, ки хароҷоти моҳонаи барқ то 40 дарсад коҳиш ёбад. Ин маблағҳои сарфашуда метавонанд барои навсозии таҷҳизот ё зиёд кардани маоши коргарон равона шаванд. Ҳамчунин дар ҳолати сар задани камбудиҳо дар шабакаҳои умумии барқ ё ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои мавсимӣ, системаҳои офтобӣ имкон медиҳанд, ки раванди истеҳсолот қатъ нагардад. Ин махсусан барои корхонаҳое, ки давраи технологӣ доранд, ҳаётан муҳим аст.
Имрӯз харидорони хориҷӣ, бахусус дар бозорҳои Аврупо, ба он аҳамият медиҳанд, ки маҳсулот бо кадом роҳ истеҳсол шудааст. Агар корхона аз энергияи "сабз" истифода барад, имкони содироти маҳсулоташ ба бозорҳои ҷаҳонӣ чандин баробар зиёд мешавад. Гузариш ба ин низом бе мушкилӣ нест. Арзиши баланди панелҳо ва норасоии мутахассисони соҳавӣ аз монеаҳои асосӣ мебошанд. Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ин хароҷот дар давоми 4-6 сол худро пурра мепӯшонад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи фаръии «ФОРТУНА - КО» яке аз субъектҳои пешқадам дар Минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд ба шумор меравад. Ин корхона бо мақсади истифодаи самараноки манбаъҳои энергияи барқароршаванда ҳануз моҳи январи соли 2025 ба насби панелҳои офтобӣ шурӯъ карда буд. Сармуҳандиси корхона Илҳом Муъминов дар робита ба ин иқдом иброз дошт, ки аллакай натиҷаҳои мусбат ва самараи иқтисодии ин технология баръало мушоҳида мешавад.
- Таҳлилҳои мутахассисон нишон медиҳанд, ки корхона дар давоми як соли фаъолият тавонист наздик ба 40 фисади ниёзмандии худро ба қувваи барқ сарфа намояд. Панелҳои офтобӣ дар масоҳати 970 метри квадратӣ ҷойгир карда шудаанд. Дар фасли тобистон ва рӯзҳои офтобӣ иқтидори дастгоҳҳо ба 218 киловат соат баробар шуда, то 60 фоизи корхонаро бо нерӯи барқ таъмин мекунад. Ҳарчанд дар фасли сармо ин нишондиҳанда каме коҳиш меёбад, аммо дар маҷмуъ ҳиссаи энергияи офтоб дар таъминоти солона 40 фоизро ташкил медиҳад. Ин лоиҳаи муҳим аз ҷониби корхонаи «Система автоматик» амалӣ карда шуд. Барои насби таҷҳизоти мазкур 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, - гуфт мавсуф.
Қайд гардид, ки бо назардошти он ки ҳамасола ба корхона таҷҳизоти нави истеҳсолӣ ворид мегардад, талабот ба қувваи барқ низ зиёд мешавад. Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ, дар соли 2025 панелҳои офтобӣ зиёда аз 240 ҳазору 656 квт қувваи барқ истеҳсол карданд. Дар натиҷаи истифодаи ин манбаи алтернативӣ, корхона тавонист дар давоми як сол 190 ҳазор сомонӣ маблағҳои худро сарфа намояд.
Ҷоиз ба қайд аст, ки самти асосии фаъолияти «ФОРТУНА - КО» ба истеҳсоли дару тирезаҳои тахтагӣ ва курсиҳои мулоим нигаронида шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона мувофиқи бизнес-нақша ба 10500 метри квадратӣ баробар мебошад. Маҳсулоти босифати истеҳсолшуда пурра ба бозори дохилӣ равона мешавад. Айни замон дар корхона 81 нафар корманд фаъолият мекунанд. Қобили зикр аст, ки аз ин шумора 42 нафарашро занон ташкил медиҳанд ва онҳо дар пешрафти истеҳсолот саҳми арзанда мегузоранд.
Дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боз як корхонаи азим ба истифодаи панелҳои офтобӣ рӯ оварда, қадамҳои аввалини худро дар самти истиқлолияти энергетикӣ гузошт. ҶДММ “Таҷпроф”, ки ба истеҳсоли профилҳои алюминӣ ва витражҳо машғул аст, таҷҳизоти муосири худро аз давлатҳои Туркия ва Хитой ворид намудааст. Ин корхона асосан аз ашёи хоми ватанӣ истифода бурда, иқтидори истеҳсолии он дар як моҳ аз 700 то 800 тоннаро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки 60 фоизи маҳсулоти истеҳсолшавандаи ин корхона содиротӣ буда, дар он 164 нафар мутахассисон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Тавре, сармуҳандиси ҶДММ “Таҷпроф” Эҳсонҷон Ҷабборов иброз дошт, тасмими истифодаи энергияи алтернативӣ пас аз иштирок дар намоиши умумиҷаҳонии Шанхай дар нимсолаи аввали соли 2025 гирифта шуд. Дар ин намоишгоҳ мутахассисони корхона бо тамоми намудҳои панелҳои офтобӣ ва тарзи истифодаву хунуккунии онҳо аз наздик шинос шуданд.
- Дар натиҷаи омӯзиш ва дидани таҷрибаи заводҳои бузурги ҷаҳонӣ, корхона барои 51,5 кВт дархост пешниҳод намуда, таҷҳизоти заруриро харидорӣ кард. Панелҳои мазкур дар масоҳати 324 метри квадратӣ бо сарфи 110 ҳазору 400 сомонӣ насб карда шуданд. Пас аз насб ва санҷиши ҳамаи нозукиҳои техникӣ, корхона натиҷаҳои мусбат ба даст овард. Ин таҷриба нишон дод, ки истифодаи энергияи офтобӣ дар шароити истеҳсолот самаранок ва аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар мебошад. Бинобар ин, роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки дар оянда ба пуррагӣ ба энергияи офтобӣ гузарад ва бо ин роҳ хароҷоти барқро кам карда, ба ҳифзи муҳити зист саҳм гузорад, - гуфт мавсуф.
Иқтисоди "сабз" танҳо як шиори муосир нест. Ин ояндаи саноати вилояти Суғд аст. Мо бояд аз саховати офтоби диёрамон самаранок истифода барем, то корхонаҳоямон тавонотар, маҳсулотамон рақобатпазир ва ҳавои кишварамон тозатар бимонад. Гузариш ба энергияи офтобӣ қадамест ба сӯйи мустақилияти энергетикӣ ва рушди устувори иқтисодӣ.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




