-Баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Истиқлол дар шаҳри Душанбе яке аз дастовардҳои ахири мардуми сарбаланди шаҳр дар шаш моҳи соли ҷорӣ мебошад, ки воқеан, шоистаи зикр аст,-гуфт Қаюмҷон Маҳмудзода, раиси шаҳр зимни нишасти хабарӣ, ки бо ширкати намояндагони ВАО баргузор гардид.

Нахуст раиси шаҳр вобаста ба қисми даромади буҷети давлатӣ иттилоъ дод, ки дар ин давра нақшаи андоз (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 100,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 23,2 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид. Қисми даромади буҷети маҳаллӣ низ 101,3  фоиз таъмин гардида, ба буҷети маҳаллӣ 12,7 миллион сомонӣ ворид гашт. Танҳо нақшаи андоз аз арзиши иловашуда иҷро нагардид, ки дар натиҷа ба буҷети маҳаллӣ 586,7 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид. Дар ин самт корбарӣ идома дошта, то охири сол ин намуди андоз низ пурра таъмин карда мешавад.

-Ҳоло дар шаҳр сохтмони 1 коргоҳи металлургӣ ва 2 корхонаи коркарди оҳаксанг идома дошта, дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад. Баъди истифода додани ин корхонаҳо беш аз 400 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин мешавад. Ҳамзамон, дар минтақаи саноатии шаҳр сохтмони 1 корхонаи парандапарварӣ ва 2 корхонаи коркарди гӯшти мурғ дар арафаи анҷомёбист ,-гуфт ӯ.

Ба иттилои раиси шаҳр, айни замон беш аз 60 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин барои омӯзонидани мутахассисони маҳаллӣ дар шаҳр қарор доранд. Пас аз ба анҷом расидани давраи омӯзиш, онҳо ба кишвари худ баргашта, шумораи мутахассисони маҳаллӣ дар корхонаҳои ватанӣ зиёд мешавад.

- Имрӯз норасоии мутахассисон дар ҳамаи самтҳо ба назар мерасад. Имсол хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти муёнаи умумии шаҳр 100 фоиз ба ММТ ҳуҷҷат супориданд. Ҳамзамон, 11 нафар тариқи Квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва 8 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии хориҷи кишвар дохил шуданд. Боварӣ дорем, ки пас аз хатм кардан ва ба шаҳр баргаштани онҳо, масъалаи норасоии кадрҳо пурра ҳалли худро меёбад ва кор дар ҳама самтҳо бомаром пеш меравад,-илова кард раиси шаҳр.

Ба суоли хабарнигори рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” дар мавриди вазъи китобхонаҳо иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар шаҳри Истиқлол 1 китобхонаи марказӣ мавҷуд буда, ба беш аз 19,5 ҳазор сокини шаҳр хизмат мерасонад. Ҳамзамон, осорхона, мактаби санъат ва дастаи ҳунарии “Садбарг” барои баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва амалигардонии сиёсати фарҳангӣ фаъолият мекунанд.

-Ҳоло мо кӯшиш карда истодаем, ки соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ рушд ёбад. Зеро соҳаи сайёҳӣ манбаи даромад бошад, ҳунарҳои мардумӣ василаи муаррифии фарҳанги миллӣ аст. Таъмир ва мумфаршкунии роҳи мошингарди Хуҷанд-Истиқлол ба масофаи 17 километр яке аз иқдомҳои мо дар ин самт мебошад, то омаду рафти сайёҳон ба шаҳр беҳтар ва бехатар гардад,-таъкид кард раиси шаҳр.

Ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ, радиатсия ва безараргардонии он, кашидани хати обу ташноб, сатҳи ҷинояткорӣ, бекоршавии ақди никоҳ, бо ҷойи кор таъмин намудани бекорон, таҷдиди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, азнавсозии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соли нави таҳсил аз ҷониби раис ва масъулони сохторҳои марбута посухҳои мушаххас дода шуд.

 Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”