Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи кишоварзӣ ба яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, дар ин замина вилояти Суғд ҳамчун минтақаи аграрии мамлакат мавқеи хоса касб намудааст. Имрӯзҳо кишоварзони вилоят бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида, меҳнати софдилона ва татбиқи усулҳои муосири парвариши зироат на танҳо бозори дохилиро бо маҳсулоти тару тоза таъмин мекунанд, балки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзиро низ сол ба сол афзоиш медиҳанд. Махсусан, дар мавсими имсола содироти меваю сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла пиёз, гелос ва дигар навъҳои маҳсулоти полезӣ вусъати тоза гирифтааст.

Айни замон дар вилояти Суғд марҳилаи нави содироти маҳсулоти кишоварзӣ оғоз гардида, ин раванд ҳамчун омили муҳими рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар арзёбӣ мегардад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳандозии тадбирҳои судманд дар самти рушди содирот, барои соҳибкорону кишоварзон ва содиркунандагон шароити мусоид муҳайё гардидааст.

Натиҷаи чунин иқдомҳо имрӯз дар фаъолияти босамари марказҳои содиротӣ ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ба хориҷи кишвар интиқолшаванда баръало эҳсос мешавад.

Яке аз иқдомҳои муҳим дар ин самт таъсиси марказҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад. Дар минтақаи шафати роҳи оҳани ноҳия 9 маркази махсуси содиротӣ ташкил гардидааст, ки имрӯзҳо фаъолияти онҳо ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Содироти пиёзи барвақтӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов асосан аз 20-уми апрел оғоз гардида, рӯз аз рӯз ҳаҷми он бештар мешавад. Кишоварзон мегӯянд, ки имсол ҳосили пиёз фаровон буда, шароити мусоиди обу ҳаво барои гирифтани ҳосили баланд мусоидат намудааст. Дар баробари ин, талабот ба пиёзи барвақтии Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷӣ афзоиш ёфтааст. Харидорони хориҷӣ, махсусан аз кишварҳои ҳамсоя ва минтақаҳои дигари хориҷӣ, ба сифати маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.

Тибқи маълумоти дастрас, танҳо дар давоми 15 рӯзи охир аз минтақаи гумруки ноҳияи Ҷаббор Расулов зиёда аз 1500 тонна пиёзи барвақтӣ ба хориҷи мамлакат содирот шудааст. Ин нишондиҳанда аз афзоиши иқтидори содиротии кишвар ва рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ дарак медиҳад. Ҳамчунин, барои қонеъ намудани талаботи бозорҳои хориҷӣ пиёзи барвақтӣ аз вилояти Хатлон низ ба ин минтақа интиқол дода шуда, аз ҳамин ҷо ба кишварҳои дигар содирот мегардад.

Дар таъмини содироти босифат ва бемонеаи маҳсулот фаъолияти ситоди махсус низ назаррас мебошад. Намояндагони Агентии содирот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дигар сохторҳои марбута пайваста ба соҳибкорон ва содиркунандагон маслиҳату тавсияҳои муфид медиҳанд. Ин тадбирҳо барои танзими раванди содирот, ҳалли саривақтии мушкилот ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият мусоидат мекунанд.

Нақши кормандони мақомоти гумрук дар ин раванд басо муҳим аст. Онҳо барои барасмиятдарории фаврӣ ва шаффофи маҳсулоти содиротшаванда тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Маҳз хизматрасонии босифат ва муносибати масъулонаи кормандони гумрук имконият медиҳад, ки маҳсулот сари вақт ба кишварҳои таъинотӣ интиқол дода шавад. Ин омил махсусан барои маҳсулоти зудвайроншаванда аҳамияти калон дорад.

Имрӯзҳо аз вилояти Суғд натанҳо пиёз, балки гелос, зардолу, сабзавоти гуногун, меваи хушк, афшураҳо, обҳои ташнашикан, мураббо ва дигар навъҳои маҳсулоти консервашуда низ ба хориҷи кишвар содирот мегарданд. Маҳсулоти истеҳсолшудаи вилоят бо сифати баланд ва таъми табиии худ дар бозорҳои байналмилалӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст. Айни замон аз вилояти Суғд ба зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон молу маҳсулот содирот мешавад, ки ин нишондиҳандаи муҳим аз рушди босуботи иқтисодиёт ва имкониятҳои васеи содиротии минтақа шаҳодат медиҳад.

Бояд гуфт, ки рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ танҳо ба манфиати иқтисодӣ маҳдуд намешавад. Ин раванд ба рушди инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат низ мусоидат мекунад. Дар баробари ин, афзоиши содирот обрӯи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари истеҳсолкунандаи маҳсулоти босифат дар арсаи байналмилалӣ боло мебардорад.

Имрӯз кишоварзони вилояти Суғд бо рӯҳияи баланд ва меҳнати софдилона талош доранд, ки саҳми худро дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисоди миллӣ бештар гардонанд. Дастгирии пайвастаи давлат, фароҳам гардидани имкониятҳои нав ва заҳмати аҳлонаи деҳқонон боис гардидааст, ки маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон сол ба сол дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи устувортар пайдо намояд.

Бешубҳа, идомаи чунин тадбирҳо дар оянда низ ба афзоиши ҳаҷми содирот, таҳкими иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи устувор фароҳам хоҳад овард.

Нодир Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»