Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар таъкид карданд, ки “Имрӯз Тоҷикистон тадриҷан аз иқтисодиёти асосан ба содироти ашёи хом такякунанда ба иқтисодиёти истеҳсоли саноатӣ қадам мегузорад. Ҳадаф аз ташкили корхонаҳои азими металлургӣ яке аз пояҳои асосии иқтисоди саноатии Тоҷикистон аст”. Аз ин ҷост, ки саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар вилояти Суғд бо муваффақият ва суръати баланд амалӣ мегардад. Дар ин самт таваҷҷуҳи асосӣ ба баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии маҳаллӣ ва коҳиш додани вобастагии бозор аз маҳсулоти воридотӣ равона шудааст.
Корхонаҳои саноатии вилоят бо роҳандозии технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки ашёи хоми ватанӣ тавонистанд номгӯи зиёди маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунандаро пешниҳод намоянд, ки ин на танҳо талаботи дохилиро таъмин мекунад, балки иқтидори содиротии кишварро низ ба таври назаррас тақвият мебахшад.
Рушди устувори соҳа нишон медиҳад, ки вилоят дар татбиқи барномаҳои давлатии рушди саноат пешсаф буда, бо ҷорӣ намудани усулҳои нави истеҳсолот ба пешрафти кулли иқтисодиёт заминаи устувор мегузорад.
Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳои бузург шуъбаи энергетика ва саноати вилоят дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар моҳҳои январ - июни соли 2026 як силсила тадбирҳои судманд андешиданд. Дар натиҷаи ин кӯшишҳо 66 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ таъсис дода шуд, ки боиси фароҳам омадани 496 ҷойи нави корӣ гардид. Ин иқдом ба эҳёи иқтидорҳои бозистода ва рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид.
Давоми моҳҳои январ - июни соли 2026 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ расонида шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 бо нархҳои муқоисавӣ 2,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Суръати рушди саноати вилоят бо назардошти индекси нархҳо ба 111 фоиз баробар гардид. Айни замон дар қаламрави вилоят 1295 корхонаи саноатӣ фаъолияти худро пеш бурда истодаанд.
Саҳми корхонаҳои бузурги саноатӣ дар ин дастовардҳо хеле назаррас аст. Тибқи маълумоти оморӣ, дар “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” дар моҳҳои январ - июни соли 2026 ба маблағи умумии 2,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид. Ин нишондиҳанда бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 851,9 миллион сомонӣ зиёд буда, ба 151,4 фоиз баробар мебошад. Инчунин дар Корхонаи муштараки “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент дар моҳҳои январ - июни соли 2026 ба маблағи умумии 4,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид. Нишондиҳандаи мазкур бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 1,6 миллиард сомонӣ зиёд буда, суръати афзоишро ба 148 фоиз баробар намуд.
Дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аввалия низ нишондиҳандаҳои назаррас ба даст омаданд. Махсусан дар моҳҳои январ - июни соли 2026 - ум 311,8 ҳазор тонна орд истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94,7 ҳазор тонна зиёд мебошад ва ин афзоиш ба 143,6 фоиз баробар аст. Дар маҷмӯъ ба ҳолати 1 – уми июли соли равон дар корхонаҳои саноатии вилоят 266 намуди маҳсулоти гуногун истеҳсол гардидааст.
Рушди соҳа ба беҳтар шудани сатҳи некуаҳволии сокинон ва афзоиши ҷойҳои корӣ таъсири мустақим расонд. Шумораи рӯйхатии кормандони соҳаҳои саноати вилоят ба 36336 нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3114 нафар зиёд мебошад. Дар баробари ин, шумораи коргарони маошгирандаи соҳаи саноат 3475 нафар афзуда, ба 32806 нафар расид. Музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаҳои саноат ба 4424,9 сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 477,3 сомонӣ зиёд мебошад. Тадбирҳои болозикр имкон доданд, ки дар давоми шаш моҳи соли равон саҳми вилояти Суғд дар ташаккулёбии ҳаҷми маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 62,8 фоиз баробар гардад.
Бино ба иттилои масъулини соҳаи саноат ва иқтисодиёт дар бахши энергетика низ корҳо мунтазам пеш бурда мешаванд. Мувофиқи маълумоти фаврӣ, дар моҳҳои январ - июни соли 2026 аз ҷониби муштариён 2702,1 миллион кВт/соат нерӯи барқ ба маблағи 1473,3 миллион сомонӣ истифода шуда, пардохти он ба 1411 миллион сомонӣ расид, ки ин 95,8 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Аз ҷониби аҳолии вилоят бошад, ба маблағи 421,4 миллион сомонӣ нерӯи барқ истифода шуда, пардохти он ба 444,2 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда ба 105,4 фоиз баробар аст.
Минбаъд низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар, тамоми захираву имкониятҳои мавҷудаи вилоят ба таври васеъ сафарбар карда мешаванд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





