Дар шароити татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар ҳар як корхонаи нави истеҳсолӣ қадами дигаре дар роҳи таҳкими иқтидори иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ маҳсуб меёбад. Дар ин раванд корхонаҳое, ки бо технологияҳои муосир фаъолият намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва содиротӣ рӯ меоранд, аҳамияти хосса доранд.
ҶДММ «Сайр Суғд» аз ҷумлаи чунин корхонаҳост. Ҷамъият бо Қарори Маъмурияти МОИ «Суғд» аз 15 ноябри соли 2023 таҳти №19 ҳамчун субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба қайд гирифта шуда, фаъолияти худро дар самти истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ ба роҳ мондааст.
Имрӯз «Сайри Суғд» танҳо як корхонаи истеҳсолӣ нест. Фаъолияти он бозгӯи он аст, ки бо фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ ва истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавон истеҳсолоти муосирро ба роҳ монда, маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол кард.
Сармоя ба истеҳсол ва технология
Дар доираи татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръати мамлакат ҶДММ «Сайр Суғд» дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин лоиҳаи васеъ намудани иқтидорҳои истеҳсолии корхонаро амалӣ намуд. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ дар доираи лоиҳа 2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Масоҳати умумии корхона 5 гектар буда, пас аз пурра ба истифода дода шудани иқтидорҳои нав зиёда аз 100 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Яъне, дар баробари сармоягузорӣ ба технология ва истеҳсолот, барои сокинони маҳаллӣ низ имкониятҳои нави кору фаъолият фароҳам меоянд.
8-уми июли соли 2026 зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» марҳилаи дуюми фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайри Суғд»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин иқдом дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар самти рушди саноати мошинсозӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ аҳамияти муҳим дорад.
Аз дучарха то воситаи нақлиёти боркаш
Самти фаъолияти корхона гуногун буда, истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқии хурди боркаш, дучарха ва 18 намуди бозичаҳои кӯдаконаро дар бар мегирад.
Дар корхонаи нав бо ҷалби зиёда аз 100 сокини маҳаллӣ ҳар моҳ 35 намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Ҳаҷми истеҳсол низ қобили таваҷҷуҳ аст: ҳар моҳ 250 адад воситаи нақлиёти барқии хурди боркаш, 15 ҳазор дучарха ва 30 ҳазор адад бозичаҳои гуногун истеҳсол мегардад.
Нақшаи содироти 70 фоизи маҳсулоти тайёр низ аз иқтидори баланди истеҳсолии корхона дарак медиҳад. Содироти чунин маҳсулот натанҳо барои ворид шудани маблағ ба иқтисоди миллӣ, балки барои муаррифии маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар бозори хориҷӣ низ муҳим мебошад.
Дар ин ҷо биноҳои асосӣ, сехҳои механикӣ, кафшергарӣ, бастабандӣ ва рангуборкунӣ дар масоҳати 12 ҳазору 500 метри мураббаъ бунёд гардида, ба як занҷири ягонаи истеҳсолӣ муттаҳид шудаанд. Таҷҳизоту технологияҳои насли нав имкон медиҳанд, ки раванди истеҳсол аз оғози кор то омода шудани маҳсулоти ниҳоӣ ба таври автоматикӣ анҷом дода шавад.
Ҷорӣ намудани технологияи нав ҳаҷми меҳнати дастиро то 90 фоиз коҳиш додааст. Ҳангоми мувозинатсозии чархҳо низ ҳаҷми меҳнати дастӣ то 10 маротиба кам гардидааст. Ин пеш аз ҳама нишон медиҳад, ки истеҳсолоти муосир бе истифодаи технологияҳои пешрафта тасаввурнопазир аст.
Тавсияе, ки ба истеҳсол табдил ёфт
Дар фаъолияти «Сайри Суғд» як воқеаи муҳимро махсус бояд ёдовар шуд. 19-уми ноябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи марҳилаи якуми фаъолияти корхонаи «Сайри Суғд» ба муассиси корхона тавсия дода буданд, ки дар ҳамин мавзеъ истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқии хурди боркашро барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба роҳ монад.
Ин тавсия дар амал татбиқ гардид. Соҳибкор Мирзо Умаров аз имконият ва имтиёзҳои андозию гумрукии Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» истифода намуда, аз хориҷи кишвар таҷҳизоти муосир ворид кард ва истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқии хурди боркашро таҳти тамғаи молии «Sair Motors» ба роҳ монд.
Ҳамин тавр, як пешниҳоди созанда ба иқдоми мушаххаси истеҳсолӣ табдил ёфт.
Воситаҳои нақлиёти барқии хурди боркаш, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, пас аз як маротиба пурра пур намудани батарея метавонанд то 100 километр роҳро тай намоянд. Онҳо бо иқтидори борбардории зиёда аз 1 тонна ва ду ҷойи нишаст истеҳсол гардида, вобаста ба хоҳиши харидорон бо сақфи кушода ё пӯшида пешниҳод мешаванд.
Қадами устувор ба сӯи маҳаллисозӣ
Яке аз паҳлуҳои муҳими фаъолияти корхона ба роҳ мондани истеҳсоли қариб ҳамаи ҷузъҳои дучарха дар дохили корхона мебошад. Айни замон танҳо се намуди қисмҳои таркибӣ аз хориҷи кишвар ворид мегарданд.
Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки корхона тадриҷан ба сӯи маҳаллисозии истеҳсолот ҳаракат дорад. Ҳар қадар истеҳсоли ҷузъҳои маҳсулот дар дохили кишвар ба роҳ монда шавад, ҳамон қадар имконияти рушди истеҳсолоти ватанӣ, истифодаи ашёи хоми дохилӣ ва баланд бардоштани арзиши иловашудаи маҳсулот бештар мегардад.
Дар шароити имрӯза чунин раванд барои иқтисоди миллӣ аҳамияти калон дорад. Зеро саноатикунонии босуръат танҳо сохтани корхонаҳои нав нест. Муҳимтар аз ҳама, таъсиси занҷири мукаммали истеҳсолӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳаллисозӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва баровардани маҳсулоти рақобатпазир ба бозори дохиливу хориҷӣ мебошад.
Истеҳсолот-кафили рушди иқтисодӣ
Фаъолияти ҶДММ «Сайр Суғд» намунаи равшани он аст, ки сармоягузорӣ, технологияи муосир ва ташаббуси соҳибкорӣ метавонанд ба рушди истеҳсолоти ватанӣ такони ҷиддӣ бахшанд.
Имрӯз дар кишвар барои рушди соҳибкорӣ ва истеҳсолот заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ низ дар ин самт имкониятҳои хуб доранд. Аз истифодаи дурусти ин имкониятҳо вобаста аст, ки корхонаҳои истеҳсолӣ то чӣ андоза тавонанд маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд ва ба содироти маҳсулот мусоидат кунанд.
«Сайри Суғд» дар ин самт қадами худро гузоштааст. Дар пеш бошад, вазифаи боз ҳам муҳимтар – зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол, васеъ кардани доираи маҳсулот, афзоиши содирот ва такмили технологияҳои истеҳсолӣ меистад.
Роҳбарияти корхона ният дорад, ки минбаъд ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулотро боз ҳам зиёд намуда, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барад.
Вақте маҳсулоти ватанӣ бо тамғаи Тоҷикистон ба бозори хориҷӣ роҳ меёбад, ин танҳо муваффақияти як корхона нест. Ин муаррифии имкониятҳои истеҳсолии кишвар, таҳкими иқтисоди миллӣ ва қадами дигаре дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат мебошад.
Нодир Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»





