Пешвои миллат борҳо иброз доштаанд, ки дастгирии соҳибкории занон, омӯзонидани касбу ҳунар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои онҳо яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими суботи иҷтимоӣ мебошад. Маҳз дар натиҷаи татбиқи чунин сиёсати хирадмандона имрӯз дар гӯшаву канори мамлакат даҳҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият намуда, ҳазорҳо занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Яке аз чунин намунаҳои муваффақ коргоҳи дӯзандагии «Амирӣ» дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки имрӯз ба маркази муҳими истеҳсоли либосҳои мактабӣ, корӣ, варзишӣ ва махсус табдил ёфтааст.
Коргоҳи дӯзандагии «Амирӣ» соли 2021 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намуд. Дар оғози кор ҳамагӣ барои 70 нафар зан ҷойи кор муҳайё шуда буд. Аммо бо гузашти вақт ва афзоиши талабот ба маҳсулоти ватанӣ фаъолияти коргоҳ густариш ёфта, имрӯз шумораи кормандон ба зиёда аз 150 нафар расидааст.
Роҳбари коргоҳ Мадина Каримова аз ҷумлаи бонувони соҳибкори муваффақест, ки тавонист даҳҳо занони ҳунармандро сарҷамъ намуда, имкониятҳои онҳоро ба неруи воқеии истеҳсолӣ табдил диҳад. Агар дар оғози фаъолият танҳо як сех амал мекард, имрӯз истеҳсолот васеъ гардида, чанд самти алоҳидаи дӯзандагӣ, буррандагӣ, гулдӯзӣ, дарздӯзӣ, назорати сифат ва омодасозии маҳсулот ба роҳ монда шудааст.
Коргоҳ бо шарикони тиҷоратӣ дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкории судманд дошта, пайваста ҷуғрофияи фаъолияти худро васеъ менамояд.
Мадина Каримова зимни суҳбат иброз дошт, ки имрӯз талабот ба маҳсулоти корхона хеле зиёд аст.
- Айни замон барои дӯхтани зиёда аз 60 ҳазор маҷмӯи либоси мактабӣ фармоиш дорем. Ин либосҳо барои муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт, шаҳри Хуҷанд ва як қатор муассисаҳои хусусии шаҳри Душанбе омода карда мешаванд. Мо саъй менамоем, ки ҳар як маҳсулот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи муосир истеҳсол гардад, – мегӯяд роҳбари коргоҳ.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар корхона наздик 150 нафар зан фаъолият менамоянд, ки аксарияти онҳо хонашин буданд. Барои аксарияташон ин аввалин ҷойи кори доимӣ ва манбаи устувори даромад маҳсуб мешавад.
Бо фаро расидани мавсими нави истеҳсолӣ мо ният дорем, шумораи кормандонро боз ҳам зиёд намоем. Мехоҳем ҳарчи бештар бонувон соҳиби касб, таҷриба ва даромади мустақил гарданд, – таъкид намуд Мадина Каримова.
Дар баробари истеҳсоли либосҳои мактабӣ коргоҳ ба дӯхтани либосҳои махсус низ машғул аст. Солҳои охир талабот ба чунин маҳсулот афзоиш ёфта, корхона тавонистааст дар ин самт низ мавқеи худро мустаҳкам намояд.
Яке аз омилҳои муҳими ҷалби занон ба фаъолияти истеҳсолӣ фароҳам овардани шароити арзандаи меҳнат мебошад. Дар коргоҳи «Амирӣ» кормандон бо нақлиёти хизматӣ таъмин гардида, ҳамчунин барои онҳо хӯроки гарми нисфирӯзӣ ташкил шудааст. Муҳити мусоиди корӣ, муносибати эҳтиромона нисбат ба кормандон ва имкониятҳои рушди касбӣ боис гардидааст, ки сафи хоҳишмандони фаъолият дар ин ҷо сол ба сол зиёд шавад.
Музди меҳнати кормандон вобаста ба тахассус, таҷриба ва ҳаҷми кори иҷрошуда муайян мегардад. Айни замон маоши кормандон аз 1700 сомонӣ оғоз ёфта, барои мутахассисони соҳибтаҷриба ва фаъол то ба 5000 сомонӣ мерасад. Ин нишондиҳанда барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии оилаҳои зиёд мусоидат намуда, нақши занонро дар таъмини иқтисодии хонаводаҳо боз ҳам тақвият мебахшад.
Маҳз чунин коргоҳҳо имрӯз дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар нақши муассир дошта, ҳамзамон ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, рушди соҳибкории бонувон, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва таҳкими иқтисоди маҳаллӣ мусоидат менамоянд.
-Истеҳсоли либоси мактабӣ танҳо фаъолияти иқтисодӣ нест. Ин саҳмгузорӣ дар тарбияи насли наврас, ташаккули фарҳанги либоспӯшӣ ва дастгирии сиёсати давлат дар самти истифодаи маҳсулоти ватанӣ мебошад, - иброз медорад М.Каримова.
Дар баробари ин, коргоҳ либосҳои махсус барои кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳои гуногунро низ омода месозад. Аз ҷумла, фармоиши омодасозии ҳазорҳо маҷмӯи либоси ягона барои ронандагони нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд аз эътимоди баланд ба сифати маҳсулоти истеҳсолшуда дарак медиҳад.
Занон – неруи пешбарандаи истеҳсолот
Имрӯз гурӯҳи асосии кормандони коргоҳро занон ташкил медиҳанд. Аксари онҳо қаблан имкони фаъолият дар истеҳсолотро надоштанд ва бештар ба корҳои рӯзгори хона машғул буданд. Акнун бошад, соҳиби ҷойи кори доимӣ, маоши устувор ва таҷрибаи касбӣ гардидаанд.
Дӯзандаи коргоҳ Сабоат Маннонова мегӯяд:
«Пеш аз он ки ба коргоҳ оям, асосан ба тарбияи фарзандон ва корҳои хона машғул будам. Имрӯз соҳиби касб ва даромади мустақил ҳастам. Бо маоше, ки мегирам, дар таъмини рӯзгори оила саҳм мегузорам. Муҳимтар аз ҳама, эҳсос мекунам, ки меҳнати ман қадр карда мешавад. Мо ҳар рӯз барои садҳо хонанда ва кормандони муассисаҳои гуногун либос медӯзем ва аз натиҷаи кори худ ифтихор мекунем».
Сифат – кафолати муваффақият
Дар истеҳсолот масъалаи сифат аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ҳар як маҳсулот пеш аз ба мизоҷ пешниҳод шудан аз санҷиши махсус мегузарад.
Корманди бахши назорати сифати маҳсулот Ш.Раҳимова бар он назар аст, ки маҳз риояи меъёрҳои сифат сабаби асосии афзоиши эътимоди харидорон гардидааст:
«Масъулияти мо аз он иборат аст, ки ҳар як либос бе нуқсон ва мутобиқ ба талаботи фармоишгар бошад. Мо ҳар як марҳилаи истеҳсолро бодиққат назорат мекунем. Вақте маҳсулоти мо ба мактабҳо, идораҳо ва муассисаҳои гуногун мерасад ва мизоҷон аз сифати он изҳори қаноатмандӣ мекунанд, ин барои мо беҳтарин натиҷаи меҳнат мебошад».
Ба гуфтаи ӯ, истифодаи таҷҳизоти муосир ва баланд гардидани маҳорати кормандон имкон медиҳад, ки маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол карда шавад.
Яке аз омилҳои муҳими ҷалби занон ба истеҳсолот фароҳам овардани шароити муносиби меҳнат мебошад. Дар коргоҳи «Амирӣ» барои кормандон нақлиёти хизматӣ, хӯроки гарм, ҷойҳои кории барҳаво ва таҷҳизоти муосир муҳайё гардидааст.
Ин тадбирҳо на танҳо ба беҳтар шудани шароити кор мусоидат мекунанд, балки боиси баланд шудани маҳсулнокии меҳнат ва ҳавасмандии кормандон низ мегарданд.
Ояндаи дурахшон бо меҳнати созанда
Таҷрибаи фаъолияти коргоҳи дӯзандагии «Амирӣ» собит менамояд, ки рушди саноати сабук метавонад ҳамзамон чандин масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодиро ҳал намояд. Аз як тараф, талаботи бозор бо маҳсулоти ватанӣ таъмин гардад ва аз ҷониби дигар, садҳо нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва зиндагии беҳтар мешаванд.
Ҳар як либоси мактабӣ ва махсусе, ки дар ин коргоҳ истеҳсол мешавад, на танҳо маҳсули меҳнати дастони ҳунарманд, балки самараи сиёсати дурбинонаи давлат, ташаббускории соҳибкорони ватанӣ ва заҳмати содиқонаи занони тоҷик мебошад.
Коргоҳи «Амирӣ» имрӯз ба мактаби воқеии меҳнат, ҳунаромӯзӣ ва рушди соҳибкории занон табдил ёфта, бо фаъолияти худ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда мегузорад.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





