Дар соли 2025 ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба 4 миллиарду 544 миллион доллар расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 239 миллион доллар зиёд мебошад.

Дар ин давра ҳаҷми воридот ба 2 миллиарду 839 миллион доллар ва содирот ба 1 миллиарду 705 миллион доллар баробар шуд. Ин маълумотро сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, генерал-майори хадамоти гумрук Зафар Маҳмадиев зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон пешниҳод кард.

- Дар давраи ҳисоботӣ афзоиши содироти як қатор молҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, содироти маъдан ва консентрат ба маблағи 146 миллион доллар, сурма 239 миллион доллар, ангишт 15,6 миллион доллар, маҳсулоти хушкмева 16,3 миллион доллар, либосворӣ 12 миллион доллар, мис 6,8 миллион доллар ва пиёз 2,7 миллион доллар зиёд гардид. Дар маҷмӯъ, дар ин давра интиқоли мол бо 62 давлати хориҷӣ анҷом дода шуд, - гуфт номбурда.

Муовини якуми сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд Анвар Оқилов оид ба ҳамкории тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя гуфт:

- Аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба маблағи 240 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст. Ҳамзамон, аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба маблағи 183 миллион доллар маҳсулот содир гардида, нисбат ба соли 2024 ҳаҷми содирот ба ин кишвар 57 миллион доллар зиёд шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 159 ҳолати воридоти ғайриқонунии молҳои зераксизӣ ошкор гардид, аз ҷумла 62 ҳолат маҳсулоти спиртӣ, 10 ҳолат воситаҳои нақлиёт, 1 ҳолат маснуоти заргарӣ, 14 ҳолат маҳсулоти тамоку ва 72 ҳолати дигар намуди молҳои зераксизӣ.

Дар соли 2025 маблағи умумии ҷаримаҳои рӯёнидашуда 4,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 870 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, маблағи умумии молҳои мусодирашуда 2,3 миллион сомонӣ ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 720 ҳазор сомонӣ бештар аст.

 

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”