Инсон бидуни хариду фурӯши молу маҳсулот ҳаёти худро тасаввур карда наметавонад. Бинобар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам барои ба тартиб даровардани муносибати харидору фурӯшанда ва шахсони хизматрасонанда қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба тасвиб расидааст.

Барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар вилоят Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад.

Инак, аз он рӯзе, ки ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ҷумҳурӣ иҷозат дода шуд, понздаҳ сол сипарӣ гардид ва суоле ба миён меояд, ки худи истеъмолгар кист ва ҳуқуқи онҳо аз чӣ иборат аст?

–Ҳар нафаре, ки маблағи зарурӣ дораду нияти чизе харидан ё фармоиш додан дорад, ӯ истеъмолкунанда маҳсуб меёбад. Шахсе, ки ба ягон маркази савдо, бозору дигар нуқтаҳои мол ба фурӯшанда ҳамчун харидор муроҷиат мекунад, соҳиби чандин ҳуқуқ аст. Аз қабили ҳуқуқ ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи худ, ҳуқуқ ба маълумот дар бораи мол (кору хизматрасонӣ) ва ҳамчунин, доир ба истеҳсолкунандаи он. Ҳар соҳиби мол, ки фурӯшанда ва ё истеҳсолкунанда мебошад, вазифадор аст дар бораи маҳсулот маълумоти пурра пешниҳод намояд. Ҳуқуқ ба бехатарӣ ва интихоби озоди мол, ба сифати муносиби мол, ба ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол расидааст, ҳуқуқ ба ҳимояи худ, ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол–ин ҳама ҳуқуқҳоеанд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеъмолкунанда дода шудааст,–иброз дошт дар суҳбат сардори Раёсати мазкур Азамат Азимӣ.

Аммо баъзан аз шитобкорӣ бошад, ҳангоми хариди маводи озуқа, асбоби рӯзгор, сарулибос ва ё масолеҳи сохтмонӣ ба санаи истеҳсол ва мӯҳлати истеъмоли озуқа, коршоямии асбобҳо, шинам будани либос ба андом ва сифатнокии масолеҳ аҳамият намедиҳанд ва аз хариди худ пушаймон мешаванд. Вале бо истиҳолаи он, ки оё ӯ молашро бозпас мегирифта бошад ё не, баъзан ба нуқсони мол чашм мепӯшанд. Аммо агар мол арзиши қиматтаре дошта бошад, маҷбур мешаванд, ки ба мағоза рафта, молашро бозпас гардонанд. Ин ҷо масъалаи баҳсталабе ба миён меояд, ки оё фурӯшанда ҳуқуқ дорад, ки моли фурӯхтаашро бозпас қабул накунад? Зеро дар баъзе нуқтаҳои савдо навиштаҷотеро бо хати хоно «Молҳои фурӯхташуда бозпас қабул ва ё иваз карда намешаванд» дидан мумкин аст.

Чӣ хеле зикр кардем, фурӯшанда натанҳо ҳуқуқ надорад, балки ӯҳдадор аст, ки моли фурӯхтаашро иваз намояд ва ё бозпас гирад. Ҳастанд ҳолатҳое, ки ба таври истисно қабул шудаанд, вале он ба қисмати зиёди молҳо тааллуқ надоранд. Аммо мутаассифона, дар баъзан мағозаҳо навиштаи «Моли харида бозпас гирифта намешавад»-ро мехонем, ки он тамоман ғайриқонунӣ аст. Мо метавонем ба соҳибони ин нуқтаҳои савдо моҳияти қонунро фаҳмонида, навиштаҷоти мазкурро барканор созем. Ҳар фурӯшанда бояд донад, ки ҳамаи молҳо бозпас қабул карда мешаванд.

Вақти бозпас гардонидани моли харидашуда харидор бояд ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда бо худ дошта бошад. Ҳам фурӯшанда ва ҳам харидорро лозим аст, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ва сарфаи маблағҳояшон як қатор корҳоро ба анҷом расонанд. Харидор бояд чеки маводи дастраскардаашро талаб намояд, зеро фурӯшанда танҳо дар он сурат талаботи харидорро қонеъ месозад, ки агар истеъмолкунанда молро истифода набурда, борпеч ва тамғаи (этикетка) молро нигоҳ дошта бошад ва аз ҳама муҳимаш чеки назоратиашро ҳам бо худ гирад. Вагарна ба харидор исбот кардани харидорӣ шудани мол аз ҳамин мағоза мушкил мешавад.

Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳоро ба анҷом мерасонад.

Ҳанӯз аз нимаи моҳи январ ҳамроҳ бо Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии истеъмолкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят байни хонандагону донишҷӯён, муаллимону устодон вохӯриҳои судманд анҷом дода шуда, аз маслиҳату дастури ин Хадамоти ваколатдор бархурдор гаштанд. Иштирокдорон оид ба муаммоҳои ҷойдошта дар хариди молу маҳсулот дар бозору марказ ва нуқтаҳои фурӯш, чеки назоратӣ, хизматрасониҳои идора суол дода, посухҳои саҳеҳ гирифтанд.

Зарур аст қайд кунем, ки баҳри бархурдор кардани аҳолӣ аз санаи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар мавзеъҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба қадри имкон лавҳаю овеза паҳн гаштанд, буклетҳои омӯзишӣ оид ба мавзӯи мазкур таҳия ва нашр гашта, дастраси аҳолӣ шуданд. Мақсади асосӣ он, ки ҳар сокин, ҳар харидор ҳуқуқи худро донад, аз он истифода барад.

Дар ҳолати риоя нагаштани ҳуқуқҳои истеъмолкунанда аз тарафи фурӯшанда шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки бевосита ба Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят муроҷиат карда, ба суолу муаммоҳои пешомадаи худ ҷавоб бигиранд.

Барои боз ҳам дар сатҳи зарурӣ риоя гаштани қонун ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо дар биноҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят марказҳои машваратӣ, қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд, ки онҳо ҳамарӯза фаъолият бурда, қонуншиканиҳоро рафъ месозанд.

 

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»