Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, рушди энергетика яке аз самтҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки “истиқлолияти энергетикӣ” яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои расидан ба он  барномаву лоиҳаҳо ва дигар чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Нафту газ аз ҷумлаи захираҳои муҳими табиӣ ба шумор рафта, дар таъмини як қатор бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, нақлиёт ва дигар самтҳои истеҳсолӣ нақши муассир дорад. Рушди ин соҳа на танҳо ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, балки ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, рушди инфрасохтори истеҳсолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Дар шаҳри Исфара корхонаи азиме фаъолият мекунад, ки солҳои зиёд дар рушди соҳаи истихроҷи нафту газ саҳми арзишманд мегузорад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди муштараки “Петролеум Суғд” бо истифода аз захираҳои маҳаллии карбогидридӣ, ҳифзи чоҳҳои амалкунанда ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири истихроҷ фаъолияти истеҳсолии худро идома медиҳад.

Корхона соли 2000-ум ҳамчун корхонаи муштараки Тоҷикистону Австрия таъсис ёфта, имрӯз яке аз истеҳсолкунандаи азими минтақа дар самти нафту газ мебошад. Дар тавозуни корхона тақрибан даҳ кони нафту газ мавҷуд буда, захираҳои умумии онҳо тақрибан 2 миллион тонна нафт ва наздик ба 3 миллиард метри мукааб гази табиӣ арзёбӣ мешавад. Мавҷудияти чунин захираҳо барои идомаи корҳои иктишофӣ, пармакунӣ ва азхудкунии конҳои нав мусоидат мекунад.

Ҳаҷми солонаи истихроҷи ашёи хоми карбогидридӣ дар корхона тақрибан 10 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Танҳо дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ба 19 миллиону 822 ҳазору 200 сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 236,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондиҳандаҳо аз идомаи фаъолияти истеҳсолӣ ва истифодаи захираҳои мавҷуда дарак медиҳад.

Фаъолияти корхона барои иқтисоди минтақа танҳо бо нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ маҳдуд намешавад. Истеҳсоли ашёи хоми карбогидридӣ ва маҳсулоти вобаста ба он ба рушди соҳаҳои марбута ва истифодаи имкониятҳои дохилии кишвар мусоидат мекунад. Дар шароите, ки рушди истеҳсолоти ватанӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад, фаъолияти чунин корхонаҳо дар таҳкими заминаи истеҳсолӣ нақши муайян доранд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти корхона азхудкунии кони “Маҳрам” мебошад, ки дар шаҳри Конибодом ҷойгир аст. Шароити геологӣ ва хусусиятҳои сохтори қабатҳои маҳсулнок дар ин мавзеъ иҷрои корҳои пармакуниро ба вазифаи мураккаби техникӣ табдил медиҳанд. Дар ин ҷо мутахассисон бо пармакунии чоҳҳои чуқур, ки тақрибан то 4,5 ҳазор метр мерасанд, машғуланд. Иҷрои чунин корҳо истифодаи таҷҳизоти муосири пармакунӣ, омӯзиши пешакии сохтори геологӣ ва назорати дақиқи параметрҳои чоҳро тақозо мекунад.

Мураккабии кони “Маҳрам” ба сохтори қабатҳои он низ вобаста аст. Ба қавли мутахассисон, сохтори кон ба блокҳои алоҳида тақсим шуда, чунин хусусият ҳангоми пармакунӣ метавонад ба интихоби самти кор ва истифодаи технологияҳои мувофиқ таъсир расонад. Эҳтимоли мавҷудияти фишори баланди қабатӣ низ аз ҷумлаи омилҳоест, ки ҳангоми иҷрои корҳо ба назар гирифта мешаванд.

Дар чунин шароит ҳар як марҳилаи кор-аз омӯзиши буриши геологӣ то интихоби реҷаи пармакунӣ ва назорати фишори қабат аҳамияти хос дорад. Аз ин рӯ, азхудкунии конҳои мураккаб на танҳо ба техникаи пуриқтидор, балки ба таҷрибаи муҳандисӣ, омодагии мутахассисон ва назорати доимии геологӣ ниёз дорад.

Самти дигари фаъолияти корхона баланд бардоштани самаранокии чоҳҳои амалкунанда мебошад. Қисме аз конҳои нафту гази минтақа солҳои зиёд мавриди истифода қарор дошта, бо гузашти вақт фишори қабат ва маҳсулнокии баъзе чоҳҳо коҳиш ёфтааст. Дар чунин ҳолат истифодаи усулҳои иловагии таъсиррасонӣ ба қабат аҳамияти бештар пайдо мекунад. Бо мақсади зиёд намудани воридшавии нафт ва газ ба чоҳ дар корхона усулҳои интенсификатсияи истихроҷ, аз ҷумла коркарди кислотаӣ истифода мешавад. Ҳадафи чунин тадбирҳо беҳтар намудани гузаронандагии минтақаи назди чоҳ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати карбогидридҳо ба сӯйи чоҳ мебошад. Барои конҳое, ки дар марҳилаи коҳиши захираҳо қарор доранд, истифодаи чунин технологияҳо метавонад ба самаранок истифода шудани захираҳои боқимонда мусоидат намояд.

Дар баробари ин, натиҷаи корҳои интенсификатсионӣ ба хусусиятҳои геологии ҳар як кон ва ҳолати техникии чоҳ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, навсозии технологӣ, омӯзиши пайвастаи ҳолати қабатҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири истихроҷ аз омилҳои муҳими нигоҳ доштани сатҳи истеҳсолот ба ҳисоб мераванд.

Фаъолияти ҶДМММ “Петролеум Суғд” танҳо бо истихроҷи ашёи хоми карбогидридӣ маҳдуд набуда, коркард ва фурӯши маҳсулоти карбогидридӣ самти дигари он мебошад. Истеҳсоли гази табиии тозашуда, маҳсулоти коркарди нафт ва таъмини корхонаҳои минтақа бо маводи сӯзишворӣ аз ҷумлаи фаъолияти он ба шумор мераванд.

Ташаккули чунин занҷираи истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки ашёи хоми истихроҷшуда то марҳилаи коркард ва пешниҳоди маҳсулот ба истеъмолкунанда расонида шавад. Барои минтақа ин раванд аз он ҷиҳат аҳамият дорад, ки як қисми корхонаҳо ва бозори маҳаллӣ метавонад тавассути маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин гардад.

Корҳои иктишофӣ ва пармакунӣ дар баробари аҳамияти истеҳсолӣ барои омӯзиши қаъри замин низ муҳим мебошанд. Ҳар як чоҳи нав метавонад барои муайян кардани сохтори геологӣ ва ба даст овардани маълумоти иловагӣ дар бораи захираҳои карбогидридӣ замина фароҳам оварад. Маълумоти бадастомада дар навбати худ барои муайян намудани дурнамои азхудкунии минбаъдаи конҳо ва банақшагирии корҳои истеҳсолӣ истифода мешавад.

Саноати нафту газ дар Тоҷикистон аз рӯи миқёси истеҳсолот бо дигар соҳаҳои гидроэнергетика, аз ҷумла НБО муқоиса карда намешавад. Бо вуҷуди ин, мавҷудияти захираҳо ва имконияти истифодаи онҳо зарурати идомаи корҳои геологӣ, навсозии таҷҳизот ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосирро ба миён мегузорад.

Барои рушди минбаъдаи соҳа ҷалби сармоя, истифодаи техникаи муосири пармакунӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва омӯзиши мунтазами қаъри замин аҳамияти хос дорад. Ҳамзамон, риояи талаботи экологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бояд қисми ҷудонашавандаи татбиқи лоиҳаҳои нави нафту газ бошад.

Фаъолияти ҶДМММ “Петролеум Суғд” як қисми саноати нафту гази минтақа мебошад. Аз ин рӯ, идомаи корҳои иктишофӣ, навсозии иқтидорҳои истеҳсолӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва такмили усулҳои истихроҷ метавонад барои истифодаи самараноки захираҳои нафту газ ва рушди минбаъдаи соҳа заминаи мусоид фароҳам оварад.

Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”