Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар гӯшаи Ватан бо дастовардҳои арзанда ба истиқболи ин санаи таърихӣ қадам мениҳад. Дар ин радифи комёбиҳо шаҳри Гулистон низ бо пешрафти саноат, рушди сайёҳӣ ва ободкориҳои пайваста симои нав касб карда, ба яке аз шаҳрҳои пешсафи вилояти Суғд шӯҳрат касб кардааст.
Вақте аз шаҳри Гулистон ёд мекунем, пеши назар на танҳо соҳилҳои дилфиреби «Баҳри Тоҷик», балки шаҳри муосире ҷилвагар мешавад, ки дар он саноати пуриқтидор ва сайёҳии рушдёбанда паҳлуи ҳам барои пешрафти иқтисод ва беҳтар шудани зиндагии мардум хизмат мекунанд. Гулистон бештар ҳамчун шаҳри муҳими саноатӣ ва сайёҳии вилояти Суғд табдил ёфтааст.
Саноат имрӯз самти калидии рушди шаҳри Гулистон мебошад. Татбиқи ҳадафи чоруми миллии саноатикунонии босуръати мамлакат, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои нав имкон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсолот сол аз сол афзоиш ёбад.
Дар шаш моҳи аввали соли 2026-ум корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 3 миллиарду 403 миллиону 724,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,1 фоиз зиёд буда, аз рушди босуръати истеҳсолот дарак медиҳад.
Аз 49 корхонаи саноатии шаҳр 34-тои онҳо ҳаҷми истеҳсолотро аз 100 то 240 фоиз зиёд намудаанд. Ба таъкиди мудири бахши энергетика ва саноати МИҲД-и шаҳри Гулистон Фазлиддин Орифзода натиҷаҳои бадастомада самараи татбиқи сиёсати давлатии саноатикунонии босуръат, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, дар баробари афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир низ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад. Имрӯз дар Гулистон зиёда аз 93 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад. Аз ҷумла, консентрати сурб ва руҳ, маҳсулоти доруворӣ, қолину маснуоти қолинӣ, қоғаз ва маҳсулоти картонӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, рангҳои сохтмонӣ, арматура ва қубурҳои пластикӣ, симҳои барқӣ, мебел, маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ.
Ин гуногунрангии истеҳсолот нишон медиҳад, ки иқтисодиёти шаҳр тадриҷан аз содироти ашёи хом ба истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ мегузарад.
Рушди саноат пеш аз ҳама ба мардум манфиат меорад. Имрӯз дар корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон 5 ҳазору 313 нафар фаъолият доранд, ки нисбат ба соли гузашта 503 нафар зиёд мебошад.
Музди миёнаи меҳнат дар соҳа ба 4 ҳазору 470 сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 462 сомонӣ афзудааст. Ин нишон медиҳад, ки рушди истеҳсолот ҳамзамон ба болоравии сатҳи зиндагии сокинон низ мусоидат мекунад.
Бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар – соли 2026 дар шаҳр бунёди шаш корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, мурғпарварӣ, истеҳсоли ватаи минералӣ ва азнавсозии Комбинати маъдантозакунии Адрасмон, ки танҳо он беш аз 500 ҷойи нави корӣ фароҳам хоҳад овард.
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди иқтисодӣ афзоиши содироти маҳсулот мебошад. Дар нимсолаи аввали соли 2026-ум корхонаҳои шаҳри Гулистон бо 18 кишвари ҷаҳон ҳамкории тиҷоратӣ дошта, ба маблағи 1 миллиарду 174 миллион сомонӣ маҳсулот содир намуданд.
Ҳаҷми воридот бошад, ҳамагӣ 274 миллион сомониро ташкил додааст.
Ин маънои онро дорад, ки содирот аз воридот 4,7 маротиба зиёд мебошад.
Умедҷон Иброҳимов, мудири шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинги МИҲД-и шаҳри Гулистон, зикр менамояд, ки афзоиши ҳаҷми содирот ва рушди истеҳсолоти ватанӣ нишондиҳандаи устувории иқтисодиёти шаҳр буда, барои ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар баробари саноат сайёҳӣ ба яке аз самтҳои муҳими рушди шаҳр табдил ёфтааст. «Баҳри Тоҷик» имрӯз натанҳо макони истироҳати сокинони кишвар, балки яке аз брендҳои муҳими сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Соҳилҳои зебо, иқлими мусоид, ҳавои тоза ва манзараҳои дилфиреб ҳар сол ҳазорҳо нафарро ба ин минтақа ҷалб мекунанд.
Дар шаҳри Гулистон имрӯз панҷ осоишгоҳу маркази солимгардонӣ фаъолият доранд, ки инҳо “Баҳористон”, «Шифо», «Соҳил», «Абдуқодир Ҷабборзода» ва «Усмонҷон» мебошад.
Имрӯз дар шаҳри Гулистон 6 меҳмонхона, 5 осоишгоҳ ва маркази солимгардонӣ, 1 урдугоҳ, 15 ёдгории таърихию фарҳангӣ фаъолият доранд. Бо ҷалби бахши хусусӣ имконияти қабули меҳмонон то 2214 ҷойи хоб расонида шудааст.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба шаҳр 820 нафар сайёҳи хориҷӣ ва 11 286 нафар истироҳаткунандаи дохилӣ ташриф овардаанд. Дар маҷмуъ 12 106 нафар аз хизматрасониҳои сайёҳии шаҳр истифода бурдаанд.
Ҳаҷми даромад аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо дар ин давра ба 15,6 миллион сомонӣ баробар гардидааст.
Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки рушди устувор танҳо бо такя ба як соҳа имконнопазир аст. Аз як тараф рушди саноат ҷойҳои нави корӣ, содироти бештар ва даромади устуворро таъмин кунад, аз ҷониби дигар, соҳаи сайёҳӣ хизматрасонӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро фаъол мегардонад.
Манзура БАХТИЁРЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”





