Маросими 5 - умин ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин содиркунандаи Тоҷикистон" бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дар ин тадбири муҳим намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Агентии содирот, вазорату идораҳои давлатӣ ва соҳибкорони ватанӣ иштирок намуданд. Озмуни мазкур дар доираи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 - 2030 бо ҳадафи таъмини рушди устувори содирот аз рӯи 9 номинатсияи соҳавӣ доир шуда, 61 ширкати ватанӣ ғолиби он гардиданд. 

Роҳбарияти Агентии содирот аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати мол ва иҷрои пурраи уҳдадориҳои шартномавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд, зеро ин омил нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардорад.

Ғолибони озмун аз рӯи номинатсияҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маҳсулоти беназир, беҳтарин намояндагии тиҷоратӣ дар хориҷа ва ҷуғрофияи содирот, бренди шинохта дар хориҷа, оғози муваффақ, инфрасохтори содиротӣ ва логистикӣ ва беҳтарин содироткунандагони минтақаҳои озоди иқтисодии Данғара ва Суғд бо ҷоизаву дипломҳо қадрдонӣ шуданд.

Маъдан, сурма, металҳои қиматбаҳо, алюминий, нахи пахта, нерӯи барқ ва меваи хушк пояҳои асосии содиротии кишвар буда, ҳар сол Тоҷикистон зиёда аз 200 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва беш аз 3 миллион тонна маҳсулоти саноатиро ба беш аз 60 давлати ҷаҳон пешниҳод мекунад. Танҳо дар 9 моҳи соли 2026 ба маблағи зиёда аз 2 миллиард доллари амрикоӣ маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб зиёд мебошад.

Саҳми Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар ин самт назаррас буда, айни ҳол дар он 54 субъект ба қайд гирифта шудааст ва 29 адади онҳо ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул мебошанд. Роҳбари МОИ «Суғд» Муҳамадзода Муҳаммад Султон иброз дошт, ки таҷриба нишон дод, ки сол аз сол содироткунандагони боэътимод зиёд гардида истодаанд. Ин омил имкон медиҳад, ки маҳсулоти ватанӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардад.

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2026 маҷмуи маҳсулоти саноатӣ дар минтақа ба 483,6 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 - ум 115,8 фоиз ё 66 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ ба 5,8 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 175 фоиз ё 2,6 миллион сомонӣ афзоишро нишон медиҳад.

- Ҳаҷми маҳсулоти содиротии субъектҳои МОИ «Суғд» дар ин давра 141,8 миллион сомониро ташкил дода, бозори фурӯши онҳо ба ғайр аз Тоҷикистон кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Россия, Беларусия, Озорбойҷон, Арманистон, Ироқ, Эрон, Хитой ва Туркияро фаро мегирад. Ҳаҷми сармоягузории мустақим ба 54,6 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 145,2 фоиз ё 17 миллион сомонӣ зиёд буда, аз оғози фаъолият ба 321,8 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Ин сармоягузорӣ асосан аз ҷониби 11 корхона, аз ҷумла ҶДММ «Сайр Суғд», «Таҷпроф», «Идораи Сохтмонии №1», «Фортуна Ко», «Донаи Алмос», «Нури Суғд», «Синтай Метал Суғд», «Тоҷпанел», «Фуд Агро Суғд», «Райан», «Маъруфи Суғд» ва «Маркази логистикии тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ ва сардхона» таъмин гардид, - гуфт Муҳамадзода Муҳаммад Султон.

Шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар минтақа ба 1156 нафар расид, ки нисбат ба соли гузашта 114,4 фоиз ё 123 ҷойи нави корӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон субъектҳо ба буҷети давлат 11,2 миллион сомонӣ андозҳои дахлдор ва 48,4 миллион сомонӣ боҷи гумрукиву андоз аз арзиши иловашуда пардохт намуданд.

Маъмурияти МОИ «Суғд» ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташкили корхонаҳои нав ҳамкориро мунтазам тақвият бахшида, дар ин давра 7 субъекти навро ба қайд гирифт. Дар байни онҳо ҶДММ «Райан» барои истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан бо 40 ҷойи корӣ ва 500 000 доллари ИМА сармояи ватанӣ, ҶДММ «Термодинамика Суғд» барои истеҳсоли яхдон ва таҷҳизоти сардкунанда бо 100 ҷойи корӣ ва 500 000 доллар сармояи ватанӣ ва ҶДММ «Маъруфи Суғд» барои истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ ва металӣ бо 40 ҷойи корӣ ва 500 000 доллар сармояи ватанӣ фаъолият оғоз мекунанд.

Ҳамчунин ҶДММ «Суғд Декор» дар самти истеҳсоли мебел бо 50 ҷойи корӣ ва 500 000 доллар сармояи ватанӣ, корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон ҶДММ «Куруш сармоя» дар самти коркарди маҳсулоти нафтӣ бо 30 ҷойи корӣ ва 1 000 000 доллар, ҶДММ «Осмони орзуҳои Суғд» барои истеҳсоли панелҳои офтобӣ ва трисиклҳо бо 30 ҷойи корӣ ва 500 000 доллар сармояи хориҷӣ ва ҶДММ «Пешсафи Суғд» барои истеҳсоли бастабандии қоғазӣ бо 20 ҷойи корӣ ва 2 000 000 доллар сармояи ватанӣ таъсис ёфтанд. Дар маҷмуъ аз ҷониби ин 7 субъекти навтаъсис маблағгузории 5,5 миллион доллари ИМА сармоя ва таъсиси 310 ҷойи кории доимӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин давра марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ «Сайри Суғд» ифтитоҳ гардида, 3 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ «Сомон кейс», «Суғд агро трейд» ва «Синтай метал Суғд» мавриди истифода қарор гирифтанд. То охири соли ҷорӣ боз 2 корхонаи калони дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, ки ин шаҳодати тақвияти пайвастаи соҳибкориву саноаткунонӣ дар минтақа мебошад.

 Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”