Дар шароите, ки масоҳати ҷангалзор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 3 фоизи қаламрави кишварро дар бар мегирад, масъалаи рушди соҳаи ҷангалпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо масолеҳи чӯбӣ аҳамияти стратегӣ пайдо мекунад. Ҷангалҳои кишвар асосан аз буттазорҳо иборат буда, имкони пурра қонеъ гардонидани талаботи бозорро бо масолеҳи чӯбӣ надоранд. Аз ин рӯ, имрӯз беш аз 90-95 фоизи масолеҳи чӯбӣ аз хориҷи кишвар ворид мешавад.
Дар чунин шароит, рӯ овардан ба парвариши дарахтони зуд инкишофёбанда, аз ҷумла павлония ҳамчун як роҳи ҳалли муосир ва устувор арзёбӣ мегардад. Маҳз бо ҳамин мақсад “Барномаи рушди парвариши павлония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” қабул гардидааст.
Барномаи мазкур на танҳо ба рушди соҳаи ҷангал, балки ба татбиқи ҳадафҳои як қатор барнома ва стратегияҳои миллӣ мусоидат менамояд. Он метавонад вобастагии кишварро аз воридоти масолеҳи сохтмонӣ коҳиш дода, барои рушди соҳаи саноат, аз ҷумла мебелсозӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Айни замон танҳо дар хоҷагиҳои ниҳолпарварии низоми Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 247 ҳазору 774 бех ниҳоли павлония парвариш мешавад. Ҳамзамон, беш аз 200 ҳазор бех ниҳол дар марҳилаи рушд қарор дорад. Дар назар аст, ки истеҳсоли солонаи ин навъи дарахт то ба 100 ҳазор бех расонида шавад.
Тавре Турдалӣ Арабов, сардори шуъбаи бунёд ва барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо мо иброз намуд, истифодаи технологияҳои муосир дар парвариши ниҳолҳо ва густариши плантатсияҳо метавонад ба баланд бардоштани самаранокии соҳа мусоидат кунад. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки ҷалби аҳолӣ ба идоракунии муштараки ҷангалҳо нақши муҳим мебозад.
-Павлония, ки бо суръати баланди рушд ва сифати хуби чӯбаш маъруф аст, метавонад дар оянда ба яке аз сарчашмаҳои таъмини бозори дохилӣ табдил ёбад. Ҳамчунин, ин дарахт барои барқарорсозии заминҳои фарсуда, аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим низ мусоид мебошад, - изҳор дошт ӯ.
Юсуф Муродов, мутахассис-агрономи “Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” низ қайд намуд, ки павлония хусусияти худбарқароршавӣ дошта, шинонидани дубораро талаб намекунад. Он баъди ҳар буриш аз ҳисоби решаи боқимонда аз нав мерӯяд, ки манфиатовар аст.
-Павлония хусусияти ултроафзоишӣ дошта, давоми 7-8 сол ҳаҷми афзоиш он ба 1 метри кубӣ мерасад, ки бо дигар намуди дарахтон муқоисанашаванда аст. Он хокро солим ва аз эрозия нигоҳ дошта, ба кам шудани газҳои гулхонаӣ ва тозагии ҳавои атмосфера мусоидат мекунад. Як дарахти павлония метавонад 22 килограмм гази карбонро фурӯ бурда, 6 килограм кислород хориҷ кунад, - иброз намуд ӯ.
Рушди парвариши павлония натанҳо як иқдоми иқтисодӣ, балки як қадами муҳим дар самти ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад.
Амони МУҲАМММАД,
“Ҳақиқати Суғд”




