Дар ҷаҳони муосир нафт ва маҳсулоти аз он ҳосилшаванда нақши калидиро дар таъмини фаъолияти муътадили иқтисодиёт ва соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мебозанд.
Рушди босуръати саноат, афзоиши шумораи воситаҳои нақлиёт ва ниёзҳои рӯзмарраи аҳолӣ талаботро ба сӯзишворӣ ба таври бесобиқа зиёд кардааст. Имрӯзҳо таъминоти устувор бо захираҳои энергетикӣ яке аз омилҳои асосии амнияти иқтисодии ҳар як кишвар маҳсуб меёбад ва вобастагии зиёд аз воридоти маҳсулоти нафтӣ метавонад ба бозори дохилӣ таъсири ҷиддӣ расонад. Бо назардошти ин вазъ, омӯзиши захираҳои дохилӣ ва ба роҳ мондани истихроҷу коркарди самарабахши нафт аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад.
Дар вилояти Суғд тибқи маълумоти охир 510 нуқтаи сӯзишворӣ мавҷуд аст, ки ин нишондиҳанда аз ҳаҷми бузурги талабот ба маҳсулоти нафтӣ шаҳодат медиҳад. Ин миқдор нуқтаҳои сӯзишворӣ ҳамарӯза ҳаҷми зиёди бензин ва сӯзишвории дизелиро ба истеъмолкунандагон пешниҳод менамоянд, ки қисме он аз ҳисоби маҳсулоти воридотӣ таъмин карда мешавад.
Мутобиқи таҳлилҳои заминшиносӣ ва маълумоти расмии мавҷуда масоҳати умумии майдонҳои ояндадори Ҷумҳурии Тоҷикистон 34,6 ҳазор метри квадратӣ арзёбӣ мегардад. Аз ин масоҳати умумӣ, 5,2 ҳазор метри квадратӣ дар ҳавзаи нафту газдори водии Фарғона ҷойгир шудааст. Қисми боқимонда, яъне 29,4 ҳазор метри квадратӣ дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон воқеъ мебошад.
Захираи умумии ибтидоии истихроҷшавандаи нафту гази ҷумҳурӣ тақрибан аз 650 миллион то 1 миллиард тонна сӯзишвории шартиро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳандаи хеле бузург аст. Аз ин ҳаҷми умумии ҷумҳуриявӣ 125,8 миллион тонна сӯзишвории шартӣ маҳз ба вилояти Суғд рост меояд. Ин захираҳои вилоят аз қисматҳои мушаххас иборат мебошанд, ки ба онҳо 46,6 миллион тонна нафт, 52,9 миллиард метри мураббаъ газ ва 26,9 миллион тонна конденсат дохил мешаванд.
Агар вазъи коркарди захираҳои ибтидоии нафти вилояти Суғдро таҳлил кунем, маълум мешавад, ки аз 46,6 миллион тонна захираи мавҷуда то имрӯз ҳамагӣ 2,8 миллион тоннааш истихроҷ шудаасту халос. Ҳамзамон, дар ин самт 3,8 миллион тонна захираҳо кашф шудаанд ва 40 миллион тонна захираи нафт то ҳол ба таври муфассал кашф нашуда, зери замин боқӣ мондаанд. Дар мавриди захираҳои гази вилоят бошад, аз 52,9 миллиард метри мукааб захираи ибтидоӣ то имрӯз танҳо 3,9 миллиард метри мукааб истихроҷ гардидааст.
Вазъи кунунии истихроҷи захираҳои энергетикӣ нисбат ба давраҳои таърихӣ тафовути хеле калон дорад. Дар солҳои 80-уми асри гузашта дар ҳудуди вилоят ҳамасола 250 ҳазор тонна нафт ва 260 миллион метри мукааб газ истихроҷ мешуд. Аммо дар соли 2025 ҳаҷми истихроҷ ба таври ниҳоят заиф коҳиш ёфта, ҳамагӣ 8,5 ҳазор тонна нафт ва 125 ҳазор метри мукааб газро ташкил додааст. Ин нишондиҳандаҳо нишон медиҳанд, ки истихроҷи нафт 29 маротиба ва истихроҷи газ 2080 маротиба кам шудааст.
Барои беҳтар кардани вазъ ва дарёфти конҳои нав майдонҳои Деҳмойи ғарбӣ, Деҳмой, Сафотоғи ғарбӣ, Сафотоғи шарқӣ, Рухак, Оқбел, Қизилҷар, Оқчоп, Бенамоз, Қаромазор ва Ҷаркамар ҳамчун майдонҳои ояндадори дорои захираҳо муайян шудаанд. Давоми солҳои охир дар ҳудуди вилоят ба корҳои иктишофию омӯзишӣ асосан корхонаи фаръии Суғднафтугаз машғул мебошад. Аммо бинобар маҳдуд будани маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур вазъи корҳои омӯзишию иктишофӣ дар ҳоли ногувор қарор дорад ва суръати корҳо хеле суст мебошад.
Ба истихроҷи бевоситаи нафт бошад, дар айни замон танҳо корхонаи муштараки “Петролиум Суғд” машғул мебошад. Ҳарчанд дар соли 2025 афзоиши истихроҷи нафт нисбат ба соли 2024 ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, вале бо ҳаҷми 8,5 ҳазор тонна нафт дар як сол рушди назарраси соҳаро таъмин кардан имконнопазир аст.
Дар соли 2025 дар корхонаи “Нафтрасон” 783 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 670 тонна мазут истеҳсол шуд. Дар заминаи шартномаи иҷораи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаи “Шоҳон” Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шукуфон” таъсис дода шудааст. Ин ҷамъият дар соли 2025 - ум 423 тонна сӯзишвории дизелӣ, 701 тонна мазут ва 24,8 тонна бензин истеҳсол намудааст. Дар ҳамин давра, дар коргоҳи “Хуҷанд нафт” - и шаҳри Гулистон 34 тонна сӯзишвории дизелӣ ва дар коргоҳи “Сорбон ойл”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 69 тонна сӯзишвории дизелӣ истеҳсол шудааст.
Тибқи хулосаҳои мутахассисони соҳа технологияи коркарди нафт дар корхонаҳои болозикр нисбатан сода буда, коркарди чуқури нафт дар онҳо таъмин намешавад. Аз ин сабаб, сӯзишвории дизелии дар ин корхонаҳо истеҳсолшаванда сифати баланд надорад ва ба талаботи нақлиёти муосир мувофиқат мекунад.
Аз сабаби кам будани истеҳсоли дохилӣ, воридоти маҳсулоти тайёр нақши калидӣ дорад. Тибқи маълумоти мақомоти гумрук давоми нимсолаи якуми соли 2026 ба вилоят наздик ба 166 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст. Ин ҳаҷм аз ҷумла 93,6 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ва 52,5 ҳазор тонна бензинро ташкил медиҳад.
Мутахассисон қайд мекунанд, ки аз Федератсияи Россия ворид кардани нафти хом барои коркарди дохилӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ зараровар мебошад. Зеро ҳангоми харидани 1 тонна нафт аз шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия бо нархи 40 ҳазор рубли русӣ, танҳо хароҷоти роҳкиро тақрибан 20 ҳазор рублро барои 1 тонна ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, то 15-17 фоиз андози арзиши изофа ва хароҷоти гумрукӣ пардохт карда мешавад.
Дар ҳудуди вилоят айни замон ду корхонаи калон ва ду коргоҳи хурд ба коркарди нафт машғул мебошанд. Корхонаи аввал бо номи “Нафтрасон” дорои иқтидори коркарди 70 ҳазор тонна нафт дар як сол мебошад. Корхонаи дуюми калон бошад, “Шоҳон” ном дошта, иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна нафтро дар як сол дорад ва ҳардуи ин корхона дар шаҳри Конибодом ҷойгир шудаанд. Инчунин, дар шаҳри Гулистон коргоҳи “Хуҷанд нафт” бо иқтидори 5 тонна дар як шабонарӯз ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи “Сорбон ойл” бо иқтидори 10 тонна дар як шабонарӯз фаъолият мебаранд.
Аз санаи якуми апрели соли 2026 пардохтҳои экологӣ ба маблағи 30 евро барои 1 тонна нафт ҷорӣ гардидааст. Бо назардошти аксиз ва дигар андозҳо арзиши аслии 1 литр сӯзишвории дизелии истеҳсолшуда тақрибан ба 18 сомонӣ баробар мешавад, ки ин нарх бе назардошти пардохти музди меҳнат ва хароҷоти нерӯи барқ ҳисоб карда шудааст.
Бояд гуфт, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Қирғизистон содироти нафти хом умуман манъ шудааст ва корхонаҳои маҳаллӣ асосан мазутро ворид карда, аз он сӯзишвории дизелӣ истеҳсол менамоянд. Алҳол дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи як литр сӯзишвории дизелӣ аз 15,5 то 16 сомонӣ баробар гардидааст.
Шаҳбону Олимова,
“Ҳақиқати Суғд”





