– Шаҳри Гулистон минтақаи саноатӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ таҳти назорати доимии роҳбарият қарор дорад. Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон 93 номгӯи маҳсулот истеҳсол намудаанд. Тибқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ шумораи миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд, 5313 нафарро ташкил дода, ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 503 нафар зиёд буда, 110,5 дарсадро ташкил додааст. Музди маоши миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр ба ҳолати 1-уми июни соли 2026 ба 4470 сомонӣ баробар гардида, аз ҳамин давраи соли гузашта 462 сомонӣ зиёд ё ки 111,5 фозиро ташкил додааст,–афзуд раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ватаниву хориҷӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр бе дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 112 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 73 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 7,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Даромад ба буҷети шаҳр бо назардошти андози иҷтимоӣ 102,5 дарсад иҷро гардид. Алҳол дар шаҳр 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 135 миллион доллар амалӣ шуда истодааст. Маблағи умумии азхудшуда 121,5 миллион долларро ташкил медиҳад, ки он он 90 фоизи маблағи умумии лоиҳаро дарбар мегирад.
Доир ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 127,5 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 512,4 ҳазор зиёд буда, 100,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 1857 сар, аз ҷумла модагов 985 сар, гӯсфанду буз 12801 сар, паранда 914770 сар ва асп ба 48 сар расонида шудааст.
Қайд гардид, ки масъулон барои дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро рӯи даст мегиранду 280 иншооти ҷашниро сари вақт барқарору бунёд сохтанд. Аллакай 291 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ин 103,9 дарсади нақша аст. Зиёда аз 20 иншоот бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин раиси шаҳр доир ба соҳаи маориф, тандурустӣ, занон, ҷавонон ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ маълумоти муфассал дод.
Аз ҷониби рӯзноманигорон саволҳои мухталиф бобати таъмини истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ободонии шаҳр, сармоягузории хориҷӣ, таъмини маконҳои истироҳативу сайёҳӣ ба шароити арзанда, истеҳсоли моҳӣ, барқ, ҷинояткорӣ, қарздорӣ аз андоз ва дигар масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сайёҳиву варзишӣ пешниҳод карданд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





